ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ аз Прокурори генералӣ талаб намуд, ки шомилшавии шаҳрвандони кишварро ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пешгирӣ намоянду таъмини амнияти иттилоотии кишварро пурзӯр созанд.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ барои пешгирию коҳиши ҷиноёти авбошӣ, бахусус аз ҷониби наврасону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани ҳолатҳои сохтакорӣ ва изофанависии ҳисоботҳои оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ дастур дод.
Ҷилавгирӣ аз савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, аз байн бурдани шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар рафти таҳқиқу тафтиши пешакӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатию тафтишотӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз бандҳои дигаре буданд, ки раиси Маҷлиси миллӣ ба онҳо таъкид кардааст.
Ӯ инчунин хостори таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, раванди муҳоҷират ва ҳифзи сиҳатии мардум, баррасии пурра ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ шудааст.
Дар баробари ин Рустами Эмомалӣ таъкид намудааст, барои пешгирии содиршавии ҷинояту муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки боиси расонидани зарарҳои ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, тадбирҳои муассир андешида шаванд.
ДУШАНБЕ, 2 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6174 то 13.8100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1527 то 0.1540 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1515 - 0,1540 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1515 то 0.1545 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.
Пешгӯиҳо дар мавриди қурби рублу доллар дар моҳи март
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".
Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.
Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.
Соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.
Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.
Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.
Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Соли 1946 - журналист Мухиддин Олимпур.
Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.
Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.