Герб и флаг Таджикистана в Джабборском Расуловском районе

Бунёди нишони 22-метра дар маркази ноҳияи Айнӣ

184
(Таҷдидшуда 12:40 23.01.2021)
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ сохтмони Нишон ва Парчами давлатӣ ҷараён дошта, дар назар аст то ҷашни байналмиллалии Наврӯз ба истифода дода шаванд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти ноҳияи Айнӣ, майдони Нишон ва Парчам дар хиёбони Рӯдакӣ яъне маркази ноҳия бунёд гардида, атрофи он бо тарҳи хосса ороиш ёфта, барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Манбаъ зикр кардааст, ки лоиҳаи сохтмони Нишон ва Парчами давлатиро Корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар вилояти Суғд тарҳрезӣ намуда, он аз ҷониби ширкати “Зарафшон сохтмон” бунёд карда мешавад.

“Ҳоло корҳои сохтмонӣ бо суръат ҷараён дошта, сохтмончиён сутунпояи Нишонро, ки 22 метр баландӣ дорад, бунёд намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.

Саёҳати 10 сафири хориҷӣ дар "Саратоғ"-и Айнӣ: ба меҳмонон хӯроки милӣ пухтанд

Гуфта шудааст, ки ахиран раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз ҷараёни сохтмони Парчами давлатии Тоҷикистон дидан намуда, ба бинокорон супориш дод, ки нисбат ба бунёди ин иншоот муносибати ҷиддӣ намуда, аз масолеҳи хушсифат истифода баранд.

Гуфта мешавад, ки Парчами давлатӣ бо баландии 47 метр бунёд мегардад.

184
Барчаспҳо:
бунёд, парчам, нишон, Айнӣ, Тоҷикистон
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

Ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ қатъ шуд: ҳушдори КҲФ

89
(Таҷдидшуда 10:11 25.02.2021)
Дар пайи барфрезии ахир ҳаракати мошинҳо бас самти ду вилояти кишвар пурра қатъ шудааст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ муваққатан баста шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, тайи як рӯзи ахир бар асари боришоти шадид дар километри 67-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ва шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

"Кори рафъи оқибатҳои тармафароӣ идома дорад",-афзудааст манбаъ.

Ғайр аз он, дар давоми рӯзи гузашта наҷотдиҳандагон ронандагон ва мусофирони 28 автомашинаро, ки аз километри 65-ум то 73-юми роҳи Душанбе-Айнӣ банд буданд, берун овардаанд.

ГУфта мешавад, барои таъмини бехатарии ронандагон дар зимистон ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам аз ҷониби наҷотдиҳандагони шӯъбаҳои вокуниши Кумита посбонӣ карда мешаванд.

Ин ниҳод ҳамзамон аҳолиро аз хатари баланди резиши тарма, сангрезӣ, яхбандӣ, гардиши барф дар қисматҳои кӯҳистонии роҳҳо вобаста ба шароити обу ҳаво ҳушдор медиҳад.

Кумита хотиррасон мекунад, ки эҳтиёткор бошед ва ҳушёриро дар роҳҳо аз даст надиҳед, агар имконпазир бошад, аз ҳаракат дар қитъаҳои хатарноки роҳ, ҷамъоварии ҳезум ва сайругашт дар кӯҳҳо худдорӣ кунед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ инчунин ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки дар сурати яхбандӣ қоидаҳои ҳаракат ва масофаи заруриро дар шароити душвори обу ҳаво риоя кунанд.

89

Сабти боз як заминларзаи дигар дар Тоҷикистон

113
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза бо шиддати 4,1 балл ба қайд гирифта шуд, ки субҳи имрӯз рух дод

ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Дар Тоҷикистон субҳи барвақт заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.

Ларзиш соати 07: 11-и вақти Душанбе ба қайд гирифта шудаанд.

Қувваи заминҷунбӣ 4,1 баллро ташкил дод, он дар умқи 151 километр рӯй додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар бораи заминларзаи навбатӣ ҳоло шарҳ надодааст.

Ҳамзамон дар бораи хисорот ва ё талафот хабаре нест.

Инчунин маълум аст, ки қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон эҳсос нашудааст, масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу шарқ 497 километрро ташкил додааст.

35 километр дуртар аз Мурғоб: тафсилоти заминларзаи шоми дирӯз дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин заминларзае нест, ки дар давоми ин моҳ аз ҷониби пойгоҳҳои сейсмикӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар моҳи феврал тақрибан 10 чунин ларзиш рух дод.

113