Женщины слушают президента Таджикистана Эмомали Рахмона в обращении к Парламенту

“Шерше ля фам” “Занро биҷӯед”: Ҳукумат ба занон имтиёз диҳад ё рақобати озод бо мардон?

593
(Таҷдидшуда 20:42 27.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зиёди худро ба ҳузури занон дар мақомҳои давлатӣ ва ҳузури муассири онҳо дар ҷомиа пӯшида намедорад. Ӯ боре дар як суханрониаш гуфта буд, ки онҳо дар қиёс бо мардон аз омоли коррупсионӣ парҳез мекунанд ва дар кори худ садоқат доранд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми солонааш ба парлумон низ рӯзи 26 январ аз дастовардҳои сиёсаташ дар баробари занон бо қаноатмандӣ суҳбат кард. Вай бо изҳори миннатдорӣ гуфт, аксари ташаббусҳои ӯро бонувон пуштибонӣ мекунанд, ҳатто онҳо дар интихоби ӯ ба симмати президенти Тоҷикистон дар интихоботи президентии соли гузашта аксарият буданд.

“Ба иззати нафси мардон намерасем, даст болои сина монда, ҳақашро бояд гӯем. Аз ҳама корҳои вазнину душвори зиндагӣ дар Тоҷикистон бар дӯши кӣ аст? Дар саҳро кӣ кор мекунад? Кӣ заҳмат мекашад? Кӣ маҳсулот истеҳсол мекунад? Аксарият кӣ аст? Мебинед-ку! Барои ҳамин мардҳо аз ман хафа нашавед, кор кунед”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои ӯ, ҳоло дар Маҷлиси миллӣ 8 (25,8%) ва Маҷлиси намояндагон 15 зан (23,8%) ҳузур доранд, ки дар қиёс бо парлумони қаблӣ 4% зиёданд ва саҳми онҳо дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе - 41,5, вилоятҳои Хатлон - 35, Суғд - 33, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 34 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30%-ро ташкил мекунад. Вай афзуд, аз 19 ҳазору 210 хизматчии давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

“То он вақте ки ҳастам, ҳамин сиёсати худро барои дастгирии занон идома медиҳам”, - гуфт Президент.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳузури занон дар илму маориф ва тандурустӣ торафт афзуда, ҳоло дар соҳаи маориф 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳудуди 68 фоиз бонувон кор мекунанд ва дар соҳаи кишоварзӣ 35 ҳазору 600 зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ буда, теъдоди соҳибкорони ҷинси латиф ба 77 ҳазору 400 тан расидааст.

“Ин теъдод кам аст. Фикр мекунам, шумораи онҳо зиёд мешавад”, - гуфт Президент.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2020 барои мусоидат ба боло бурдани сатҳи иқтисодии занон ба бонувони соҳибкор 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 3 декабри соли 1999 як фармон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" - ро содир намуда, дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки соли 2016 таҳия шуд, коҳиши нобаробарии гендерӣ дар асоси такмили сиёсати таъмини воқеии баробарии гендерӣ, пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ба яке аз афзалиятҳо табдил ёфт.

Аммо бо ин ҳам иктифо накарда, Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми дирӯзааш ба Кумитаи кор бо занон ва оила дастур дод, ки лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030" ва нақшаи амалисозии он барои солҳои 2021 – 2025 – ро таҳия ва пешниҳод кунад.

Омор такон нахӯрд

Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, сиёсати баробарии гендерӣ дар сатҳҳои боло ба кундӣ пеш меравад ва дар ҷомиаи суннатгарои Тоҷикистон то ба ҳол аз сиёсатҳои вижаи ҳукумат дар қиболи онҳо огаҳии комил надоранд. Талошҳои ҳукумат низ натиҷаи мавриди назарро на ҳамеша дар пай дорад. Ба гунаи мисол, теъдоди раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тайи як соли гузашта дар қиёс бо соли 2019 ба ҳудуди 1 ҳазору 500 нафар коҳиш ёфтааст.

Ҷумъахон Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон, моҳи июли соли гузашта дар як нишасти матбуотӣ ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар ин робита гуфта буд, ки тибқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то соли 2020 саҳми занон дар хизмати давлатӣ бояд ба 30% расад.

