Первый снег в Душанбе

Сард мешаваду меғ мефарояд: обуҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

136
(Таҷдидшуда 12:31 23.01.2021)
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии кишвар, дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво шабона  9-11 ва  рӯзона   6-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8-13 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва дар баъзе ноҳияҳо то 20-25  дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  29-34 ва рӯзона  15-20 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, рӯзона ҳавои бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук  ва рӯзона 9-14 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефароядҲаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

136
Барчаспҳо:
меғ мефарояд, сардӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Фармацевт выбирает лекарство в аптеке, архивное фото

Қазияи доруфурӯши "Осон - фарм" то пулис рафт: маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст

23
(Таҷдидшуда 17:46 06.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии зани 58 - сола хабар медиҳад, ки дар муддати 6 моҳи корӣ дар дорухона 30 ҳазор сомониро ба манфиати худ сарф кардааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-сола муроҷиат кардааст.

Қазия аз моҳи феврали соли 2020, оғоз шудааст, замоне, ки мард зани 58-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дар дорухонаи "Осон-фарм" ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул намудааст.

Дар муроҷиатномаи ин мард омадааст, ки номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 6 моҳи кориаш маводи дорувории фурӯхтаашро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба манфиати худаш сарф намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад.

Ба қавли ин мард то ҳол зан маблағро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят дорад, ки соли 2019 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Мард қарз доду чанде пас фавтид: қазияи бозпас гирифтани 200 ҳазор доллар то пулис рафт

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

23
Барчаспҳо:
қаллобӣ, маблағ, пулис, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Сел дар Даштак. Дарвоз

КҲФ аз тармафароию сел, резиши санг ва зиёд шудани сатҳи оби дарёҳо ҳушдор медиҳад

67
(Таҷдидшуда 17:35 06.03.2021)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки аз сайру гашт ба кӯҳҳо барои ҷаъоварии занбуруғ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Ожонси обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то рӯзи 9 март ҳавои Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд.

Гуфта мешуд, аз сабаби баланд шудани дамои ҳаво ва бориши эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад. 

Илова бар ин сатҳи оби рӯдхонаву дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ ва Ёхсӯ мерезанд, боло меравад.

Дар ин робита, КҲФ аз ҳарвандон ва меҳмонон даъват  мекунад, ки аз сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар зироатҳои дар минтақаҳои кӯҳӣ парваришёфта худдорӣ кунанд.

Кумита ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки дар селроҳаву нишебиҳо ва минтақаҳои тармарезу сангрез молчаронӣ накунанд. 

Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода инчунин аз аҳолӣ ва хадамоти коммуналии кишвар хоҳиш мекунад, ки бори дигар тамоми ҷӯйбору каналҳои минтақа ва назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Ҳамчунин кумита аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳое, ки эҳтимоли хатар зиёд аст, ба минтақаҳои тармахез нараванд ва агар сафари зарурӣ доранд, пас хеле эҳтиёткор бошанд.

67