Махмадтоир Зокирзода

Зокирзода аз номи Президент ба мардуми Сангвор сипос гуфт

334
(Таҷдидшуда 15:08 14.01.2021)
Маҳмадтоир Зокирзода арзу сипоси Президентро ҷиҳати иштироки фаъолона дар давраи интихоботи президентӣ ба сокинони ноҳияи Сангвор расонида, оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ сухан гуфт

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагон бо фаъолону ҷавонон, раисони  ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Сангвор дидору мулоқот кард.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор хабар медиҳад.   

Гуфта мешавад, ки Маҳмадтоир Зокирзода дар ин ҷамъомад арзу сипоси Президентро ҷиҳати иштироки фаъолона дар давраи интихоботи президентӣ ба сокинони ноҳияи Сангвор расонида, оид ба муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат  доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот сухан гуфт.

Ӯ ҳамчунин, масоили вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол, омодагӣ ба ҷашни Наврӯз, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо, захираи озуқа дар ҳар оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ баррасӣ кардааст.

Мавсуф ҳамзамон ба саволҳои сершумори иштирокчиёни вохӯрӣ посух додааст.

Манбаъ афзуда, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.

334
Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, Маҳмадтоир Зокирзода, Тавилдара
Военные учения России и Таджикистана, архивное фото

Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ

82
(Таҷдидшуда 15:33 16.01.2021)
Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ мавқеашро бетағйир гузоштааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 138 кишвари дунё бетағйир дар мақоми 99-ум гузоштааст.

Соли гузашта низ Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ин мақом менишаст ва давоми як сол тағйироте ба вуҷуд наовардааст.

Гузоришгарон  ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд,  маблағгузорӣ ба артиш дарТоҷикистон солона 79 миллион долларо ташкил медиҳад.

Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 51 нишаста, ҳайати низомии он 50 ҳазор ва харҷи солонааш 15 миллиард гуфта мешавад.

Қазоқистон бошад бо 125 ҳазор низомию 4 миллиард доллар хароҷоти солона ба ин соҳа дар ҷойи 62, Туркманистон  дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 нишастаанд.

Гуфта мешавад, ҳайати шахсии Туркманистон 22 ҳазор буда, солона ба ин соҳа 800 миллион сарф мекунад ва Қирғизистон бошад 11 ҳазор низомӣ дошта харҷи солонааш 20 миллион доллар гуфта мешавад.

Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.

Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон, дохил шуданд. Дар радабандӣ 137 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.

Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо

Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб  шудаанд.

Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.

Қавию дурпарвоз: силоҳи нави ҳавоии Русия чӣ гуна хоҳад буд

Артиши  Тоҷикистон дар радабандӣ соли 2019 ҷойи 94 ва қабл аз он зинаи 96-умро соҳиб шуда буд.

82
Открытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар

Шаҳрдории Исфара аз бунёди 6 корхонаи нави саноатӣ хабар дод

30
Соли 2020 дар шаҳри Исфара 6 адад корхонаю коргоҳҳои навбунёди саноатӣ бо таъсиси 120 ҷойҳои кории нав мавриди истифода қарор гирифтанд

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Муовини раиси шаҳри Исфара, Ҷаъфархўҷа Ҳайдарзода зимни баргузории маҷлиси фаъолони шаҳр иттилоъ додааст, ки дар соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 372,1 миллион сомониро ташкил намуд. Ӯ тавзеҳ дод, ки суръати афзоиш 103,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 12,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.

Тибқи иттилои Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода, аз тарафи корхонаҳои дар қайди оморбуда дар ин давра ба андозаи 130,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ба 95,5 фоизи нишондиҳандаи соли 2019 баробар аст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 560,4 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 112,3 фоиз таъмин гардид.

Ҳамзамон тибқи иттилои муовини раиси шаҳри Исфара дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4948,5 тонна гӯшт, 28967,8 тонна шир, 5,8 миллион дона тухм истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 309,2 тонна, 409,6 тонна ва 942,5 ҳазор дона зиёд мебошад.

30
Барчаспҳо:
таъсис, корхонаҳои саноатӣ, корхона, Исфара, Тоҷикистон
Врач в защитном костюме улыбается, архивное фото

Пас аз бемории коронавирус иммунитети бадан то кай пойдор мемонад?

0
(Таҷдидшуда 15:38 16.01.2021)
Ҳамагиршинос ва ё эпидемиологи рус гуфт, ки баъди аз сар гузаронидаи коронавирус иммунитети бадан то кай боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Нафароне, ки коронавирусро аз сар гузаронидаанд, иммунитеташон ба ин беморӣ ним сол пойдор мемонад. Дар ин бора роҳбари Институти марказии эпидемиологии Русия Василий Акимкин изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи коршинос, иммунитет ба коронавирус баъди аз сар гузаронидани беморӣ то панҷ моҳ боқӣ мемонад ва пас аз он ба танозул меравад.

"Иммунитет аз се то панҷ моҳ пойдор мемонад ва сипас он то рафт кам мешавад, ҳатто аллакай пас аз моҳи сеюми беморӣ дараҷаи пастшавии иммунитет ба қайд гирифта мешавад", - гуфтаст Аминкин.

Дар ҳамин ҳол, коршинос таъкид кардааст, ки пас аз коронавирус бояд дар бадани инсон на танҳо антитела, балки иммунитети ҳуҷайрагӣ пайдо шавад.

Ёдрас мешавем, коронавирус бори нахуст дар бадани инсон охири соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд. Беморӣ бо суръати кайҳонӣ бурун аз шаҳр ва кишвар паҳн шуд ва дар натиҷаи фаро гирифтани қариб тамоми кишварҳои олам, онро 11 марти соли 2020 Созмони тандурустии ҷаҳонӣ пандемия эълон кард.

Аз 2 миллион гузашт: охирин омори фавт аз коронавирус дар ҷаҳон

Тоҷикистон бори нахуст 30 апрел аз гирифтор шудани 15 нафар ба ин бемории ҳамагир хабар дод ва то имрӯз дар кишвар бештар аз 11 ҳазор нафар ба коронавирус дучор шудаанд ва тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, ҳудуди 99, 3 дар сади беморони КОВИД -19 шифо ёфтаанд.

0