Празднование Ид аль-Фитр или Иди Рамазон

Хабари хуш: масҷидҳои Тоҷикистон боз мешаванд

3403
(Таҷдидшуда 15:13 20.01.2021)
Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 ба мақомоти зидахл дастур додааст, ки барои боз кардани масҷидҳо омодагӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ситоди мазкур аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.

“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1 феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, - гуфт манбаъ.

Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.

Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Азбаски ин тасмим қабл аз моҳи шарифи Рамазон гирифта шуд, баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ шуд.

Дар замони пандемияи "вируси корона" тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Омори COVID-19: Вазорат мегӯяд нест, табиб мегӯяд як кас ҳанӯз табобат мегирад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон қариб ду ҳафта ба ин сӯ эълон медорад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба "вируси корона" дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар шифохонаҳои ин кишвар бо ин ташхис бистарӣ нест ва ин вазъ роҳро барои боз кардани дари масҷидҳо боз кардааст.

3403
Барчаспҳо:
масоҷид, Кумитаи дин, Тоҷикистон
День 3 марта

Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих

23
(Таҷдидшуда 14:30 02.03.2021)
Рӯзи 3 март Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ, Рӯзи байналмилалии нависанда буда дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ ва дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ мебошад

Рӯзи 3 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.

День 2 марта
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.

Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.

Соли 1991 дар Латвия ва Эстония раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Соли 2009  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.

Соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон  20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.

Соли 2010 дар ноҳияи Ёвон  бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки  навбатии ҳайатҳои ҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба Президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: "Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад".

Ҷашнҳои рӯзи 3 март

  • Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нависанда.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ.
  • Дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1894 — Акашариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон. 

Соли 1919 — Александр Усенко, шоири русзабони Тоҷикистон. 

Соли 1940 — Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳаи энерджии Русия.

23
Барчаспҳо:
таърих, барои имрӯз, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Истеҳсоли "Фолксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих
110 сол пеш Тоҷикистонро заминҷунбии шадид ларзонду кӯли Сарез пайдо шуд: имрӯзи таърих
Мавлуди Гул Шералӣ ва ихтирои нахустин лифти электрикӣ: имрӯзи таърих
Дар Украина ҳукм қатл бекор ва дар Тоҷикистон афсарон соҳиби хона шуданд: имрӯзи таърих
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ иҷозатномаи "Вестерн Юнион ДП Восток" ва "Амонатбонк"-ро тамдид кард

80
(Таҷдидшуда 20:26 02.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи БДА "Амонатбонк" ва "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток"-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати панҷ сол тамдид кард

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, тамдиди иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" санаи аз 26 феврали соли равон тасдиқ ёфтааст.

"Бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии миллии "Корти миллӣ" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд", - таъкид доштааст Бонки милӣ.

Гуфта шудааст, ки мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шуда буд, беэътибор дониста шудааст.

Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ Идораи низоми пардохтро вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти зерин сабти дахлдорро ворид намояд.

Инчунин бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии "Вестерн Юнион" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳамчунин роҳбарияти Бонк, Идораи низоми пардохтро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ вазифадор намудааст.

80
Барчаспҳо:
Амонатбонк, тамдид, иҷозатнома, Бонки миллӣ, Тоҷикистон