Пластиковый пакет на улице, архивное фото

Истиқболи Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз роҳандозии коркарди партов дар шаҳри Турсунзода

55
(Таҷдидшуда 13:50 25.01.2021)
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар шаҳри Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода, корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то як тонна партовҳои полиэтилениро коркард менамояд.

Манбаъ таъкид намуд, ки аз партовҳои полиэтилении коркардшуда дар ҳаҷмҳои гуногун лӯлаҳои обгузар истеҳсол шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъкид кардааст, ки ин иқдоми пешгирифтаи соҳибкорон барои беҳдошти муҳити зист ва нест намудани партовҳои полиэтиленӣ мусоидат менамояд.

Таъкид шудааст, ки барои ҳар як килограмми партовҳои полиэтилении ҷамъовардашуда аз тарафи сокинон ба онҳо маблағи муяйн пардохт карда мешавад. Ин тамоюл ҳавасмандии алоқамандонро афзун намуда, ба ин васила амнияти экологӣ дар муҳити зист таъмин таъмин мешавад, изҳор дошт Кумита.

Ашёҳои полиэтиленӣ, ки ба далели арзонӣ дар замони муосир зиёд истифода мешаванд, яке аз мушкилоти аслии экологӣ арзёбӣ мешавад, чун ба гуфтаи коршиносони ҳифзи муҳити зист ин намуди партовҳо хеле дер пӯсида мешаванд.

55
Барчаспҳо:
коркард, партов, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Тоҷикистон
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

171
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

171
Сафири Афғонистон ба мулоқоти генерал Зуҳуров рафт

Дидори сафири Афғонистон бо Зуҳуров ва изҳори сипоси генерал аз Ағбар

214
(Таҷдидшуда 21:13 24.02.2021)
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба дидори генерал Сайдамир Зуҳуров рафт ва аз меҳмондории собиқ раиси КДАМ изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар бо собиқ раиси амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамир Зоҳуров дар манзили зисташ мулоқоти дӯстона анҷом дод, хабар медиҳад Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон.

"Мақсади ташриф арҷгузорӣ ба ҷаноби Зоҳуров, вазири собиқи тоҷик ва эҳтиром ба муносибати Рӯзи Артиш ва Қувваҳои Амнияти Тоҷикистон буд", - менависад манбаъ.

Манбаъ меафзояд, "бешак, ҷаноби Зуҳуров яке аз шахсиятҳои миллӣ ва фаъоли амниятии Тоҷикистон ва дӯсти деринаи мардуми Афғонистон аст, ки дар замони муқовимат бо мардуми Афғонистон робитаи мустақим дошт ва дар ҳамкорӣ дар ироаи кумак дареғ надошт".

Дафтари матбуотӣ меафзояд, ки далели хотираҳои неки ҷаноби генерал, аксе бо қаҳрамони миллии Афғонистон аст, ки дар девори хонааш овезон аст.

Зуҳуров гуфтааст, ки сафири Афғонистон барои ташрифаш миннатдор аст ва аз мардуми афғон хотираҳои хубе дорад.

Ёдрас мешавем, дирӯз Сайдамир Зуҳуров, ки мардуми Тоҷикистон унвони генерали халқиаш додаанд, 70-солагиашро ҷашн гирифт.

Сафири Афғонистон ба дидори генерал Саидамир Зуҳуров рафт
Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон
Сафири Афғонистон ба дидори генерал Саидамир Зуҳуров рафт

Ӯ  аз мутахассисони ҳирфаӣ ва саршиноси кишвар аст, ки дар сулҳу ваҳдати миллӣ ҳам саҳми босазое гузоштааст. Генерал, феълан пас аз сарнишинӣ дар чанд ниҳодҳои кишвар, аз ҷамла КДАМ бознишаста аст. Худаш, баъди чанд ҷарроҳии ҷиддӣ, "зинда монданашро мӯъҷиза медонад".

214
Барчаспҳо:
мулоқот, сафир, Саидамир Зуҳуров