Суровая зима, архивное фото

Ҳушдори Ожонсии ҳавошиносӣ аз сардии шадид дар Тоҷикистон: ҳаво -42 дараҷа хунук мешавад

4438
(Таҷдидшуда 19:41 14.01.2021)
Дар Тоҷикистон аз 10 то 13 январ бо сабаби софшавии ҳаво шабона дар бештари ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ ҳавои сард боқӣ монда, дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ шабона 37-42 дараҷа сардӣ (дар мавзеи Булункӯл шабона 48-50 дараҷа  сардӣ) пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ 10-13 январ бо сабаби софшавии ҳаво шабона дар бештари ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ ҳавои сард боқӣ монда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ то 16-21 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ шабона 37-42 дараҷа сардӣ (дар мавзеи Булункӯл шабона 48-50 дараҷа  хунук) пешгӯӣ мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ яхбандӣ аз эҳтимол дур нест. 

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10-12 январ ҳавои камабри бебориш, 13 январ ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 30-35 дараҷа хунук то 37-42 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункӯл 48-50 дараҷа хунук), рӯзона  аз 15-20 дараҷа хунук то 23-28 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон 10-11 январ ҳавои камабр ва  12-13 январ ҳавои тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дарҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дарҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Дар вилояти Суғд 10-11 январ ҳавои камабри бебориш ва 12-13 январ ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати    3-8 метр дар як сония мевазад. Инчунин 10-12 январ дар ноҳияҳои алоҳида шамол бо шиддати то 10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4 дараҷа хунук ва 10 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-150 хунук, рӯзона 3 дараҷа хунук ва 2 дараҷа мешавад.

То -17 дараҷа сардӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ 10-11 январ ҳавои камабри бебориш, 12-13 январ ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар мебошад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо  то 16-21 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа хунук  мешавад.

4438
Барчаспҳо:
Ожонси ҳавошиносӣ, ҳушдор, барф ва сардӣ, сардӣ, Тоҷикистон
Женщины слушают президента Таджикистана Эмомали Рахмона в обращении к Парламенту

“Шерше ля фам” “Занро биҷӯед”: Ҳукумат ба занон имтиёз диҳад ё рақобати озод бо мардон?

82
(Таҷдидшуда 20:05 27.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зиёди худро ба ҳузури занон дар мақомҳои давлатӣ ва ҳузури муассири онҳо дар ҷомиа пӯшида намедорад. Ӯ боре дар як суханрониаш гуфта буд, ки онҳо дар қиёс бо мардон аз омоли коррупсионӣ парҳез мекунанд ва дар кори худ садоқат доранд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми солонааш ба парлумон низ рӯзи 26 январ аз дастовардҳои сиёсаташ дар баробари занон бо қаноатмандӣ суҳбат кард. Вай бо изҳори миннатдорӣ гуфт, аксари ташаббусҳои ӯро бонувон пуштибонӣ мекунанд, ҳатто онҳо дар интихоби ӯ ба симмати президенти Тоҷикистон дар интихоботи президентии соли гузашта аксарият буданд.

“Ба иззати нафси мардон намерасем, даст болои сина монда, ҳақашро бояд гӯем. Аз ҳама корҳои вазнину душвори зиндагӣ дар Тоҷикистон бар дӯши кӣ аст? Дар саҳро кӣ кор мекунад? Кӣ заҳмат мекашад? Кӣ маҳсулот истеҳсол мекунад? Аксарият кӣ аст? Мебинед-ку! Барои ҳамин мардҳо аз ман хафа нашавед, кор кунед”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои ӯ, ҳоло дар Маҷлиси миллӣ 8 (25,8%) ва Маҷлиси намояндагон 15 зан (23,8%) ҳузур доранд, ки дар қиёс бо парлумони қаблӣ 4% зиёданд ва саҳми онҳо дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе - 41,5, вилоятҳои Хатлон - 35, Суғд - 33, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 34 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30%-ро ташкил мекунад. Вай афзуд, аз 19 ҳазору 210 хизматчии давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

“То он вақте ки ҳастам, ҳамин сиёсати худро барои дастгирии занон идома медиҳам”, - гуфт Президент.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳузури занон дар илму маориф ва тандурустӣ торафт афзуда, ҳоло дар соҳаи маориф 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳудуди 68 фоиз бонувон кор мекунанд ва дар соҳаи кишоварзӣ 35 ҳазору 600 зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ буда, теъдоди соҳибкорони ҷинси латиф ба 77 ҳазору 400 тан расидааст.