“Аммо ташвиши мо ин аст, ки мо ба ин ҳадаф намерасем. Ҳар семоҳа ин масъала баррасӣ мешавад. Ин як мушкили давлат аст”, - гуфт Ҷумъахон Давлатов.

Тибқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон, шумораи занон дар миёни хизматчиёни давлатӣ то соли 2030 – соли охири ин барнома - бояд ба 40% расад. Масъулин мегӯянд, ин яке аз талаботи созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ аст, ки ҳузури камранги занон дар идораи давлатро нобаробарии гендерӣ ва нақзи ҳуқуқи занон арзёбӣ мекунанд.

Аммо тибқи омори ахире, ки Президенти Тоҷикистон ироа кард, ҳатто нақшаи Стратегия барои соли 2020 иҷро нашуд ва арқом ҳамоно дар сатҳи поёнанд. Ҳатто дар нимсолаи аввали соли 2020, замоне, ки тибқи омор, теъдоди хизматчиёни давлатии Тоҷикистон 18 ҳазору 562 нафар, аз ин 4 ҳазору 355 нафар зан (23,4%) ҳисоб шуда буд, дар охири сол бо вуҷуди афзудани шумора ба 19 ҳазору 210 нафар, ба шумули 4 ҳазору 485 зан, ин фисадӣ аз ҷой такон нахӯрд.

“Зан чиву кори давлат чӣ?”

Иддае аз огаҳони аҳвол бар инанд, ки бархӯрд ба зан дар ҷомиаи Тоҷикистон ҳамеша аз рӯи калиша (стререотип) – ҳо будааст ва на ҳамеша заминаи рақобати воқеии онҳо бо мардон фароҳам шудааст.

Ба қавли онҳо, агар дар гузашта мардон бар ин буданд, ки кори зан тарбияти атфол аст, ё мегуфтанд, “зан чиву кори давлат чӣ?”, солҳои ахир майдон барои онҳо боз шуда, худ ҳузури густардаашон, масалан, дар соҳаи маорифу тандурустӣ, далели ин аст, ки агар онҳо рақобати озод бо мардон дошта бошанд, худро беҳтар матраҳ мекунанд.

Рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода, ки дар гузашта солҳои тӯлонӣ дар хизмати давлатӣ будааст, мегӯяд, ҳамчун зан инро қабул надорад, ки як вазифа ба ӯ маҳз аз рӯи квота ба хотири зан буданаш дода шавад.

“Масалан, ҳатман як муовини сарвазир, ё яке аз муовинони вазир зан бошад. Ё фалон фисадии парлумону маҷолиси шаҳру навоҳиро бояд ба бонувон дод. Ин кор натиҷа дод, аммо барнома ё Стратегияро иҷро накард, зеро нобаробарии гендерӣ боқӣ монд. Занони арзанда зиёданд, аммо дар квота намеафтанд. Роҳи ҳал сода аст: конкурс ё ягон майдони рақобат бояд эҷод кард ва фарқ миёни зану мард набояд гузошт. Бигзор арзандатарин интихоб шавад. Дигар эҳтиёҷ ба ягон барнома намемонад. Аз сӯи дигар, стереотипҳои ҷомеа ҳанӯз ҳам ба ақлу истеъдоди зан арҷ намегузоранд. Аз ин хотир, ҷуз квота чораи дигаре нест, то замоне, ки занон бо мардон аз лиҳози иқтисодӣ низ рақобат накунанд”, - гуфт Ҳуринисо Ализода.

Дар ҳамин ҳол, рӯи дигари сикка кам будани маоши хизматчиёни давлатӣ аст, ки ҷазабаи корро на фақат барои занон, балки мардон низ кам мекунад. Тибқи иттилои Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон, то октябри соли гузашта фақат 87,5% - и бастҳои корӣ банд буданд ва бақия 12,4% мунтазири соҳибанд.

Бо ин вуҷуд, коршиносон бар инанд, ки баробарии гендерӣ дар идораи давлат тақозои давру замон ва гарави рушди кишвар аст ва дер ё зуд ҳама гуна барномаҳо ба аҳдофи худ мерасанд, бахусус ки дар Тоҷикистон беш аз 50% аҳолиро занон ташкил мекунанд.

