Похороны в Таджикистане, архивное фото

Мотам дар Донишгоҳи Хуҷанд: Масаид Шерматов, ихтироъкори маъруфи кишвар аз олам даргузашт

3953
(Таҷдидшуда 13:14 26.01.2021)
Масаид Шерматов, профессори кафедраи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар синни 77 - солагӣ ба зиндагӣ падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Мусобек Мироватов, яке аз шогирдони марҳум дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки олими варзида, инсони ҳақиқатхоҳу хоксор Масаид Шерматов рӯзи гузашта аз дунё даргузашт.

“Рӯзи гузашта маросими поси хотира доир гардид ва дар он  ректори донишгоҳ, омӯзгорону ҳамкорон ва шогирдони марҳум иштирок карданд. Даргузашти Масаид Шерматов талафоти ҷуброннопазир дар соҳаи физикаи тоҷик аст. Ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият баён менамоем”, - зикр кард Мироватов.

Масаид Шерматов профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 20 майи соли 1944 дар дехаи Хиштхонаи ҷамоати Понгози ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Таҳсили ибтидоиро нахуст дар мактаби ҳафтсолаи №13 ва баъдан дар мактаби №7 ба номи устод С. Айнӣ дар деҳаи Бободархон давом додааст.

Баъди хатми мактаби миёна соли 1961 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Хуҷанд меояд ва ба факултети физика ва математикаи Институти давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод ҳозира Хуҷанд ба номи С.М. Киров (алҳол МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) дохил мешавад.

Соли сеюми таҳсил Шерматов бо хохиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи Ватан-Модарро сарбаландона адо намудааст.

Соли 1969 Донишкадаро хатм намуда, соҳиби дипломи аълои мактаби олӣ мегардад. Шерматов фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби №1-и шаҳри Қургонтеппа, ҳозира Бохтари Хатлон оғоз намуда, як сол баъд ба факултети физикаю математика дар донишкада ба кор даъват карда мешавад. Аз ҳамин замон ин олими фарҳехта ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мешавад.

Бобоҷон Азизов - ҳунарманди маъруфи тоҷик даргузашт

Солхои 1970-1971, Шерматов ба Душанбе сафар намуда, ба сифати муҳаққиқ-коромӯз дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) адои вазифа менамояд. Соли 1972 ӯ ба шуъбаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳи физикию техникаи ба номи А. Ф. Иоффеи шаҳри Ленинград (алҳол Санкт-Петергбург) дохил мешавад ва соли 1976 онро бомуваффақият хатм мекунад.

Соли 1978 М. Шерматов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи "Хосиятҳои махсуси деформатсионӣ ва вайроншавии полимерҳои самтнокшуда дар шароити сохторашон ноустувор" аз рӯи ихтисоси физика-математика дифоъ мекунад.

Ҳамин тавр, ӯ аввалин шогирди Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд буд, ки дар ин марказ соҳиби унвони илмӣ гаштааст.

Ҳамкорӣ бо устодони пурмаҳсул ба монанди А. И. Слутскер ва В. С. Куксенкоро барои худ мояи ифтихор медонад. Шерматов аз соли 1981 то ин вақт 34 ихтироъи илмӣ карда, дар 30 тои он ба гирифтани патент комёб шудааст.

Ба ин далел ӯ аз муваффақтарин олимони тоҷик ба шумор меравад. Тадқиқотҳои ӯ аз ҷумла ба наххои табииӣ - пахта, абрешим ва пашм нигаронида шудааст.

Соли 2009  Шерматов ба гирифтани унвони “Бехтарин ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф шудааст.

Ӯ  50 сол ин ҷониб ба шогирдон дарс мегуфт ва ба гирифтани унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи муҳандисии кишвар ва аъзои фахрии Академияи улуми Ню-Йорки ИМА, сарвари ихтироъкорони Донишгоҳ, раиси Шӯрои собиқадорони факултети физикаю техника мебошад. Бино ба иттилои дарёфтӣ ҷанозаи Шерматов дар зодгоҳаш деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт ба хок супорида шудааст.

3953
Барчаспҳо:
донишгоҳ, ихтироъкор, даргузашт, Хуҷанд
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото

Фейсбук сафҳаҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо мудиронашон бастааст

31
(Таҷдидшуда 12:41 09.03.2021)
Дасти кам даҳ ширкати тоҷикӣ баста шудани сафҳаҳои худ дар Фейсбукро таъйид карданд. Сабаби ин иқдомро Фейсбук шарҳ надодааст

ДУШАНБЕ, 09 мар — Sputnik. Яке аз масъулони ин ширкатҳо, ки нахост номаш фош шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тариқи почтаи электронӣ як мактуберо дарёфт кардаанд, ки дар он гуфта шудааст, шумо аз “мудирияти тиҷорӣ” – ии Фейсбук ҳазф карда шудаед.

“Дар идома омадааст: “Ин бад-он маънӣ аст, ки шумо дигар ба ҳисобҳои рекламавӣ ё сафаҳоте, ки ба унвони корманди ширкат бо онҳо кор кардаед, дастрасӣ надоред. Агар фикр мекунед набояд ҳазф мешудед, бо мудири Мудирияти тиҷорӣ тамос гиред”.

Ин паём ирсол шудааст: Facebook, inc., Таваҷҷуҳ: Пуштибонии ҷомеа, 1 Facebook way, Menlo Рark, CA 94025”, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба ҳамин минвол, тоҷирон ва афроди масъули ширкатҳо, ки аз Фейсбук ҳазф шудаанд, ҳам ба сафҳаи ширкат ва ҳам ҳисобҳои худ дар ин шабака дастрасӣ надоранд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ метавонад муҳтавои қаблан гузошташуда аз сӯи ширкат ё худро бубинад, аммо амалан коре дар онҳо карда наметавонад, ҳатто наметавонад “лайк” гузорад.

“Аз рӯи таҳлилҳои мо, ҳамон сафҳаҳое ҳазф шудаанд, ки тариқи имейли худ ё ширкат дар Фейсбук сабти ном шудаанд. Асосан админ ё мудирони сафҳаҳоро ҳазф кардаанд. Онҳое, ки сафҳаҳояшонро тариқи рақамҳои телефонҳои худ сабти ном кардаанд, алъон аз дасти бераҳми Фейсбук дар амонанд. Мо ду рӯз пеш ба “мудирияти тиҷорӣ” – и Фейсбук навиштем, ки сабабҳои ҳазф карданро шарҳ диҳад. То ба ҳол посухе нест”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Моҳи ноябри соли равон Фейсбук як сафҳаи маъруф дар Тоҷикистон – “Ман Хуҷандро дӯст медорам” – ро ба хотири ҷой додани рекламаи маводи тиббӣ дар замони пандемияи “вируси корона” баста буд.

Фейсбук ба мудирони ин гуруҳ ваъда супурда буд, ки як моҳ пас посухи боз кардан ё дигар боз накардани сафҳаашонро хоҳад дод.

Аммо 6 моҳ мегузараду аз санг садо ҳаст, аз Фейсбук на. 3 марти соли равон Кумитаи андози Тоҷикистон хабар дода буд, ки сомонаи иҷтимоии Facebookро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кардааст.

Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард

Аммо дар навбати худ Фейсбук низ саҳафоти ширкатҳои тиҷории Тоҷикистонро андоз мебандад ё хайр, ё онҳоро ҳам мисли сафҳаи “Ман Хуҷандро дӯст медорам” моли таърих хоҳад кард, як суоли боз аст.

31
Барчаспҳо:
сафҳа, Фейсбук, Тоҷикистон
Ливень, архивное фото

Ҳавошиносон дар Тоҷикистон аз раъду барқ ​​ва боришоти шадид ҳушдор медиҳанд

84
(Таҷдидшуда 11:57 09.03.2021)
Се рӯзи оянда дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад, офтоб бо раъду барқи шадид иваз мешавад

ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз раъду барқ ​​огоҳ мекунанд, ва баъзан боридани жоларо имконпазир медонанд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар Душанбе имрӯз ҳаво абрист, бориш намешавад, аммо пагоҳ ва то 11 март борон меборад ва раъду барқ ​​мешавад. Ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона + 17  дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ боришот дар шакли барф, инчунин дар баъзе ҷойҳои раъд барқ шуда, дар кӯҳҳо шабона 1-6 ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд, имрӯз бошад бебориш мешавад ва аллакай 10 март дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад.

