Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе

Се ҳолати нав: омори гирифторӣ шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

457
(Таҷдидшуда 19:33 10.01.2021)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ҳолатҳои нави гирифторӣ ба бемории коронавируси COVID - 19 хабар дод

ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ct ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта ielffcn, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, то 10 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавирус сабт гардиданд.

То ҳол аз ин шумора 13 215 нафар ё 99,3 дарсади дардмандон шифо ёфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз замони хуруҷи маризии коронавирус то ҳол 90 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бар асоси додаҳои ахир дар саросари ҷаҳон беш аз 89 миллион нафар гирифтори ин беморӣ гашта, то кунун 49,5 миллион нафар сиҳат гаштааст.

Теъдоди ҷонбохтагон аз ин беморӣ низ дорад ба 2 миллион наздик мешавад.

Вазири Чин дар бораи сарчашмаи коронавирус гуфт

Сегонаи кишварҳое, ки дар он сатҳи баланди сирояти ин беморӣ идома дорад, ИМА, Ҳиндустон ва Бразилия мебошад.

457
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, фавт, Вазорати тандурустӣ
Взятка медику, архивное фото

Transparency International сатҳи фасодзадагии Тоҷикистонро эълон кард

22
(Таҷдидшуда 16:16 28.01.2021)
Рутбаи Тоҷикистон аз нигоҳи вуҷуди ришвахорӣ дар охирин радабандии ҷаҳонӣ дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 бетағйир боқӣ монд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Дар гузориши ҷадиди Созмони шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) дар бораи радабандии кишварҳо аз нигоҳи фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2020, Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон дар радифи 149 қарор гирифта, ки ҷойгоҳаш нисбат ба соли 2019 тағйир накардааст.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷумҳурии Туркманистон фасодзадатарин ва Қазоқистон камфасодтарин кишвар муаррифӣ шудаанд.

Ӯзбекистон бо як пилла беҳбуди ҷойгоҳи хеш дар муқоиса бо соли 2019 дар радаи 146 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб

Пешсафҳои ин радабандӣ – Зеландияи нав, Дания - 88 холӣ, Финляндия – 85 хол, Швейтсария, Сингапур ва Шветсия - 85 хол мебошанд.

Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Сомалӣ – 12 хол, Судони ҷанубӣ – 12 ва Сурия бо 14 хол шомил шудаанд.

22
Барчаспҳо:
радабандӣ, ришва, сатҳи фасодзадагӣ, фасод, Тоҷикистон
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Сипоси Кабиров ба Раҳимзода: агар шумо намебудед, бозор пурра месӯхт

150
(Таҷдидшуда 16:34 28.01.2021)
Раҳимзода Рамазон бевосита худ дар ҷараёни хомӯш кардани алангаи оташ дар бозори "Султони Кабир" иштирок кардааст. Муассиси ин бозор ба вазири тоҷик изҳори миннатдорӣ намуд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.

Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.

Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.

Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”

Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд мекунанд.

150
Барчаспҳо:
сипосгузорӣ, сӯхтор, Султони Кабир, бозор, Рамазон Раҳимзода