Новая эстакада в Душанбе

Насби 49 дурбин дар эстакадаҳои Душанбе: милисаҳо назоратро пурзӯр карданд

151
(Таҷдидшуда 14:09 12.01.2021)
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои тамоми сокинону меҳмонони мерасонад, ки ҳангоми убури роҳ аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода бурда, пеш аз ҳама ҷони худро дар хатар нагузоранд

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Дар эстакадаҳои пойтахт 49 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб гардиданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

"Дар гузаргоҳҳои зеризаминии роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 49 адад камераҳои мушоҳидавии бисёрвазифавӣ насб карда шудаанд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои Нусратулло Махсум- Бобоҷон Ғафуров- 30 адад ва дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ – Абӯалӣ Сино 19 адад камераҳои  мушоҳидавӣ насб шудаанд.

Маркази назорати дурбинҳои мазкур дар қисми навбатдории шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Сино ҷойгир ва нафари масъул аз ҳисоби кормандони милитсия вобаста карда шудааст.

"Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои тамоми сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе мерасонад, ки ҳангоми убури роҳ аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода бурда, пеш аз ҳама ҷони худро дар хатар нагузоранд", - таъкид мекунад манбаъ.

Эстакадаи сесатҳа ҳам кумак накард: қонуншикании ронандагону пиёдагардон - навори БДА

Милитсияи пойтахт уҳдадор шудааст, ки ҷиҳати таъмини тартибот, махсусан ба низом овардани истифодаи роҳу нақлиёт ба таври ҳамешагӣ фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар ҳолати гашту гузор аз ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, пахш намудани гулу буттаҳо, сабзкориҳо ва вайрон намудани дигар қоидаҳои шаҳрдориву шаҳрнишинӣ қонунвайронкунандагонро дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намояд.

151
Барчаспҳо:
милисаҳои тоҷик, дурбинҳои назоратии пойтахт, дурбинҳои назоратӣ, дурбинҳо, насб
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд: буд ё набуд? вокуниши вазорати корҳои дохилӣ

143
(Таҷдидшуда 18:03 22.01.2021)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Хуҷандро рад кард

ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин як машқҳои таълимӣ-дастурӣ буданд, ки ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо баргузор мешаванд, аммо “афроди фурсатталаб” онро ба аҳдофи “муғризона” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб додаанд.

“Ин машқҳои таълимӣ 21-уми январ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, қисми ҳарбии 3501 Раёсати корҳои дохилии ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, масъулини шӯъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо муваффақият баргузор шуданд", - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Новобаста аз бозтоби муғризонаи онҳо аз сӯи душманони амнияту субот дар Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд, чун онҳо дар нақшаи кории вазорат ҳастанд, афзуд вай.

 

143
Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото

Маҳдудияти ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ: шарҳи IRS

17
Вобаста ба шароити ҳаво зарурат пеш омад, ки ҳаракат дар яке аз роҳҳои мушкилгузар дар Тоҷикистон - шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ маҳдуд карда шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ширкати IRS, ки ба нигаҳобин ва танзими ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мутасаддӣ аст, эълон кард, ки дар пайи бад шудани шароити ҳаво дар кишвар дар ин роҳ бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла ҳаракат барои мошинҳои боркашон маҳдуд карда шуд.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, шурӯъ аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ бориши барф беист ва пуршиддат буда, баландии барф дар баъзе минтақаҳо ба 50 сантиметр расид.

"Дар робита ба ҳолати баамаломада техникаву механизмҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ сафарбар шуда, фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад", - таъкид мекунад манбаъ.

Ин кор барои эҷод нашудани монеа зимни ҳаракати дигар нақлиёт амалӣ мегардад, меафзояд дафтари матбуотии ширкат.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки бидуни омодагие, ки ба мавсими сармо хос аст, ба роҳ набароянд. 

17