Зима в городе Душанбе

Резиши барф ва 37 дараҷа хунукӣ дар шарқи Бадахшон: обуҳаво барои имрӯз

359
(Таҷдидшуда 13:25 14.01.2021)
Ожонси обуҳавошиносӣ мегӯяд, ҳаво дар қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 32 - 37 дараҷа сард мешавад

ДУШАНБЕ, 7 январ - Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, бориши сусти барф дар назар аст, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 3-8 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 32-37 дараҷа хунук ва рӯзона 16-21 дараҷа  хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд низ бориши сусти барф дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона  1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар Хатлон барф ва фаромадани меғ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 7-12  ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Борону барф меборад: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, бориши сусти барф дар назар аст. Туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 2-4 дараҷа хунук мешавад.

359
Барчаспҳо:
барф, Тоҷикистон, Ожонси обуҳавошиносӣ
Лампочка

Барқ боз гарон мешавад? дар Тоҷикистон ҳисобкунакҳои ҳушманд насб мекунанд

209
(Таҷдидшуда 11:59 21.01.2021)
Ҳисобкунакҳоро Бонки Рушди Осиё насб мекунад ва ба навиштаи бархе расонаҳо, яке аз шартҳои ин бонк барои вогузории ин манобеи молӣ гарон шудани қимати барқи масрафӣ аст, ки бояд зина ба зина, ҳамасола афзоиш ёбад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷикистон то соли 2025 бо кумаки 105 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барномаи насби ҳисобкунаки ҳушманди барқро амалӣ мекунад, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба хабаргузории "ТОП Тҷ".

Бино ба иттилои манбаъ, яке аз шартҳои Бонки Рушди Осиё барои вогузории ин манобеи молӣ гарон шудани қимати барқи масрафӣ аст, ки бояд зина ба зина, ҳамасола афзоиш ёбад.

"Дар марҳалаи нахусти ин тарҳ, насби 398 ҳазор дастгоҳи шуморишгари ҳушманди барқ бо 50 миллион доллар ҳазина дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Бӯстон, Конибодом ва Данғара барномарезӣ шудааст", -менависад манбаъ.

Тоҷикистон дар самти содироти нерӯи барқ ​​ба хориҷ тақрибан 40 миллион доллар зарар дид

Бо насби ин шуморишгарҳои ҳушманд, муштариёни барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ пули барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати "Барқи Тоҷик" ворез кунанд ва интиқоли барқ ба хонаҳо фақат бо доштани корти вижаи пардохти пули хадамот, имконпазир хоҳад буд.

Ҳамчунин агар муштариён бамавқеъ ҳазинаи барқи масрафиро напардозанд, дар муддати 10 то 15 рӯз барқи онон қатъ мешавад.

209
Автомобильная пробка на дороге в Душанбе

Пойтахтро ифлос мекунед: дар Душанбе 150 ронандаи боркашро ба ҷавобгарӣ мекашанд

24
(Таҷдидшуда 11:39 21.01.2021)
Роҳбарони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз масъулини корхонаю идораҳои сохтмонӣ, новобаста аз шакли моликият эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқоли бору масолеҳи сохтмонӣ талаботи меъёру қоидаҳои сохтмониро қатъиян риоя намоянд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар Душанбе 150 ронандаро барои ифлос кардани кӯчаҳои шаҳр ба ҷавобгарӣ кашиданианд.

Шаҳрдории Душанбе аз ҳисоби худ барои нақлиёти ҷамъиятӣ ронанда омода мекунад

Тавре РВКД Душанбе гузориш медиҳад, нисбати ронандагони зикргардида тибқи моддаи 322-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардиданд.

"Инчунин ба роҳбарони 18 иншооти сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна амрномаҳои мақомоти давлатии Бозрасии давлатии автомобилӣ супорида шуданд", - афзудааст манбаъ.

 

Роҳбарони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз масъулини корхонаю идораҳои сохтмонӣ, новобаста аз шакли моликият эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқоли бору масолеҳи сохтмонӣ талаботи меъёру қоидаҳои сохтмониро қатъиян риоя намоянд.

24

Вазъ дар Маскав беҳтар мешавад: Собянин як қатор маҳдудиятҳоро лағв кард

0
(Таҷдидшуда 12:20 21.01.2021)
Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мегӯяд, вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва аз ин рӯ як қатор маҳдудиятҳои ҷорибуда бекор мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сар аз 22 январ дар шаҳри Маскав аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, бекор мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст.

Бо қарори Собянин сар аз фардо кори муассисаҳои таълимӣ, маконҳои фароғатӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ аз сар гирифта мешавад.

Ӯ мегӯяд, вазъи коронавирус дар пойтахти Русия хушбинкунанда аст, "аз ин рӯ метавонем маҳдудиятҳои мавҷударо ба таври назаррас коҳиш диҳем".

Ҳамин тариқ, аз 22 январ кори осорхонаву китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷоннок мешавад ва ба баргузории чорабиниҳои фароғатӣ низ иҷозат дода мешавад.

Собянин: сокинони Маскав бояд аз нав ба ҳаёти муқаррарӣ одат кунанд

Аммо шаҳрдор таъкид намудааст, ки шумораи тамошобинон набояд аз 50 дарсад зиёдтар бошад.

Зимнан, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ ва муассисаҳои истироҳати кӯдакон низ ба кори муқаррарӣ бармегарданд, вале донишҷӯёни донишгоҳҳои Маскав ҳамоно то 6 феврал ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд.

Собянин изҳори умедворӣ намудааст, ки дар ояндаи наздик вазъият боз ҳам беҳтар мешавад ва маҳдудиятҳо марҳила ба марҳила бекор мегарданд.

0
Барчаспҳо:
лағв, маҳдудият, Сергей Собянин, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон