Душанбе плаза

Таҷаммӯъи муштариёни “Тоҷпромбонк” дар назди бинои БМТ ва парлумон буд ё набуд?

469
(Таҷдидшуда 14:38 28.01.2021)
Расонаҳо хабар доданд, ки теъдоде аз муштариёни бонки варшикаст ва лағви муҷаввизшудаи “Тоҷпромбонк” бо таҷаммӯъ назди бинои Бонки миллӣ ва порлумони кишвар хостори бозгардондани пулҳои хеш шудаанд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik.  Расонаҳо хабар доданд, ки муштариёни "Тоҷпромбонк" зимни таҷаммӯъ қайд карданд, ки якчанд ҳафта аст натавонистаанд бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон дидор кунанд.

Гуфта шудааст, ки муштариён аз соли 2016 наметавонанд маблағҳои ба амонат гузоштаи худро аз "Тоҷпромбонк" пас бигиранду акнун даст ба домани Бонки миллӣ ва порлумони Тоҷикистон шудаанд.

Таҷаммуӯъгарон эълон карданд, ки панҷ ҳафта аст мехоҳанд бо Ҳоким Холиқзода раиси ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон дидор ва мушкили худро матраҳ кунанд, аммо муваффақ ба ин дидор нашуда ва ба сӯи порлумон рафтаанд.

Аммо манбаъ аз Бонки миллӣ хабар дод, ки касе дар назди бинои Бонки миллӣ таҷаммӯъе баргузор накардааст ва аз қазияи мазкур изҳори бехабарӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи парлумони Тоҷикистон Муҳамадато Султонов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки касе дар назди бинои парлумони кишвар таҷаммӯъ накардааст.

“Шояд таҷамӯъ ҷои дигаре баргузор шуда бошад, аммо ба назди парлумон барои таҷаммӯъ касе наомадааст”, - гуфт сухангӯи расмии парлумони кишвар.

Ёдрас мешавем, ки раиси "Тоҷпромбонк"  Ҷамшед Зиёев  моҳи декабри соли 2020 дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба иттиҳоми ихтилос, азхудкардани ғайриқонунии манобеи молӣ ва ихтисоси вомҳои калон ба наздиконаш ба 8 солу шаш моҳи зиндон маҳкуми шуд.

Мизони қарзи Тоҷпромбонк ба муштариён 59 миллион сомонӣ (муодили 5 миллиону 900 ҳазор доллар) аст, ки ҳар моҳ ба онон 400 сомонӣ пардохт мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2017 барои хуруҷи ин бонк аз бӯҳрони 450 миллион сомонӣ ба унвони вом дар ихтиёри ин ниҳод қарор дод, аммо авзоъ тағйир накард ва муҷаввизи фаъолияти он бекор шуд.

Парвандаи раиси "Тоҷпромбонк" ба додгоҳ меравад

Бо вуҷуди ваъдаи масъулони Банки миллии Тоҷикистон дар мавриди фурӯши амволи "Тоҷпромбонк" ва пардохти қарзи муштарёни ин барнома то ба ҳол иҷроӣ нашудааст.

469
Барчаспҳо:
парлумон, хостор, таҷаммуъ, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

473
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

473
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон

Дар Исфара яхдони "гармӣ" пайдо шуд - навор

367
"Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!" , навишта шудааст дар шишаи он, ки Яхдони меҳрубонӣ ном дорад

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Дар Исфара яхдоне пайдо шуд, ки дилҳоро нарму гарм мекунад, хабар медиҳанд шоирона расонаҳои маҳаллӣ.

Бино бар иттилои манобеъ, гап дар бораи "Яхдони меҳрубонӣ" меравад, ки барои ниёзмандон ташкил шудааст.

"Яхдони меҳрубонӣ" дар маркази шаҳри Исфара ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат  гузошта шудааст.

Аз он ҳамарӯза нафарони ниёзманд метавонанд ба таври ройгон маводи озуқа дастрас намоянд.

Ин амали нек аз ҷониби кормандони филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара роҳандозӣ гардидаву яхдони мазкур маҳз дар пешорӯи ҳамин ташкилот гузошта шудааст.

Дар рӯи яхдони меҳрубонӣ, ки дохилаш пур аз анвои гуногуни маводи озуқа мебошад, навишта шудааст, ки "Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!"

Сарвари филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара Абдуваққос Фаёзов мегӯяд, ки яхдон  аз ҳисоби ташкилот ва кормандони он бо маводи хӯрока пур карда мешавад.

Лекин нафарони дигари хайрхоҳу саховатманд низ метавонанд дар доираи қудрат ва тавон бидуни ҳеҷ як мушкилӣ тавассути ин яхдон ба ашхоси ниёзманд кумаки амалӣ расонанд.

Нони бепул ба ниёзмандон: иқдоми рамазонии "Амид" дар Хуҷанд

Дар "ИМОН Интернешнл", умед бар он доранд, ки "Яхдони меҳрубонӣ" дили афроди дороро нисбат ба мушкилоти ниёзмандон нарму қалби нафарони камбизоатро ба зиндагӣ гарм месозад.

367