Открытие завода Гидромехсаноат ОАО Таджикгидромонтаж

Чанд корхонаи саноатӣ ва чӣ қадар маҳсулот? охирин додаҳои Агентии омори Тоҷикистон

122
Тайи 11 моҳи соли 2020 дар Тоҷикистон 2260 корхонаи саноатӣ фаъолият доштанд, ки дар қиёс бо соли 2019 96 корхона зиёд аст

ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Бино ба иттилое, ки Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон ироа кард, аз ин теъдод дар соҳаҳои истихроҷ 266 (соли 2019 – 252), коркард – 1837 (1744), таъмини барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 76 (76) ва таъмини обу коркарди партовҳо - 81 корхона фаъолият доштанд.

"Аз теъдоди умумӣ 687 (30,4%) корхона ба вилояти Суғд, 618 (27,3%) – Хатлон, 475 (21,0%) – Душанбе, 426 (18,9%) - ба Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва 54 (2,4%) ба Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд", - иттилоъ медиҳад Агентӣ.

Ба ҳамин минвол, тибқи ин манбаъ, тайи моҳҳои январ то ноябри соли гузашта, ба шумули соҳибкорони хусусӣ, ба маблағи 27 миллиарду 620,5 млн. сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2019 10,0% аз рӯи нархҳои қиёсӣ зиёд аст.

Ин рақам аз нишондоди кулли соли гузашта, ки 27 миллиарду 586,6 миллион сомониро ташкил медод, бештар аст.

"Омили аслии рушди ҳаҷми умумии истеҳсоли саноатӣ афзудани тавлиди саноати коркард ба 17,4%, барқу газ, буғ ва тозакунии ҳаво ба 0,7% аст", - иттилоъ медиҳад Агентӣ.

Бино ба ин манбаъ, қисмати умдаи тавлидоти саноатӣ 62,2 дарсад ба саноати коркард, 23,6% ба таъмини барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво, 13,6% ба саноати истихроҷ ва 0,6% ба таъмини обу коркарди партовҳо ва ба даст овардани ашёи хоми дуюмдараҷа рост меояд.

Куриё дар МОК - и "Кӯлоб" корхонаҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ месозад

Қаблан Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки саҳми тавлидоти саноатии Тоҷикистон дар содирот кишвар ҳудуди 99% - ро ташкил медиҳад.

122
Барчаспҳо:
корхона, Агентии омори Тоҷикистон
Работа компании по производству пластиковых окон

Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ кушода шуд

0
(Таҷдидшуда 15:01 20.01.2021)
Дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Туркия дастрас ва васлу насб гардида, дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бо номи "Ҳаким" ба баҳрабардорӣ расид.

Дар маросими ифтитоҳи корхона, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол дар шаҳри Кӯлоб, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва дигар намояндагони корхона ширкат карданд.

Дар ин бора бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Ҷамъбасти соли 2020 ва супоришҳо барои 2021: маҷлиси Расулзода дар вилояти Хатлон

Гуфта мешавад, дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлати Туркия дастрас ва васлу насб гардидааст.

"Дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд", - омадааст дар хабарнома.

Дар корхона тиреза, дар, мизу курсӣ ва дигар намуди мебел истеҳсол мешаванд.

Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода таваҷҷуҳи соҳибмулк ва коргарони корхонаро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифат ҷалб намудаанд.

0
Барчаспҳо:
корхона, истеҳсол, ш. Кӯлоб
Самолет, на фоне заката

Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро сар кард

9
(Таҷдидшуда 15:36 20.01.2021)
Парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи чоршанбе сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Uzbekistan Airways парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро аз сар гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд имрӯз, 20 январ пас аз танаффус, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба вуқӯъ пайваст, бори аввал аз баҳор сурат гирифт.

Манбаъ мегӯяд, дар оянда парвозҳо рӯзи чоршанбе тибқи ҷадвал сурат мегиранд.

Ҳавопаймо аз Тошкандро соати 8-и субҳи вақти маҳаллӣ парида, пас аз як соат дар пойтахти Тоҷикистон фуруд хоҳад буд.

Бозгашти ҳавопаймо аз Душанбе соати 11 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, соати 12-и нисфирӯзӣ вориди Тошканд мешвад.

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2020 бо сабаби таҳдиди паҳншавии COVID-19 иртиботи нақлиёти мусофирбарро бо кишварҳои дигар қатъ кард.

Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси содиротӣ ба ватанашон ташкил карда шуд.

Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ сурат гирифт.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Қаблан директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" парвозҳо байни Душанбе ва Тошкандро низ ҳар ҳафта - рӯзҳои ҷумъа анҷом хоҳад дод.

9
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, парвозҳо, Тоҷикистон