День 12 января

Аз ифтитоҳи нахустин неругоҳи барқӣ дар Варзоб то заминларзаи мудҳиш дар Ҳоитӣ

143
(Таҷдидшуда 12:40 12.01.2021)
Рӯзи дувоздаҳуми январ дар Русия — Рӯзи прокуратура, дар Танзания – Рӯзи инқилоби Занзибар, дар Туркманистон – Рӯзи хотирот ва дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии ҷавонон таҷлил мешавад

Рӯзи 12 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1951 Конвенсия дар бораи огоҳ намудани ҷиноятҳои генотсидӣ (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  ва ҷазо ба он, ки Ассамблеяи Генералии СММ 9 декабри соли 1948 қабул намуд, ба ҳукми амал даромад.

Соли 1953 Ассамблеяи миллии Югославия Конститутсияи нав қабул намуд.

Соли 1953 дар Эдмонтон (Канада) биржаи пулӣ кушода шуд.

Соли 1999 барои нархи тӯби бейсбол рекорд гузошта шуд — он дар музоядаи Ню-Йорк бо арзиши 3 миллиону 54 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта шуд.

Соли 2012 Ассотсиатсияи "Клуби иқтисодии олимони Авруосиё" дар сомонаи www.group-global.org шабакаи зеҳниро дар қолаби сомонаи муоширатии G-Global фаъол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 ҳамлагари аргентинагии дастаи "Барселона"-и Испания Лионел Мессӣ барандаи "Тӯби тиллоӣ"-и Федератсияи байналмилалии футбол гардид. Маросими супоридани ҷоизаи "Беҳтарин футболбози соли 2015" ҳангоми шабнишинии калон дар шаҳри Сюрихи  Швейтсария баргузор гардид.

Рӯзи 12 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1937 — Дар дарёи Варзоб аввалин нерӯгоҳи барқи обӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2016 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф маҷмӯи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

День 15 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли  2009 ВАО хабар доданд, ки бино ба маълумоти расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 470 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд.

Соли 2010 — Дар Тоҷикистон Иттифоқи нашриёти мустақил таъсис дода шуд.

Ҳодисаҳои фавқуллодаи 12 январ дар ҷаҳон

Соли 2010 соати 16:53 бо вақти маҳаллӣ заминларзаи шадид бо қувваи 7 бал ҷазираи Ҳоитиро ларзонд. Баъди ин боз чандин такони дигаре ҳам дар минтақа ба қайд гирифта шуд, ки 15 ҳодисаи он бо қувваи 5 балл буд:

  • 222 570 нафар ҷон бохтанд
  • 311 ҳазор нафар захмӣ шуданд
  • 869 нафар бенишон гум шуданд

Ба кишвар 5,6 миллиард евро зарар овард.
Дар пойттахти Ҳоитӣ шаҳри Порт-о-Пренс ҳазорон хона вайрон шуд, амалан ҳамаи бемористонҳо он ба хок яксон шуданд.

Кохи миллӣ, бино Вазорати молия, Вазорати корҳои ҷамъиятӣ, вазораи алоқа ва фарҳанг хароб шуданд. Пойтахти ин кишвар бар асари заминларза комилан харобу валангор гашт. Дар ин офати табиӣ ҳамчунин 49 корманди СММ, ки дар Ҳоитӣ фаъолият доштанд, кушта шуданд.

Бино ба гузориши расмӣ охирин заминларзаи шадид дар ин кишвар соли 1751 рух дода буд.

Ҳодисаҳои фавқуллодаи 12 январ дар Тоҷикистон

Соли 2017, дар 164-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар нақби Шаҳристон садамаи сахт рух дод.

Яку якбора се мошини боркаш ба ҳам бархӯрданд. Ду мошин аз Хуҷанд ба Душанбе  ҳаракат доштанд ва мошини тамғаи “Дулан” аз Душанбе ба самти Хуҷанд роҳ пеш гирифта буд. 

Дар натиҷаи ин садама ҳаракати мошинҳо дар нақби Шаҳристон аз соати 18:14 то 22:18 дақиқа қатъ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 январ

  • Дар Русия — Рӯзи прокуратура.
  • Дар Танзания – Рӯзи инқилоби Занзибар.
  • Дар Туркманистон – Рӯзи хотирот.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии ҷавонон.

Рӯзи 12 январ дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1947 — Бобохонов Бобоҷон, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон, аз соли 2010 дар нафақа аст.

Рӯзи 12 январ кӣ даргузашт

Соли 2009 — Ҷумъабой Ниёзов муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон Ҷумъабой Ниёзов.

143
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Фармони барканории раиси додгоҳ

320
(Таҷдидшуда 20:33 18.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни анҷоми тағйироти кадрӣ фармони барканории як раиси додгоҳро низ имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Маъруфҷон Бурҳониён аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шуд.

“Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Бурҳониён Маъруфҷон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад”, - омадааст дар фармон.

“Чор ҳазор доллар пора гирифт”: фармони Президент дар бораи Рухшона Раҳмонализода

Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Бурҳониён зикр нашудааст.

Бурҳониён Маъруфҷон аз моҳои апрели соли 2018 дар мақоми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кор мекард. Қабл аз ин, Бурҳониён мақоми муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба уҳда дошт.

320
Барчаспҳо:
додгоҳ, фармон, Тоҷикистон
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

Аз 13 308 маризи коронавирус дар Тоҷикистон 90 кас фавтида, дигарон шифо ёфтанд

63
(Таҷдидшуда 18:59 18.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз як ҳафтаи ахир ягон ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронаиврус сабт нашудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.

Вале, Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони сироятии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло танҳо як нафар дар дармонгоҳ аз "вируси корона" табобат мегирад.

Коршинос сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Ба иттилои манбаъ, ягона нафаре, ки ҳоло дар Бемористони сироятии Суғд табобат мегирад, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, синнаш аз 60 - сола боло аст.

Сартабиб сабаби ба дарозо кашидани муҳлати муолиҷаи ин нафарро шарҳ дода гуфт, ки "бемории ҳамрадиф аз ҷумла қанд ба ҷараёни муолиҷаи ин нафар бетаъсир намондааст. Хушбахтона гузашти се ҳафта саломатии ӯ муътадил шуда ва ба хона рухсатшавиаш ҳам наздик омадааст".

63
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Рустами Шоҳмурод, вакили парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

668
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

668
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон