День 13 января

Чор сол пеш Раҳмон ваъда дод, ки лимити барқ пурра бардошта мешавад: имрӯзи таърих

318
(Таҷдидшуда 19:48 12.01.2021)
Рӯзи сездаҳуми январ дар Того Рӯзи озодӣ, дар Русия Рӯзи матбуот ва дар Литва Рӯзи ҳимоятгарони озодӣ мебошад. Дар ин рӯз соли 2017 гуфта буд, ки лимити барқ пурра бардошта мешавад

Рӯзи 13 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1703 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи "Ведомости" нашр шуд.

Соли 1993 дар Порис Конвенсия дар бораи манъ намудани коркард, истеҳсол, ҷамъоварӣ ва истифодаи яроқи химиявӣ ва нобуд кардани он қабул карда шуд.

Соли 2000 бойтарин шахси ҷаҳон Билл Гейтс аз роҳбарии ширкати "Майкрософт" рафт ва ин вазифаро ба зиммаи Стив Болмер гузошт.

Билл Гейтс, архивное фото
© Sputnik / Григорий Сысоев
Билл Гейтс, архивное фото

Соли 2010 дар Ню-Йорк ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба масъалаи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар посдории сулҳ ва амният баргузор гардид.

Рӯзи 13 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010  Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул намуд, ки мувофиқи он дар баробари Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ба дигар бонкҳо, ба монанди "Ориёнбонк", "Агроинвестбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Бонки Эсхата" ҳуқуқи фурӯши саҳмияҳои НБО "Роғун" дода шуд.

День 30 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба Қонуни ҶТ "Дар бораи баҳисобгирии молиявӣ ва иқтисодӣ" - ро баррасӣ намуд.

Аз баҳси барқрасонӣ то омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги соли 2021 дар ҷаласаи Ҳукумат

Соли 2016 Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват кард, ки аз гардиши ғайриқонунии аcъори хориҷӣ боэҳтиёт бошанд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи эълон намудани соли 2017 "Соли ҷавонон" фармон имзо кард.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакат муроҷиатнома қабул намуд, ки дар он, аз ҷумла, зикр гардид: "Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ, 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ  бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд".

Ҳодисаҳои фавқуллодаи 13 январ дар ҷаҳон

Соли 1840 киштии чархии "Лексингтон", ки зери парчами ИМА аз Ню-Йорк ба самти Стонингтон (сахраҷазира) дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама шуд. Дар натиҷаи сӯхтор дар киштӣ 40 нафар ҷон доданд. 

День 8 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1892 дар обсангҳои зериобии баҳри Ҷанубии Чин киштии буғии британиёии «Namchow» суқут кард. Дар натиҷа 414 нафар кушта шуданд. 

Соли 1977 дар шаҳри Олма-Атои Қазоқистон ҳавопаймои Ту-104 сарнагун шуд. Ин ҳавопаймо мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот" буд ва бо хатсайри  SU-3843 ба Хабаровск-Новосибирск-Алмаато парвоз мекард. Ҳамаи 90 мусофир ва сарнишинони он ҳалок шуданд. 

Соли 1990 ҳавопаймои Ту-134А  ҳангоми фуруди изтирорӣ 49 килеметр дуртар аз фурудгоҳи "Колсевой"-и шаҳри Первоуралск (вилояти Свердлови Русия). Аз 71 нафар 24 тан ҳалок шуданд, се нафари дигар баъдан дар бемористон ҷон доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 январ

  • Дар Того — Рӯзи озодӣ.
  • Рӯзи матбуоти Русия.
  • Дар Литва — Рӯзи ҳимоятгарони озодӣ.

Рӯзи 13 январ кӣ ба дунё омадааст

Азимҷон Аминҷонов (1951) - доктори илми химия, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Юрий Гулкевич (1905 - 1979) - доктори илми тиб, профессор.

Гулчеҳра Наимова (1970)- шоира.

Дайламӣ Қосим (1904 - 1986) - журналист, яке аз поягузорони матбуот ва радиои тоҷик.

Манзура Кошонова (1959)- доктори илми иқтисод, профессор.

Юрий Светков (1906- 1967)- меъмор.

Фатҳулло Умаров (1897 - 1969) - коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҷамшед Усмонов (1965)- кинорежиссёр.

Фаррух Хоҷаев (1960)- рассом.

Алексей Шершавин (1903-1972)- доктори илми тиб, профессор.

318
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО

Қонунро иҷро намекунанд: интиқоди Ёдгор Файзов аз бархе роҳбарону раисони ноҳияҳои ВМКБ

2
(Таҷдидшуда 16:41 21.01.2021)
Раиси ВМКБ аз шикояти зиёд шаҳрвандон дар бораи нақзи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби бархе роҳбарони идораву муассисаҳо ва раисони ноҳияҳои вилоят таъкид кард

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар машварати ​васеи назди раиси вилоят  супориш дод, ки масъалаи мазкур​ таҳти назорати ҷиддӣ қарор​ гирифта, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар ин ҷаласа Ёдгор Файзов бо изҳори нигаронӣ аз иштироки ғайрифаъоли​ табақаҳои гуногуни​ вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба хусус дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва​ “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” гуфт, ки​ дар баробари толибилмони муассисаҳои таълимӣ бояд​ донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷи тиббӣ ва аъзои бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дар чунин озмунҳо иштирок намуда, маҳорати​ баланди донишандӯзӣ нишон диҳанд.​

​Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ​ дар ҳудуди ВМКБ​ зимни машварати васеъ​ мавриди таҳлил қарор дода шуда​, муовини комиссари ҳарбии вилоят Давлатбеки Абру​ дар ин бора маълумот пешниҳод намуд.

