Прохожие на улице в Душанбе

На фавт асту на мариз: омори коронавирус дар Тоҷикистон

220
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳоло танҳо 3 нафар дардмандони коронавирус дар кишвар боқӣ монда, табобатро дар хонаҳои худ зери назорати табибон мегиранд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон мавориди мубталошавӣ ба маризии коронавирус сабт нашуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, то рӯзи 12 январ дар Тоҷикистон дасти кам 13 308 гирифтори бемории коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Зимнан, аз ин теъдод маризон аллакай 13 215 нафар комилан сиҳат шуданд. Аз замони авҷи маризии COVID-19 дар мамлакат 90 нафар фавтиданд.

Вазорат мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон танҳо 3 маризи коронавирус боқӣ мондаанд. Аз бозе, ки вазъи сиҳатии онҳо сабук аст, табобатро дар хонаҳо зери назорати табибон гирифта истодаанд.

Се ҳолати нав: омори гирифторӣ шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Бояд қайд намуд, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни як мусоҳибааш бо агентии "Ховар" таъкид намуд, ки маризии коронавирус то авоили фасли тобистон аз Тоҷикистон нест мешавад.

220
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Вазорати тандурустӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (929)
Олимпиада 2020, архивное фото

Бозиҳои олимпии Токио - 2020 баргузор мешаванд? шарҳи Томас Бах

27
(Таҷдидшуда 15:57 22.01.2021)
Томас Бах Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ изҳор доштааст, ки акнун омиле мавҷуд нест, то дигарбора Бозиҳои олимпии Токио - 2020 лағв шаванд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik.  Бах ин изҳоротро дар мусоҳиба бо "Kyodo News"-и Ҷопон дар ҳоле иброз дошт, ки тахминҳо дар бораи баргузории Бозиҳои олимпӣ ва параолимпии имсола зиёд мешаванд.

"Мо дар ҳоли ҳозир ҳеҷ асосе надорем, ки бовар кунем, Бозиҳои олимпӣ дар Токио рӯзи 23 июл дар Варзишгоҳи олимпии Токио боз нахоҳанд шуд, - гуфтааст ӯ. - Ин аст, ки чаро нақшаи "B" вуҷуд надорад ва аз ин рӯ мо комилан саъй дорем, ки бозиҳоро бехатар ва муваффақ доир намоем", - изҳор доштааст Бах.

Нигаронӣ аз сарнавишти бозиҳо, ки бори аввал бо сабаби пандемияи COVID-19 як сол ба таъхир гузошта шуд, аз соли нав шиддат гирифт.

Ин ба афзоиши ҳолатҳои коронавирусӣ дар якчанд кишвар, аз ҷумла Ҷопон вобаста аст. Дар робита ба ин, сарвазири Ҷопон Йошиҳидэ Суга маҷбур шуд, ки дар якчанд минтақа, аз ҷумла дар пойтахти Токио, вазъи фавқулода ҷорӣ кунад.

Баҳодур Усмонов нахустин роҳхати олимпиро аз Тоҷикистон ба даст овард

Як пурсиши ахири "Kyodo News" нишон дод, ки тақрибан 80 фоизи мардуми Ҷопон мехоҳанд, Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио имсол низ лағв карда шаванд ё ба таъхир гузошта шаванд, ҳамчунин даъватҳо барои таҳвили Токио-2020 ба соли 2024 низ садо додаанд.

Новобаста ба ин, Томас Бах барои баргузории бозиҳои муваффақ хушбин аст, аммо иқрор мешавад, ки шумораи мухлисон дар варзишгоҳҳо шояд маҳдуд карда шавад.

На дертар аз тобистони соли 2021: лағви замони бозиҳои олимпии Токио

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Феълан ду варзишгари Тоҷикистон Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс ба бозиҳо роҳхат гирифтаанд.

