Тонированное стекло у машины, архивное фото

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошин ва андози роҳ дар Тоҷикистон боло рафт

6386
(Таҷдидшуда 15:04 05.01.2021)
Арзиши иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон баланд шудааст. Бар асоси нархномаи нав соҳибони воситаи нақлиёт муваззафанд, ки барои сиёҳ намудани шишаи мошинҳо аз 3930 то 5160 сомонӣ пардохт намоянд

ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Арзиши иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ва андози роҳ, ки яке аз муқарраротҳои асосӣ, барои гузаронидани муоинаи техникӣ (техосмотр) маҳсуб мешавад, ба андозаи 3,5 то 4,4 % баланд шудааст.

Дар ин бора чанде аз роҳбарони ширкатҳои хизматрасони ҳуҷҷатгузории воситаҳои нақлиёт (мағозаи комиссиёни) - и назди идораҳои БДА ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ронандаҳо нигаронанд: иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо гарон шуд

Ба иттилои манобеъ, тибқи нархномаи нав арзиши иҷозатномаи сиёҳ намудани оинаи мошинҳо кам ё беш аз 160 сомонӣ гарон шудааст. Тибқи нархномаи нав соҳибони воситаи нақлиёт вазифадоранд, барои сиёҳ намудани шишаи мошинҳои соли бароришашон то 2005, 3930 сомонӣ ва барои мошинҳои аз соли 2005 боло ҳудуди 5160 сомонӣ пардохт намоянд.

Дар сурати пардохт накардани ин миқдор маблағ, ронандагонро зарур меояд, ки шишаҳои сиёҳи мошинашро пок кунанд. Соли гузашта қимати чунин иҷозатнома аз 3770 то 4988 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Шурӯъ аз аввали соли 2021 арзиши андози роҳ аз воситаи нақлиёт низ то 3,5 % баланд шуд. Андози роҳ аз восиати нақлиёт аз рӯи иқтидори муҳаррик (мотор) ситонида мешавад. Иқтидори муҳаррикро аз рӯи "қувваи асп" - и он ҳисоб мекунанд.

Қарори Ҳукумат барои афзоиши нархи сиёҳкунии шишаи мошин ва ироаи роҳҳои арзонтар

Тибқи нархномаи нав арзиши андози роҳ барои ҳар як "қувваи асп" - и нақлиёт ба 4,5 сомонӣ муқаррар шудааст. Соли гузашта он 4,35 сомонӣ буд ва аз ҳадди миёни воситаи нақлиёт, ки аз 75 "қувваи асп" иборат аст, 326 сомонӣ андози роҳ ситонида мешуд.

Бар тибқи нархномаи нав, қимати муоинаи техникии воситаи нақлиёти сабукрав то ба 1080 сомонӣ дакка мезанад ва аксар ронандагони тоҷик пардохти онро гарон арзёбӣ мекунанд.

6386
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, мошин, иҷозатнома
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд: буд ё набуд? вокуниши вазорати корҳои дохилӣ

183
(Таҷдидшуда 18:05 22.01.2021)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Хуҷандро рад кард

ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин як машқҳои таълимӣ-дастурӣ буданд, ки ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо баргузор мешаванд, аммо “афроди фурсатталаб” онро ба аҳдофи “муғризона” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб додаанд.

“Ин машқҳои таълимӣ 21-уми январ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, қисми ҳарбии 3501 Раёсати корҳои дохилии ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, масъулини шӯъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо муваффақият баргузор шуданд", - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Новобаста аз бозтоби муғризонаи онҳо аз сӯи душманони амнияту субот дар Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд, чун онҳо дар нақшаи кории вазорат ҳастанд, афзуд вай.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯянд, дирӯз 21 январ дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд шоҳиди чунин амалиёт буданд. Яке аз онҳо гуфт, дар майдон воқеан як гурӯҳи муътариз дида мешуд ва кормандони милиса, ки либосҳои мухталифи низомӣ ба бар доштанд, барои маҳор кардани эътироз сафарбар шуда буданд.

