Монеты, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши сомониро нисбат ба пули хориҷӣ эълон кард

1231
(Таҷдидшуда 12:16 28.01.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тибқи нишондоди ин ниҳоди молии кишвар, арзиши рубл, ки дар оғизи соли ҷорӣ боло рафта буд, дубора ба нишондодҳои моҳи декабри соли гузашта, баробар шуд

ДУШАНБЕ, 28 янв— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1495 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ пас аз якбора боло рафтан дар соли гузашта, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7216 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1489 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1495- 0,1520 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1495 то 0.1525 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1480 то 0,1550 сомонӣ нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки доллар дар соли 2021 чӣ қадар поин хоҳад рафт

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

1231
Барчаспҳо:
беқурбшавии пули миллӣ, пули миллӣ, қурби асъор, Бонки Миллӣ
Дудмонии дарахтон дар Тоҷикистон барои ҳифз аз сармо, акс аз бойгонӣ

То -21 дараҷа хунук ва бебориш: ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

248
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 16-21 ва рӯзона  4-9 дараҷа хунук мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  4-6  дараҷа хунук ва рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.

248
Барчаспҳо:
борон, ҳаво, Тоҷикистон

Фармони Раҳимзода барои қадрдонии раиси суд бо медал “Барои мусоидат” - акс

868
(Таҷдидшуда 09:10 27.02.2021)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо имзои як фармон Гиёзода Мирзоисмон Қурбонро бо медал қадрдонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Мирзоисмон Гиёзода, раиси додгоҳи шаҳри Душанбе бо медали “Барои мусоидат” қадрдонӣ гардидааст.

Тибқи иттилои додгоҳи Душанбе, фармон дар бораи қадрдонии Гиёзодаро генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 20 феврали соли равон имзо кардааст.

Манбаъ афзуд, медалро муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат дар вазъияти тантанавӣ ба Гиёзода тақдим намуд. Дар итттилоияи додгоҳ сабабҳои қадрдонии Гиёзода бо медал “Барои мусоидат” шарҳ дода нашудааст.

Лутфуллозода Шавкат, муовини аввали раиси Суди Олӣ ва Гиёзода Мирзоисмон, раиси додгоҳи Душанбе
сомонаи суди Душанбе
Лутфуллозода Шавкат, муовини аввали раиси Суди Олӣ ва Гиёзода Мирзоисмон, раиси додгоҳи Душанбе

Раҳимзода қаблан низ бархе аз мақомдорони давлатиро бо медал “Барои мусоидат” қадрдонӣ карда буд.

Аз ҷумла ин медалро Шамсиддин Орумбекзода, вазири вақти фарҳанг ва муовини якумаш  Маҳмадсаид Пирзода гирифта буданд.

Он замон далели тақдими медал, ҳамкориҳои судманду самаранок, дастгирии маънавӣ ва таҳияи чорабиниву маъракаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ шуда буд.

868
Барчаспҳо:
медал, суд, Тоҷикистон
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

165
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

165
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон