Дворец нации в городе Душанбе

Камабру бебориш: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

72
(Таҷдидшуда 14:33 26.01.2021)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарортаи ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 8-10 ва  рӯзона 4+6 дараҷа гарм  мешавад

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  27-32 ва рӯзона  15-20 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Шаб сарду рӯз гарм: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр  ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8-13 ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-10 ва  рӯзона 4+6 дараҷа гарм  мешавад.

72
Барчаспҳо:
гармӣ, абрӣ, Тоҷикистон, обу ҳаво
Жезл ГИБДД

БДА ронандагону пиёдагардони қонуншиканро сайд мекунад

3
(Таҷдидшуда 16:18 02.03.2021)
Кормандони Бозраси давлатии автомобилӣ ба қотири пешгирӣ кардан аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ амалиёти "Пиёдагард" - ро пиёда намудаанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми як моҳ амалиёти "Пиёдагард" роҳандозӣ шуд, хабар медиҳад Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВУД.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкурро кормандони БДА ба хотири коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ рӯи даст гирифтаанд.

Амалиёт аз 2 март то 2 апрел дар тамоми роҳу шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ доир мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар амалиёти "Пиёдагард" дар баробари ошкору пешгирӣ кардани қоидавайронкунии ронандагон, ҳамчунин пиёдагардон низ мавриди назорати корманди пулис қарор мегиранд, зеро дар аксар вақт омилони сар задани садамаҳои мудҳиш маҳз роҳгузарон мебошанд.

"Ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки ҷойҳои мамнӯъ убур мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд", - таъкид мегардад дар хабари раёсат.

Кормандони БДА аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар аксар ҳолатҳо, пиёдагардон ҳангоми убур намудани роҳи автомобилгард бо телефони мобилӣ суҳбат менамоянд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.

3
Барчаспҳо:
пиёдагард, БДА
Преступник за решеткой

Исфандиёр барои ҷалби тоҷикистониён ба сафи ДИИШ 5,5 сол зиндон шуд

158
(Таҷдидшуда 15:08 02.03.2021)
Айбдоршуда ба 5 солу 6 моҳ маҳкум шуд ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Осиёи Миёна дар шаҳри Санкт-Петербург барои кумак ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба панҷу ним сол зиндон маҳкум ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ равона шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Идораи минтақавии ФСБ-и Русия.

"Акрамов Исфандиёр дар тарғиби ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои сафар ба Сурия ба хотири иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуд", - омадааст дар иттилоия.

Айбдоршаванда ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Номбурда дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳад кард.

Ҳукм аз ҷониби додгоҳи сайёри ҳавзаи низомии дувуми Ғарбии Русия содир карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон барои терроризм маҳкум шуда буд. Додгоҳи Олмон шаҳрванди Тоҷикистонро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Олмон як бахши гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таъсис дод. Номбурда ба шариконаш кӯмакҳои молиявӣ мерасонд ва тасмим дошт дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад.

158
Барчаспҳо:
тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён, ДИИШ, зиндон, террористӣ, Русия