Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

COVID - 19 нест: Вазорати тандурустӣ омори ҷадид нашр кард

328
(Таҷдидшуда 16:49 14.01.2021)
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон ягон мавриди мубталошавии сокинон ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, то 8 январ дар кишвар 13 ҳазору 305 нафар гирифторони сирояти коронавирус сабт гардиданд.

То ҳол аз ин шумора 13 191 нафар ё 99,1 дарсади дардмандон шифо ёфтанд.

Вазири Чин дар бораи сарчашмаи коронавирус гуфт

Бояд тазаккур дод, ки аз замони хуруҷи маризии коронавирус то ҳол 90 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳамзамон, 24 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

328
Барчаспҳо:
нашр, омор, Тоҷикистон, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (917)
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

50
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

50
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон
Карабиненко Александр

Коршинос сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод

252
(Таҷдидшуда 20:44 16.01.2021)
Табиби хизматнишондодаи Русия, Александр Карабиненко маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистонро дар бораи якбора коҳиш ёфтани ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз коронавирус шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи январ якбора шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус коҳиш ёфт. Дар давоми ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.

Зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон, фарз кунем  нисбат ба вилояти Маскав хело кам аст. Маҳз ҳамин далел шароит фароҳам меоварад, ки паҳншавии вирус бозистад, мегӯяд коршинос.

Ҳамчунин, Карабиненко дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шароити экологӣ ва климати кишвар метавонист боиси камшавии омори коронавирус шавад.

"Феълан ин масъала пажӯҳиш нашудааст, бояд солҳо мушоҳида кард ва он вақт метавон ҷавоби дақиқ дод", - меафзояд ӯ.

Ба гуфтаи табиби рус, бадани одамони гуногун иммунитетро гуногун коркард мекунад. Бархе нафарон умуман ба ин беморӣ антитела ҳосил намекунанд.

"Дар ин ҳолат эмгузаронӣ боиси ҳосил шудани иммунитет дар бадан мешавад ва дар ин ҳолат аз коронавирус антитела ҳосил мегардад", - таъкид кард Карабиненко.

Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд

Ба гуфтаи вай, ваксинаи зидди грипп низ кӯмак мекунад, ки бемории коронавирус сабуктар гузарад ва барои ҳамин бояд ҳама эм карда шаванд.

"Инфексияи коронавирус то абад дар бадани инсон мемонад. Аз вирус ҷои гурез нест ва ба он иммунитети коллективӣ пайдо мешавад", - тавзеҳ дод вай дар анҷом.

252