ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Дар гузориши ҷадиди Созмони шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) дар бораи радабандии кишварҳо аз нигоҳи фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2020, Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон дар радифи 149 қарор гирифта, ки ҷойгоҳаш нисбат ба соли 2019 тағйир накардааст.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон фасодзадатарин ва Қазоқистон камфасодтарин кишвар муаррифӣ шудаанд.
Ӯзбекистон бо як пилла беҳбуди ҷойгоҳи хеш дар муқоиса бо соли 2019 дар радаи 146 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб
Пешсафҳои ин радабандӣ – Зеландияи Нав, Дания - 88 холӣ, Финляндия – 85 хол, Швейтсария, Сингапур ва Шветсия - 85 хол мебошанд.
Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Сомалӣ – 12 хол, Судони Ҷанубӣ – 12 ва Сурия бо 14 хол шомил шудаанд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Мирзоисмон Гиёзода, раиси додгоҳи шаҳри Душанбе бо медали “Барои мусоидат” қадрдонӣ гардидааст.
Тибқи иттилои додгоҳи Душанбе, фармон дар бораи қадрдонии Гиёзодаро генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 20 феврали соли равон имзо кардааст.
Манбаъ афзуд, медалро муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат дар вазъияти тантанавӣ ба Гиёзода тақдим намуд. Дар итттилоияи додгоҳ сабабҳои қадрдонии Гиёзода бо медал “Барои мусоидат” шарҳ дода нашудааст.
Раҳимзода қаблан низ бархе аз мақомдорони давлатиро бо медал “Барои мусоидат” қадрдонӣ карда буд.
Аз ҷумла ин медалро Шамсиддин Орумбекзода, вазири вақти фарҳанг ва муовини якумаш Маҳмадсаид Пирзода гирифта буданд.
Он замон далели тақдими медал, ҳамкориҳои судманду самаранок, дастгирии маънавӣ ва таҳияи чорабиниву маъракаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ шуда буд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.
Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.
Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.
Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.