ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ба иттилои бахши панҷакентии ин ниҳод, бар асари таркиши як баллони гази моеъ дар ошхонаи Самарқанд воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 157-и шаҳр 23 нафар кормандони ҳамин ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд.
Манбаъ мегӯяд, ҳоли се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва ду нафар аз ҷумлаи мардон, ки ҳарду ҳам 27-солаанд вазнин гузориш шудааст.
"Дар Шӯъбаи эҳёгарӣ се зани аз 37 то 72-сола бистарианд, ки табибон ҳоли онҳоро ҳам чандон хуб арзёбӣ намекунанд",-афзудааст манбаъ.
Вазъи саломатии 9 зан ва ва 5 мардро вазнини миёна арзёбӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, аз миёни ин ҳама танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли сокинони кишвар дархост кардааст, ки дар ин фасли сармо дар истифода аз баллонҳои гази моеъ эҳтиёт кунанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
Инфиҷори балони газ дар ноҳияи Рӯдакӣ: як нафар ҷон бохту як тани дигар бистарӣ шуд
Ёдовар мешавем, ин ҳодиса 25 январ сар зада буд, ва КҲФ ҳамакнун маълумоти дақиқро дар бораи зарардидагон интишор кард.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Мирзоисмон Гиёзода, раиси додгоҳи шаҳри Душанбе бо медали “Барои мусоидат” қадрдонӣ гардидааст.
Тибқи иттилои додгоҳи Душанбе, фармон дар бораи қадрдонии Гиёзодаро генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 20 феврали соли равон имзо кардааст.
Манбаъ афзуд, медалро муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат дар вазъияти тантанавӣ ба Гиёзода тақдим намуд. Дар итттилоияи додгоҳ сабабҳои қадрдонии Гиёзода бо медал “Барои мусоидат” шарҳ дода нашудааст.
Раҳимзода қаблан низ бархе аз мақомдорони давлатиро бо медал “Барои мусоидат” қадрдонӣ карда буд.
Аз ҷумла ин медалро Шамсиддин Орумбекзода, вазири вақти фарҳанг ва муовини якумаш Маҳмадсаид Пирзода гирифта буданд.
Он замон далели тақдими медал, ҳамкориҳои судманду самаранок, дастгирии маънавӣ ва таҳияи чорабиниву маъракаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ шуда буд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширин Амонзода мавзӯъҳои музокирот миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди муҳоҷирони меҳнатиро баён дошт.
Амонзода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки вазорат дар асоси дархости корфармоёни Русия, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, барои гирифтани иҷозаи вуруд ба ин кишвар тавассути хатсайрҳои чартерӣ гуфтушунид дорад.
Содагардонии ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасии авфи муҳоҷирати навбатӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлат, дар бораи бо нафақа таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар Федератсияи Россия кор мекунанд, аз мавзӯъҳои дигари музокирот бо Русия мебошанд, хабар додааст Амонзода.
Вазири меҳнат ва муҳоҷират илова намудааст, ки солҳои охир бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.
Ӯ зикр намуд, ки аз ҷумла, соли 2018 бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва соли 2019 бо Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расид.
“Айни замон бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум бо Давлати Қатар гурӯҳи кории ҷонибҳо таъсис ёфта, 2 декабри соли 2020 ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ (тавассути муоширати визуалӣ) доир шуд, ки дар он масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд”, - изҳор доштаст вазир.
Амонзода таъкид кардааст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и назди вазорат бо ширкати “Роял фелком секюрити”-и Амороти Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ омода гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор дорад. Бо Ҷумҳурии Корея низ корҳо дар ин самт ҷараён доранд, изҳор доштаст вазир.