“Ин теъдод кам аст. Фикр мекунам, шумораи онҳо зиёд мешавад”, - гуфт Президент.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2020 барои мусоидат ба боло бурдани сатҳи иқтисодии занон ба бонувони соҳибкор 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 3 декабри соли 1999 як фармон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" - ро содир намуда, дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки соли 2016 таҳия шуд, коҳиши нобаробарии гендерӣ дар асоси такмили сиёсати таъмини воқеии баробарии гендерӣ, пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ба яке аз афзалиятҳо табдил ёфт.

Аммо бо ин ҳам иктифо накарда, Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми дирӯзааш ба Кумитаи кор бо занон ва оила дастур дод, ки лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030" ва нақшаи амалисозии он барои солҳои 2021 – 2025 – ро таҳия ва пешниҳод кунад.

Омор такон нахӯрд

Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, сиёсати баробарии гендерӣ дар сатҳҳои боло ба кундӣ пеш меравад ва дар ҷомиаи суннатгарои Тоҷикистон то ба ҳол аз сиёсатҳои вижаи ҳукумат дар қиболи онҳо огаҳии комил надоранд. Талошҳои ҳукумат низ натиҷаи мавриди назарро на ҳамеша дар пай дорад. Ба гунаи мисол, теъдоди раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тайи як соли гузашта дар қиёс бо соли 2019 ба ҳудуди 1 ҳазору 500 нафар коҳиш ёфтааст.

Ҷумъахон Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон, моҳи июли соли гузашта дар як нишасти матбуотӣ ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар ин робита гуфта буд, ки тибқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то соли 2020 саҳми занон дар хизмати давлатӣ бояд ба 30% расад.

“Аммо ташвиши мо ин аст, ки мо ба ин ҳадаф намерасем. Ҳар семоҳа ин масъала баррасӣ мешавад. Ин як мушкили давлат аст”, - гуфт Ҷумъахон Давлатов.

Тибқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон, шумораи занон дар миёни хизматчиёни давлатӣ то соли 2030 – соли охири ин барнома - бояд ба 40% расад. Масъулин мегӯянд, ин яке аз талаботи созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ аст, ки ҳузури камранги занон дар идораи давлатро нобаробарии гендерӣ ва нақзи ҳуқуқи занон арзёбӣ мекунанд.

Аммо тибқи омори ахире, ки Президенти Тоҷикистон ироа кард, ҳатто нақшаи Стратегия барои соли 2020 иҷро нашуд ва арқом ҳамоно дар сатҳи поёнанд. Ҳатто дар нимсолаи аввали соли 2020, замоне, ки тибқи омор, теъдоди хизматчиёни давлатии Тоҷикистон 18 ҳазору 562 нафар, аз ин 4 ҳазору 355 нафар зан (23,4%) ҳисоб шуда буд, дар охири сол бо вуҷуди афзудани шумора ба 19 ҳазору 210 нафар, ба шумули 4 ҳазору 485 зан, ин фисадӣ аз ҷой такон нахӯрд.

“Зан чиву кори давлат чӣ?”

Иддае аз огаҳони аҳвол бар инанд, ки бархӯрд ба зан дар ҷомиаи Тоҷикистон ҳамеша аз рӯи калиша (стререотип) – ҳо будааст ва на ҳамеша заминаи рақобати воқеии онҳо бо мардон фароҳам шудааст. Ба қавли онҳо, агар дар гузашта мардон бар ин буданд, ки кори зан тарбияти атфол аст, ё мегуфтанд, “зан чиву кори давлат чӣ?”, солҳои ахир майдон барои онҳо боз шуда, худ ҳузури густардаашон, масалан, дар соҳаи маорифу тандурустӣ, далели ин аст, ки агар онҳо рақобати озод бо мардон дошта бошанд, худро беҳтар матраҳ мекунанд.

Рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода, ки дар гузашта солҳои тӯлонӣ дар хизмати давлатӣ будааст, мегӯяд, ҳамчун зан инро қабул надорад, ки як вазифа ба ӯ маҳз аз рӯи квота ба хотири зан буданаш дода шавад.

“Масалан, ҳатман як муовини сарвазир, ё яке аз муовинони вазир зан бошад. Ё фалон фисадии парлумону маҷолиси шаҳру навоҳиро бояд ба бонувон дод. Ин кор натиҷа дод, аммо барнома ё Стратегияро иҷро накард, зеро нобаробарии гендерӣ боқӣ монд. Занони арзанда зиёданд, аммо дар квота намеафтанд. Роҳи ҳал сода аст: конкурс ё ягон майдони рақобат бояд эҷод кард ва фарқ миёни зану мард набояд гузошт. Бигзор арзандатарин интихоб шавад. Дигар эҳтиёҷ ба ягон барнома намемонад. Аз сӯи дигар, стереотипҳои ҷомеа ҳанӯз ҳам ба ақлу истеъдоди зан арҷ намегузоранд. Аз ин хотир, ҷуз квота чораи дигаре нест, то замоне, ки занон бо мардон аз лиҳози иқтисодӣ низ рақобат накунанд”, - гуфт Ҳуринисо Ализода.

Дар ҳамин ҳол, рӯи дигари сикка кам будани маоши хизматчиёни давлатӣ аст, ки ҷазабаи корро на фақат барои занон, балки мардон низ кам мекунад. Тибқи иттилои Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон, то октябри соли гузашта фақат 87,5% - и бастҳои корӣ банд буданд ва бақия 12,4% мунтазири соҳибанд.

Бо ин вуҷуд, коршиносон бар инанд, ки баробарии гендерӣ дар идораи давлат тақозои давру замон ва гарави рушди кишвар аст ва дер ё зуд ҳама гуна барномаҳо ба аҳдофи худ мерасанд, бахусус ки дар Тоҷикистон беш аз 50% аҳолиро занон ташкил мекунанд.

82
Барчаспҳо:
занон, Тоҷикистон
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Вазорат: дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта касе гирифтори каронавирус нашуд

30
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ дар давоми 24 соати гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон расҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии кишвар бар вируси корона хабар дод.

"Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст", - гуфт президент.

Раисиҷумҳур таъкид кард, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

30
Барчаспҳо:
тандурустӣ, вазорат, гирифторон, вируси корона, Тоҷикистон

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020

0
Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар соли 2020 каме афзуд. Аммо тавоозуни савдо ҳамоно манфӣ буда, Тоҷикистон ҳанӯз аз колои воридотӣ вобаста аст
Савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020
© Sputnik

Тоҷикистон дар соли 2020 бо 108 кишвари дунё табодули коло кардааст, ки аз он 10 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва боқимонда кишварҳои хориҷи дур мебошанд.

Содирот аз Тоҷиикстон асосан ба Швейтсария – 49,0%, Туркия – 14,4%, Қазоқистон – 10,8%, Ӯзбекистон – 5,7%, Афғонистон – 5,0%, Русия – 2,9%,  Чин – 2,4%,  Белгия – 2,3%,  Итолиё – 1,1%,  Покистон – 1,0%, Гурҷистон – 0,9% ва дигар давлатҳо – 4,3% сурат гирифтааст.

Содироти нисбатан зиёд бар воридот дар додугирифт бо Швейтсария (682,0 млн. доллар), Туркия (83,4 млн. доллар), Афғонистон (69,0 млн. доллар),  Белгия (28,5 млн. доллар), Гурҷистон (11,1 млн. доллар),  Ҷазираҳои Вирҷин (6,7 млн. доллар) ва Латвия (6,3 млн. доллар) сабт шудааст.

Дар феҳрасти маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла хушкмева, сангҳои гаронбаҳою нимақима, шароб ва нӯшокиҳои бе алкогол, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра зикр шудаанд.

Дар мавриди воридоти мол зикр шудааст, ки Тоҷикистон колоро асосан аз Русия – 29,6%, Қазоқистон – 24,0%, Чин – 13,9%, Ӯзбекистон – 7,9%, Туркия – 3,8% ва аз Олмон – 2,9% ворид кардааст.

0
Барчаспҳо:
содирот, воридот, савдо, Тоҷикистон