Соли 1925 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи "Новый мир" ("Ҷаҳони нав") нашр шуд.
Соли 1960 аввалин маротиба ҳавопаймои Ил-118 аз шаҳри Маскави Русия ба шаҳри Қоҳираи Миср парвози бетаваққуф анҷом дод.Соли 1964 табибони амрикоӣ аз конгресс даъват карданд, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи тамокуро вазифадор намояд, то дар қуттиҳои он дар бораи хатари он ба саломатӣ нависанд.
Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 1974 дар ИҶШС се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнат ва медали «Собиқадори меҳнат» таъсис дода шуд.
Соли 1995 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар шаҳри Кобеи Ҷопон беш аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 2018 расонаҳо хабар доданд, Вазорати корҳои хориҷии Амрико оид ба масъалаҳои сайёҳӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.
Соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.
Соли 1999 Радиои "Садои Душанбе" ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2003 бо мақсади такмили низоми идоракунии давлатӣ, президенти ҶТ Фармон дар бораи як қатор тағйирот дар ин низомро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ба ҳукумат оид ба барҳамдиҳии баъзе ширкатҳо дастур дода шуд.
Соли 2010 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Созмони ҳамкории Шанхай ва лоиҳаи низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ масъалаи барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷро баррасӣ намуд.
Соли 2011 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи тафтишотӣ оид ба мутобиқкунии лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти омода намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.
Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.
Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.
Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.
Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.
Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.
Соли 1938 - шоир Одина Мирак.
Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.
Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.
ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст ва рӯзҳои 6 ва 7 март дар саросари кишвар борон ва жола меборад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои атрофи он борон меборад. Вазиши бод амол метавонад дар як сония то 10-15 метр расад.
Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ° C ва рӯзона аз + 14 ° C гарм мешавад.
Ҳамзамон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ жола борида ва шамоли сахт аз имкон дур нест. Бориш метавонад дар шакли барф бошад ва ҳарорат дар кӯҳҳо шабона -2 ... + 3 ° C ва рӯзона 6-11 ° C шавад.
Дар Душанбе дар рӯзи Модарон ҳаво абрӣ хоҳад буд, аммо аксаран офтобӣ ва аз ҳама муҳимаш, бориш намешавад. Ҳарорати рӯзона тақрибан 17 ° C гарм мешавад. Ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд, вале бидуни боришот.
Дар вилояти Суғд, дар Хуҷанд, 7 март борон меборад, дар кӯҳҳо барф меборад, аммо 8 март ҳаво камабри бебориш мешавад.
Дар баъзе ҷойҳо дар шимоли кишвар туман мефарояд, ҳаврорати ҳаво рӯзона 13-15 ° C ва шабона + 3-8 ° C хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ° C сард ва рӯзона то 4 ° C гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои истироҳат баъзан боришот мешавад - борон ва барф меборад. Ҳарорат шабона то -2 ° C, рӯзона тақрибан 6 ° C гарм пешбинӣ шудааст.
Рӯзи душанбе - 8 март дар Хоруғ бориш дар назар нест, рӯзона 4-6 гарм мешавад. Дар Мурғоб шабона то 18-21 ° С сард пешгӯӣ мешавад.
Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар саросари вилояти Хатлон, борони шадид меборад, аммо то + 11-13 ° С гарм ва дар рӯзҳои истироҳат ҳарорат боз 10 дараҷа боло хоҳад рафт.