Дар водиҳо шабона тақрибан 3-8 ва рӯзона то 17 дараҷа гармӣ, аммо дар кӯҳҳо шабона то аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 10 то 13 март барф меборад, раъду барқ мешавад ​​ва рӯзона борон меборад. Дар ғарби ВМКБ шабона 3-8 ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм, дар шарқи Помир шабона то -31 дараҷа сард мешавад.

Дар ҷануби Тоҷикистон, вилояти Хатлон туман мефарояд, аммо бориш танҳо рӯзи чоршанбе пешбинӣ шудааст.

Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 4-9  ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.

84
Полицейские дежурят во время Марша свободы на одной из улиц Парижа

Шарики қотиле, ки муаллимро дар Фаронса кушт тоҷикистонӣ будааст

0
(Таҷдидшуда 12:38 09.03.2021)
Муфаттишони фаронсавӣ шахсияти як шарики тундгарои исломӣ дар Сурияро, ки чанде пеш дар наздикии Париж сари муаллими мактабро аз танаш ҷудо карда буд, муайян карданд

ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Кормандони амният шарики террористеро, ки дар Фаронса сари муаллими мактабро аз танаш ҷудо карда буд, муайян карданд. Шарики ӯ зодаи Тоҷикистон будааст, иттилоъ додааст ТАСС дар истинод ба рӯзномаи Le Parisien.

Шарики ӯ Фарук Шомӣ будааст, ки узви фаъоли гурӯҳи террористии "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" (мамнӯъ дар Русия), ки дар қаламрави Сурия фаъолият мекунад, мебошад.

Маҳз бо ҳамин нафар Абдуллоҳ Анзорови 18-сола, қабл аз сари муаллимро буридан дар коммунаи Конфланс-Сен-Онорин дар моҳи октябри соли 2020 суҳбат мекардааст.

Пеш аз он, ки полис Анзоровро безарар гардонд, ӯ паёмҳои охиринашро дар Instagram ба корбари Dnevnik_71 навишт, ки зодаи Тоҷикистон Фарук Шомӣ будааст.

Дар сомоани худ ин мард худро ҳамчун як рӯзноманигори мустақил муаррифӣ мекунад. Ӯ фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Сурияро таблиғ мекунад.

Аммо, тавре ки нашрияи фаронсавӣ қайд кардааст, дар асл ӯ узви фаъоли гурӯҳи террористии дар боло зикршуда мебошад.

Маълум шуд, ки номбурда бо Анзоров дар мавзӯи динӣ суҳбат мекардааст. Дар навбати худ ҷавон бо ӯ дар бораи хоҳиши ба Сурия рафтан ва баъдтар - дар Фаронса "ҷиҳод кардан"-ро машварат мекардааст.

"Агар тафтишот дар ин марҳила имкон надиҳад, ки ӯро кӣ назорат мекард, Аммо тамосҳои сершумори қотил бо тунгароёни исломӣ дар Сурия боиси  нигаронӣ шудааст. Ҳамзамон суоле матраҳ аст, ки чаро тунгароии ӯро пештар натавонистанд муайян кунанд",-  навиштааст рӯзномаи Le Парисиен.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ФБР-и Амрико, ки аз муфаттишони фаронсавӣ дастрас карданд, Шомӣ суҳбатҳояшро  ҳангоми дар вилояти Идлиби Сурия қарор доштанаш, мекардааст.

Ёдрас мешавем, ки шоми 16 октябри соли 2020 дар коммунаи Конфланс-Сен-Ононари Фаронса, як нафар дар назди як мактаб ба муаллими таърих ва ҷуғрофия Самуэл Пати ҳамла кард.

Ҷинояткор ҳангоми ҳамла сари муаллимро аз танаш ҷудо кард ва сипас ба кормандони пулис, ки ба ҷои ҷиноят ҳозир шудаанд, таҳдид карданӣ шуд аммо онҳо ӯро парронданд.

Раисҷумҳури Фаронса Эммануил Макрон ин амалро ҳамлаи террористӣ хонд.

0
Барчаспҳо:
Фаронса, муфаттишон, Париж, муаллим, Сурия, тоҷикистонӣ, Тоҷикистон