27
Барчаспҳо:
Токио, Бозиҳои олимпик
Самолет авиакомпании Somon Air в московском аэропорту Домодедово

"Сомон Эйр" бо таъхири панҷсоата ба Истанбул парвоз кард

77
(Таҷдидшуда 14:40 22.01.2021)
Бинобар барфрезии шадид дар Тоҷикистон парвози "Сомон Эйр" самти Истанбул дасти кам 5 соат ба таъхир афтод

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Парвози ҳавопаймои ширкатии ватании "Сомон Эйр" дар масири Душанбе - Истанбул бинобар ноустувор будани ҳаво бо таъхири панҷсоата парвоз кард.

Тибқи ҷадвале, ки дар бинои Фудургоҳи байналмилалии Душанбе ҳаст, парвози ҳавопаймо самти Истанбул мебоист соати 06:20 дақиқа сурат мегирифт. Аммо бинобар барфрезии шадид дар Тоҷикистон, ҳавопаймо соати 11:30 дақиқа фурудгоҳи Душанберо тарк кард.

"Мувофиқи ҷадвал ҳавопаймо мебоист соати 6:20 парвоз мекард. Аммо бинобар номусоидии обу ҳаво парвоз ба таъхир афтод ва  танҳо соати 11:30 дақиқа сурат гирифт", - изҳор доштанд дар фурудгоҳи Душанбе.

Теъдоди парвозҳо аз Душанбе ба Стамбул ва Дубай афзоиш ёфтанд

Тибқи иттилои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", парвозҳо самти Истанбул ҳафтае як  маротиба, рӯзҳои панҷшанбе иҷро мешаванд.

"Вақти парвоз аз Душанбе 06:00, аз Истанбул 10:45 ба вақти маҳаллӣ мебошад", - таъкид кард манбаъ.

Тасмими барқарор намудани парвозҳо дар масири Душанбе-Истанбул тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии  бемории коронавирус ва бо назардошти риояи ҳатмии санитарию эпидемикӣ гирифта шудааст,гуфта буд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икром Субҳонзода.

77
Барчаспҳо:
Истанбул, таъхир, парвоз, Сомон Эйр
Место взрыва на нефтяном предприятии в Татарстане

Таркиши мудҳиш дар Татаристон ду кушта ва як захмӣ бар ҷой гузошт

0
(Таҷдидшуда 16:22 22.01.2021)
Дар як корхонаи истеҳсоли нафти Тотористон таркиш ба амал омад. Феълан аз чанд кушта хабар дода мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар як корхонаи нафти воқеъ дар деҳаи Болшое Нуркеевои Тотористон, таркиш рух дод. Дар ин бора ТАСС ва "Интерфакс" бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки то ҳол дар паи ин таркиш ду нафар ҷон бохта як нафари дигар захмӣ шудааст.

Тибқи иттилои манобеъ, як контейнер бо ҳавои фишурдашуда таркидааст. Ҳодиса ҳангоми санҷиши ҳавоии партоби об рух додааст.

Ногуфта намонад, ки Болшое Нуркеево дар ноҳияи Сармановски Тотористон ҷойгир аст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҷарбдида дар ҳолати вазнин ба беморхона фиристода шудааст.

Хадамоти матбуоти прокуратураи Тотористон марги ду нафарро тасдиқ кард.

Таркиши шадид дар бозори Бағдод: ду маргталаб 28 нафарро куштанду 75 касро захмӣ карданд

Ҳамзамон, шӯъба қайд кард, ки дар ҷои ҳодиса таркиш ба амал наомадааст.

"Ин ҷо контейнер кафида буд, таркиш ба амал наомадааст", - гуфт намояндаи прокуратура.

Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса дар корхонаи ҶДММ "Ширкатҳои хурди нафтии Тотористон" соати 09:50 ба вақти Маскав ҳангоми озмоиши ҳавоии агрегати партоби об дар минтақаи кушод рух додааст.

0
Барчаспҳо:
захмӣ, кушта, таркиш, Татаристон