Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Бо фармони Раҳмон ваколати судяи суди вилояти Хатлон қатъ шуд

1013
(Таҷдидшуда 15:04 14.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои як фармон ваколатҳои судя Амонзода Аскаралиро қатъ намуд

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Бар асоси фармон, ки котиботи раисиҷумҳур нашр кардааст, далели қатъи ваколатҳои Амонзода фавташ мебошад.

"Ваколати судяи суди вилояти Хатлон Амонзода Аскаралӣ бинобар вафоташ қатъ карда шавад", - омадааст дар фармон.

Рустами Эмомалӣ қарори барканории се судяи баландпояро имзо кард

Дар Тоҷикистон судҳои сатҳи гуногун, аз ноҳиявӣ то додгоҳи олиро раисиҷумҳур таъйин мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар мулоқот бо мақомдорони додгоҳҳо аз аҳамияти ин ниҳод дар таъмини адолат дар кишвар гуфта, масъулинро ба кор бо дасту дили пок даъват намуд.

"Бори дигар таъкид менамоям, ки судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад" – гуфт раисҷумҳур.
1013
Барчаспҳо:
Хатлон, ваколат, фармон, Эмомалӣ Раҳмон
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус дар Чин: мутахассисони СҶБ вориди Вуҳон шуданд

20
(Таҷдидшуда 16:07 16.01.2021)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ахиран омори нави гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт то санаи 15 январ шумори сироятшудагон  ба 91 миллиону  816 ҳазору 91 нафар расид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷонбохтагон ба 1  миллиону 986 ҳазору 871 нафар расидаааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори муолиҷашудагон ба беш аз 67 миллиону нафар расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои муайян кардани ҷойю макони аввали зуҳури вируси корона ба Вуҳони Чин ворид шуданд.

Тибқи иттилои расида ин коршиносон дар ҳайати 14 нафар ба Чин рафтанд, гуфтушуниди дурудароз билохира самар дод ва Чин 14 январи соли равон ба коршиносону мутахассисони байналмилалӣ иҷозаи вуруд дод.

Дар ин ҳайат вирусшиносон аз Амрико, Австралия, Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Русия, Нидерландия, Қатар ва Ветнам шомиланд.

Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки дар Чин бори аввал аз моҳи марти соли гузашта то ба имрӯз шумори зиёди гирифторони нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ки шабонарӯзи гузашта 144 нафар чун мубталои нав сабт шуд (моҳи марти соли гузашта 202 нафар буд).  Дар қиёс ба мамолики дигар ин омор чандон зиёд ҳам нест, вале ҳукуматдорони Чин онро чун як бонги изтироб қабул мекунанд.

20
Барчаспҳо:
омор, вируси корона, ҷаҳон, вирус, Чин
Военные учения России и Таджикистана, архивное фото

Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ

128
(Таҷдидшуда 15:33 16.01.2021)
Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ мавқеашро бетағйир гузоштааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 138 кишвари дунё бетағйир дар мақоми 99-ум гузоштааст.

Соли гузашта низ Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ин мақом менишаст ва давоми як сол тағйироте ба вуҷуд наовардааст.

Гузоришгарон  ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд,  маблағгузорӣ ба артиш дарТоҷикистон солона 79 миллион долларо ташкил медиҳад.

Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 51 нишаста, ҳайати низомии он 50 ҳазор ва харҷи солонааш 15 миллиард гуфта мешавад.

Қазоқистон бошад бо 125 ҳазор низомию 4 миллиард доллар хароҷоти солона ба ин соҳа дар ҷойи 62, Туркманистон  дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 нишастаанд.

Гуфта мешавад, ҳайати шахсии Туркманистон 22 ҳазор буда, солона ба ин соҳа 800 миллион сарф мекунад ва Қирғизистон бошад 11 ҳазор низомӣ дошта харҷи солонааш 20 миллион доллар гуфта мешавад.

Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.

Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон, дохил шуданд. Дар радабандӣ 137 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.

Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо

Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб  шудаанд.

Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.

Қавию дурпарвоз: силоҳи нави ҳавоии Русия чӣ гуна хоҳад буд

Артиши  Тоҷикистон дар радабандӣ соли 2019 ҷойи 94 ва қабл аз он зинаи 96-умро соҳиб шуда буд.

128