Қайд шудааст, ки давоми се соли охир​ даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳудуди вилоят дар муддати 1 рӯз иҷро гардида, ҷавонписарони ватандӯсту худогоҳи кишвар барои хизмати Ватан - ​ ихтиёрона ба хизмат  сафарбар гардиданд.​

Раиси ВМКБ​ Ёдгор Файзов роҳбарони шаҳру​ ноҳия ва комиссарони ҳарбиро даъват кард, ки барои​ ​ ​бо сифати баланд иҷро намудани нақшаи даъвати​ баҳорӣ ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи мамлакат аз имрӯз омодагӣ дида,​ анъанаи​ иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввалро идома диҳанд.

2
Барчаспҳо:
шаҳрванд, ноҳия, раис, интиқод, ВМКБ, Тоҷикистон
Мубинджон Ахмедов на соревнованиях

Баъди муолиҷаи захмҳои корд, Мубинҷон Аҳмадов ба тамрин шурӯъ намуд

18
(Таҷдидшуда 16:54 21.01.2021)
Мубинҷон Аҳмадов, ҷавонпаҳлавони шинохтаи тоҷик, ки дар оғози моҳи декабри соли 2020 дар пайи ҳамлаи як гурӯҳ ҷавонон дар Хуҷанд аз зарби корд захмин гашта буд, аз бемористон рухсат шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Аҳмадов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, табибони Бемористони шаҳрии № 1 - и Хуҷанд беш аз ду ҳафта захмҳои бардоштаашро тадобӣ намуда, дар поёни моҳи декабр барои рухсат шудан ба хонааш иҷоза додаанд.

Бино ба гуфтаи табибон, захми корд ба ноҳияи шуш ва гурдаи варзишгар осеб расонидааст.

"Худоро шукр, ки ҷарроҳии захмҳо ба хубӣ сипарӣ шуд. Ташаккур ба табибон, ки дар барқароршавии саломатии ман кӯшиш намуданд. Ҳоло кам-кам ба машқу тамрин сар кардаам", - гуфт варзишгар.

Мубинҷон Аҳмадов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи захминшавиаш аз зарби кордро нақл кард. Ӯ гуфт, "шоми санаи 6  декабри соли 2020, ҳамроҳ бо як гурӯҳ ҷавонон дар варзишгоҳи воқеъ дар боғи "Ғалаба" - и Хуҷанд футбол бозӣ кардем ва дар ҷараёни бозӣ бо як ҷавон "нофаҳмие" ба вуҷуд омада, аз ҳамдигар узр пурсида ба бозӣ идома додем.

" Баъди берун шудан аз варзишгоҳ ҳудуди 20 нафар бо он ҷавон якҷо шуда, бо корд ба ман ҳамла карданд. Дар шоми хира кӣ маро бо корд зад, дуруст дида натавонистам", - шарҳ дод Аҳмадов.

Аз Комроншоҳу Хушқадам то Баҳодур: 10 варзишгари беҳтарин Тоҷикистон аз нигоҳи АЖРВТ

Акбар Шарифӣ котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд ҳодисаи рухдода ба Аҳмадовро шарҳ дода гуфт, ки ду нафар аз омилони ҳамла ба варзишгар дастгир шуда, нисбати онҳо, ки яке хонандаи мактаб (15 - сола)  ва дигаре ҷавони 21 - сола аст, парвандаи ҷиноӣ ба ҷурми "авбошӣ" ва "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" оғоз карда шудааст.

"Кормандони милиса муайян кардаанд, ки ҷавони 21 ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии "Ғалаба", воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур бо ду ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

"Сипас ноболиғи 15-сола бо корд 1 маротиба ба шиками ҷавони 24-сола задааст. Баъдан, шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - гуфт манбаъ.

Мубинҷон Аҳмадов сокини 24 - солаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ барандаи медали бринҷии қаҳрамоии Осиё аз рӯи гуштини тарзи юнонӣ - румӣ дар вазни 63 кг аст, ки феврали соли 2020 дар шаҳри Деҳлии кишвари Ҳиндустон ба даст овардааст.

Ба ҷуз ин, ӯ соли 2019 дар чандин мусобиқаҳои минтақавию байналмиллалӣ дар кишвари Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Фаронса иштирок карда, мақоми ифтихориро ишғол намудааст. Ғолиби 5 каратаи Тоҷикистон аз рӯи гуштини тарзи юнониву румӣ дар вазни 63 кг аст.

Ӯ аз соли 2007 то соли 2018 дар мактаб ва Омӯзишгоҳи захиравии олимпии Русия дар шаҳри Маскав таҳсил кардааст. Шурӯъ аз соли 2018 ӯ ба кишвар баргашта, узви тими мунтахаби Олимпии Тоҷикистон мебошад.

Аҳмадов гуфт, мутаасифона бо сабаби рухдоди ҳодисаи рӯзи 6 декабр ба мусобиқаи ҷаҳонии шаҳри Белгарди кишвари Сербистон иштирок карда натавонист.

“Кӣ медонад, ки пагоҳ чӣ иттифоқе рух медиҳад, ба ҷуз Офаридгор ҳеҷ кас. Барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиядаи шаҳри Токиои Ҷопон омодагӣ мебинам ва умедворам, ки ба ин ниятам муваффақ гардам", - зикр кард варзишгар.

18
Барчаспҳо:
тамрин, корд, Хуҷанд, варзишгар