Сосульки, архивное фото

Ҳавои сард дар Тоҷикистон то 11 январ идома меёбад

644
(Таҷдидшуда 15:00 14.01.2021)
КҲФ барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя кунанд

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, ҳавои сард дар аксари минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон то 11 январи соли 2020  шабона боқӣ мемонад.

Ба иттилои КҲФ, ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 12-17 то 16-21 дараҷа, дар шарқи ВМКБ шабона 36-41, рӯзона 20-25 хунук (дар минтақаи Булункӯл шабона 50-52 шабона, рӯзона 33-35 сард) мешавад. Дар баъзе ҷойҳо барфи сабук ва дар баландкӯҳҳо бориши шадид дар назар аст.

Коҳиши ҳарорати ҳаво дар кӯҳҳо, ноҳияҳои наздикӯҳӣ, роҳу ағбаҳо хатари яхбандиро зиёд мекунад. Ғайр аз ин тумани ғафси субҳгоҳӣ низ дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин иртибот КҲФ барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя кунанд.

То 40 дараҷа сардӣ, тармаву жола: феврал дар Тоҷикистон чигуна хоҳад буд

Кумита бо муроҷиат ба сокинони доманакӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми чаронидани чорво эҳтиёткор бошанд, кӯдаконро барои ҳезумчинӣ нафиристанд ва дар мавсим либосҳои гарм пӯшанд.

"Ҳангоми гарм кардани биноҳои истиқоматӣ барои пешгирӣ аз хатари заҳролуд шудан аз оксиди карбон ба такрор дудбароҳоро санҷед, онҳоро сари вақт аз ҳар гуна дудаву ифлосиҳо тоза кунед", - омадааст дар хабар.
644
Барчаспҳо:
сардӣ, ҳаво, Тоҷикистон
Банк Эсхата, архивное фото

Мақомоти Норак гуфт дар соли гузашта муҳоҷирони меҳнатӣ чиқадар маблағ равон карданд

0
(Таҷдидшуда 16:27 16.01.2021)
Мақомоти шаҳри Норак дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ шаҳр хабар дод, ки муҳоҷирони меҳнатии ин минтақа беш аз 631 миллион рубли русӣ, 4 миллион доллар ва зиёда аз 130 ҳазор Евро равон кардааст

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Ахиран дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ шаҳр дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.

Қайд карда шуд, ки дар ҷамъоварии маблағи андозҳо 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 54,9 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 801,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак.

Гуфта шудааст, киҳиссаҷудокунӣ ба буҷаи вилоят, яъне андоз аз фоида 59,3 фоиз ё 2,6 миллион сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 5,8 миллион сомонӣ ё 67,3 фоиз таъмин гардид .

Бақияпулиҳои андоз нисбати аввали сол 41,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Ҳамзамон тибқи иттилоъ, дар 12 моҳи соли 2020 корхонаҳои саноатии шаҳр 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давра 102,9 фоиз ё ин ки 67, млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи соҳибкорон 90 адад иншоотҳо ба маблағи 44,9 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ҳудуди шаҳр дар асоси асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ 132 хонаи истиқоматӣ ба миқдори 32,5 ҳазор метри мураббаъ ё ба маблағи 22,2 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Мақомот таъкид доштааст, ки барои бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳр 193 адад иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуд, аз ин шумора 152 адад иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифта шудааст, ки 78,7 фоизро дар бар мегирад .

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки аз хориҷи кишвар 631,2 миллион рубли русӣ, 4,1 млн доллар, 130,9 ҳазор Евро ворид гардидааст.

Инчунин мақомот иттилоъ додааст, ки дар ин давра ба 261 нафар шаҳрвандон ба маблағи 235,2 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо расонда шудааст. 752 нафар ҷавонону шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбҳо ҷалб карда шуданд.

Дар 12 моҳи соли 2020 Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард 1007 километр роҳро таъмири ҷорӣ ва нигоҳдорӣ намуда , аз ҳисоби маблағҳои муассиса ба масоҳат 1024 метр роҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шудааст

Тибқи иттилои манбаъ,  дар шаҳр 214 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, дар 12 моҳи соли 2020 ба маблағи 77,9 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11,2 млн сомонӣ афзун гардидааст .

Маҷмӯи маҳсулотҳои кишоварзӣ 116,8 фоиз таъмин карда шуда, ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сектори ҷамъиятӣ 17,3 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 82,7 фоизро ташкил медиҳад.

Қайд карда шудааст, ки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҷаласаро натиҷагирӣ намуда , роҳбарони корхонаю муассисаҳоро вазифадор намуд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани чашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ, оқилона истифодабарии замин, зимистонгузаронӣ, сари вақт ва хушсифат ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, иҷрои андозҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.

 

0
Барчаспҳо:
евро, рубл, доллар, муҳоҷирон, маблағ, иқтисод, Норак, Тоҷикистон
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус дар Чин: мутахассисони СҶБ вориди Вуҳон шуданд

50
(Таҷдидшуда 16:24 16.01.2021)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ахиран омори нави гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт то санаи 15 январ шумори сироятшудагон  ба 91 миллиону  816 ҳазору 91 нафар расид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷонбохтагон ба 1  миллиону 986 ҳазору 871 нафар расидаааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори муолиҷашудагон ба беш аз 67 миллиону нафар расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои муайян кардани ҷойю макони аввали зуҳури вируси корона ба Вуҳони Чин ворид шуданд.

Тибқи иттилои расида ин коршиносон дар ҳайати 14 нафар ба Чин рафтанд, гуфтушуниди дурудароз билохира самар дод ва Чин 14 январи соли равон ба коршиносону мутахассисони байналмилалӣ иҷозаи вуруд дод.

Дар ин ҳайат вирусшиносон аз Амрико, Австралия, Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Русия, Нидерландия, Қатар ва Ветнам шомиланд.

Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки дар Чин бори аввал аз моҳи марти соли гузашта то ба имрӯз шумори зиёди гирифторони нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ки шабонарӯзи гузашта 144 нафар чун мубталои нав сабт шуд (моҳи марти соли гузашта 202 нафар буд).  Дар қиёс ба мамолики дигар ин омор чандон зиёд ҳам нест, вале ҳукуматдорони Чин онро чун як бонги изтироб қабул мекунанд.

50
Барчаспҳо:
омор, вируси корона, ҷаҳон, вирус, Чин