“Аксари мардум ин манзараро дида, дарк карданд, ки воқеан, машқи тактикӣ аст ва вокуниши хосе ба он надоштанд. Тамошо мекарданду пайи кори худ мешуданд”, - гуфт ӯ.

Аммо ба тахмини ҳамсӯҳбатони мо, воҳимаи ин машқҳо пас аз он ба вуҷуд омадааст, ки дар телевизиони вилоятӣ ин машқҳои тактикии ҷилавгирӣ аз бетартибиҳои оммавиро гузориш шуданд. Сухангӯи ВКД – и Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бозтоби муғризонаи машқҳои таълими дастурӣ аз сӯи “душманони амнияту субот дар Тоҷикистон” ин машқҳо баргузор хоҳанд шуд, чун онҳо дар нақшаи кории вазорат ҳастанд.

183
Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото

Маҳдудияти ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ: шарҳи IRS

20
Вобаста ба шароити ҳаво зарурат пеш омад, ки ҳаракат дар яке аз роҳҳои мушкилгузар дар Тоҷикистон - шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ маҳдуд карда шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ширкати IRS, ки ба нигаҳобин ва танзими ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мутасаддӣ аст, эълон кард, ки дар пайи бад шудани шароити ҳаво дар кишвар дар ин роҳ бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла ҳаракат барои мошинҳои боркашон маҳдуд карда шуд.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, шурӯъ аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ бориши барф беист ва пуршиддат буда, баландии барф дар баъзе минтақаҳо ба 50 сантиметр расид.

"Дар робита ба ҳолати баамаломада техникаву механизмҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ сафарбар шуда, фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад", - таъкид мекунад манбаъ.

Ин кор барои эҷод нашудани монеа зимни ҳаракати дигар нақлиёт амалӣ мегардад, меафзояд дафтари матбуотии ширкат.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки бидуни омодагие, ки ба мавсими сармо хос аст, ба роҳ набароянд. 

20
Швейцарский флаг на горе Саентис в Шваегалпе, Швейцария, архивное фото

Тоҷикистон аз ҳама зиёд ба Швейтсария мол содир кардааст

0
(Таҷдидшуда 17:43 22.01.2021)
Шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши содирот дар соли 2020 Швейтсария, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон будаанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз кишварҳое, ки ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд ба онҳо мол содир кардааст, ном бурд.

Тибқи иттилои хабаргузории “Авесто”, шарикони асосии содиротии Тоҷикистон давлатҳои Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон шудаанд.

Дар маҷмӯъ тайи соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми содирот 1 миллиарду 406 миллион доллар ва воридот 3 миллиарду 150,9 миллион долларро ташкил додааст.

Дар зимн қариб ними содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария рост меояд, ки ҳудуди 49 дарсад аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил додааст.

Таъкид шудааст, ки аз январ то декабри соли 2020 маблағи содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария 688,7 миллион долларро ташкил додааст. Воридот аз ин кишвар муодили 6,7 миллион долллар будааст.

Содирот ба Туркия ҳудуди 14,4 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил дода, ҳаҷми умумии гардиши савдо 322,6 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин ба содирот 203 миллион доллар ва ба воридот 119,6 миллион доллар рост меояд.

Истеҳсоли пиёз дар Тоҷикистон якчанд маротиба зиёд шуду картошка бетағйир

Ба феҳрасти молҳои асосии содиротии Тоҷикистон, алюминийи аввалия, пахта, меваҳои хушк ва металҳои қиматбаҳо шомил шудаанд.

Дар бахши воридот Тоҷикистон моли бештарро аз Русия гирифтааст, ки 29,6 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз Қазоқистон – 24 фоиз, аз Чин – 13,9 фоизи молҳо ворид шудаанд.

0
Барчаспҳо:
ҳаҷми содирот, Швейтсария, молӣ, Тоҷикистон