593
Барчаспҳо:
занон, Тоҷикистон
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд

Фирдавс Шарифзода ба аёдати Бибифайзӣ Қодироваи 95-сола рафт

17
(Таҷдидшуда 15:24 06.03.2021)
Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Хуҷанд чанд бонуи собиқадори арсаи сиёсат, маориф, саноат ва иҷтимоиёт аз ҷониби масъулини ҳукумати шаҳр аёдат карда шудан

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба манзили чанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат рафтанд, хабар медиҳад мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Мақомдорон аз ҷумла заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҶБВ, дорандаи Медали ҷашнӣ ба муносибати Иди Ғалаба Бибифайзӣ Қодироваи 95-соларо аёдат карданд.

Ахмадзода посетил бедных семей в Исфаре
Исполнительный орган государственной власти Согдийской области

Ҳамчунин сиёсатмадорон собиқадори меҳнат, ки тӯли 20 сол раиси Шӯрои занони маҳаллаи Сайҳун буд, Қутфинисо Раҳмоноваи 90-сола,  собиқадори меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳи ҶБВ, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Манзура Бобоҷоноваи 80-сола,  собиқадори меҳнат, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Муҳаррам Азимоваи 77-сола  ва чанд нафари дигар рафта, онҳоро аёдат намуду, бо иди  модарон табрик намуданд.

Дар навбати худ аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар гашта, миннатдории худро баён намуданд.

Модарон шукронаи нозу неъмат ва амну осиштагии мамлакат намуда, баҳри оромиву осоиштагии ҷумҳурӣ ва шукуфоиву пешравии он даст ба дуо бардоштанд.

Ёдрас мешавем, ки раиси вилояти Хатлон аз номи кишвардори Тоҷикистон сокини Бохтарро ба муносибати Рӯзи модарон табрик намуду ба ӯ калиди хона тақдим кард.

17
Барчаспҳо:
Рӯзи модарон, аёдати собиқадор, Хуҷанд
Мужчина совершает молитву на кладбище

Ду рӯз пеш аз зодрӯз: ҳунарманди шинохта Раҳмондӯсти Қурбониён ҳам даргузашт

330
(Таҷдидшуда 14:39 06.03.2021)
Раҳмондӯсти Қурбониён, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бештар дар филмҳои мазҳакавӣ нақш офарида буд

ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. Ҳунарманди театр ва синамои тоҷик, Раҳмондӯсти Қурбониён бар асари маризе имрӯз ҷаҳони фониро абадан падруд гуфт. Марги ин ҳунарманди номиро талафоти бузург дар соҳаи синамо ва театр арзёбӣ мекунанд.

Қурбониён 77 сол дошт ва то ҷашни солрӯзаш ҳамагӣ ду рӯзи дигар боқӣ монда буд. Марҳум Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва Ходиси шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ буд ва бисёртар дар филмҳои мазҳакавӣ нақш меофарид. Ӯ бисёртар дар филмҳои мазҳавӣ нақш меофарид.

Дар робита ба даргузашти ин ҳунарманди босалиқа, аҳли Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ба наздикону пайвандони ва ҳамчунин ба мухлисони марҳум изҳори ҳамдардӣ намудаанд.

Дар таъзияномае, ки раёсати мазкур дар сафҳаи Фейбсук нашр намудааст, аз ҳунарманди марҳум ҳамчун, ҳаҷвнигори хушзавқ, инсони хубу дидадаро ёдоварӣ шудааст.

Зимнан, дар сафҳаи иҷтимоии Фейсбук даҳҳо нафар аз даргузашти Қурбониён изҳори таассуф намуда, дар ҳаққи марҳум дуо намудаанд.

Аз ҷумла Аҳрорзода Адабшоҳ Ҷума дар сафҳаи худ чанд аксе аз лаҳзаи филмбардорӣ бо иштироки ҳунарманди марҳум нашр намудааст.

Ҳамчунин, аҳли эҷоди Театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз марги Раҳмондӯсти Қурбониён изҳори таасуф намуда ба пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 март, Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

330