Раҳмон гуфт дар соли гузашта чанд нафар дар Тоҷикистон соҳиби ҷои кор шуданд

383
(Таҷдидшуда 19:41 28.01.2021)
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни маҷлиси ҳукумат таъкид доштааст, ки дар соли 2020 дар ҷумҳури 300 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шудааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik.  Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, барои таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар соли 2020 дар кишвар 300  корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо 6500 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки дар ин маҷлис роҳбари Тоҷикистон Ҳукумати кишварро вазифадор намудааст, ки дар ҳафт соли оянда  барои ду баробар афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 10 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар созад.

Дар ҳамин ҳол зимни ҷаласа Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон қайд кард дар соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид.

Қоҳир Расулзода илова кард, ки ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд.

“Бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 — 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз  коҳиш ёфт”, - зикр кард сарвазири кишвар.

Ҳамзамон Қоҳир Расулзода илова кард, ки дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст.

383
Барчаспҳо:
Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, корхонаҳои саноатӣ, корхона, ҷои кор, Тоҷикистон
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото

Фейсбук сафҳаҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо мудиронашон бастааст

27
(Таҷдидшуда 12:41 09.03.2021)
Дасти кам даҳ ширкати тоҷикӣ баста шудани сафҳаҳои худ дар Фейсбукро таъйид карданд. Сабаби ин иқдомро Фейсбук шарҳ надодааст

ДУШАНБЕ, 09 мар — Sputnik. Яке аз масъулони ин ширкатҳо, ки нахост номаш фош шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тариқи почтаи электронӣ як мактуберо дарёфт кардаанд, ки дар он гуфта шудааст, шумо аз “мудирияти тиҷорӣ” – ии Фейсбук ҳазф карда шудаед.

“Дар идома омадааст: “Ин бад-он маънӣ аст, ки шумо дигар ба ҳисобҳои рекламавӣ ё сафаҳоте, ки ба унвони корманди ширкат бо онҳо кор кардаед, дастрасӣ надоред. Агар фикр мекунед набояд ҳазф мешудед, бо мудири Мудирияти тиҷорӣ тамос гиред”.

Ин паём ирсол шудааст: Facebook, inc., Таваҷҷуҳ: Пуштибонии ҷомеа, 1 Facebook way, Menlo Рark, CA 94025”, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба ҳамин минвол, тоҷирон ва афроди масъули ширкатҳо, ки аз Фейсбук ҳазф шудаанд, ҳам ба сафҳаи ширкат ва ҳам ҳисобҳои худ дар ин шабака дастрасӣ надоранд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ метавонад муҳтавои қаблан гузошташуда аз сӯи ширкат ё худро бубинад, аммо амалан коре дар онҳо карда наметавонад, ҳатто наметавонад “лайк” гузорад.

“Аз рӯи таҳлилҳои мо, ҳамон сафҳаҳое ҳазф шудаанд, ки тариқи имейли худ ё ширкат дар Фейсбук сабти ном шудаанд. Асосан админ ё мудирони сафҳаҳоро ҳазф кардаанд. Онҳое, ки сафҳаҳояшонро тариқи рақамҳои телефонҳои худ сабти ном кардаанд, алъон аз дасти бераҳми Фейсбук дар амонанд. Мо ду рӯз пеш ба “мудирияти тиҷорӣ” – и Фейсбук навиштем, ки сабабҳои ҳазф карданро шарҳ диҳад. То ба ҳол посухе нест”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Моҳи ноябри соли равон Фейсбук як сафҳаи маъруф дар Тоҷикистон – “Ман Хуҷандро дӯст медорам” – ро ба хотири ҷой додани рекламаи маводи тиббӣ дар замони пандемияи “вируси корона” баста буд.

Фейсбук ба мудирони ин гуруҳ ваъда супурда буд, ки як моҳ пас посухи боз кардан ё дигар боз накардани сафҳаашонро хоҳад дод.

Аммо 6 моҳ мегузараду аз санг садо ҳаст, аз Фейсбук на. 3 марти соли равон Кумитаи андози Тоҷикистон хабар дода буд, ки сомонаи иҷтимоии Facebookро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кардааст.

Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард

Аммо дар навбати худ Фейсбук низ саҳафоти ширкатҳои тиҷории Тоҷикистонро андоз мебандад ё хайр, ё онҳоро ҳам мисли сафҳаи “Ман Хуҷандро дӯст медорам” моли таърих хоҳад кард, як суоли боз аст.

27
Барчаспҳо:
сафҳа, Фейсбук, Тоҷикистон
Ливень, архивное фото

Ҳавошиносон дар Тоҷикистон аз раъду барқ ​​ва боришоти шадид ҳушдор медиҳанд

82
(Таҷдидшуда 11:57 09.03.2021)
Се рӯзи оянда дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад, офтоб бо раъду барқи шадид иваз мешавад

ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз раъду барқ ​​огоҳ мекунанд, ва баъзан боридани жоларо имконпазир медонанд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар Душанбе имрӯз ҳаво абрист, бориш намешавад, аммо пагоҳ ва то 11 март борон меборад ва раъду барқ ​​мешавад. Ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона + 17  дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ боришот дар шакли барф, инчунин дар баъзе ҷойҳои раъд барқ шуда, дар кӯҳҳо шабона 1-6 ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд, имрӯз бошад бебориш мешавад ва аллакай 10 март дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад.

Дар водиҳо шабона тақрибан 3-8 ва рӯзона то 17 дараҷа гармӣ, аммо дар кӯҳҳо шабона то аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 10 то 13 март барф меборад, раъду барқ мешавад ​​ва рӯзона борон меборад. Дар ғарби ВМКБ шабона 3-8 ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм, дар шарқи Помир шабона то -31 дараҷа сард мешавад.

Дар ҷануби Тоҷикистон, вилояти Хатлон туман мефарояд, аммо бориш танҳо рӯзи чоршанбе пешбинӣ шудааст.

Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 4-9  ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.

82
Полицейские дежурят во время Марша свободы на одной из улиц Парижа

Шарики қотиле, ки муаллимро дар Фаронса кушт тоҷикистонӣ будааст

0
(Таҷдидшуда 12:38 09.03.2021)
Муфаттишони фаронсавӣ шахсияти як шарики тундгарои исломӣ дар Сурияро, ки чанде пеш дар наздикии Париж сари муаллими мактабро аз танаш ҷудо карда буд, муайян карданд

ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Кормандони амният шарики террористеро, ки дар Фаронса сари муаллими мактабро аз танаш ҷудо карда буд, муайян карданд. Шарики ӯ зодаи Тоҷикистон будааст, иттилоъ додааст ТАСС дар истинод ба рӯзномаи Le Parisien.

Шарики ӯ Фарук Шомӣ будааст, ки узви фаъоли гурӯҳи террористии "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" (мамнӯъ дар Русия), ки дар қаламрави Сурия фаъолият мекунад, мебошад.

Маҳз бо ҳамин нафар Абдуллоҳ Анзорови 18-сола, қабл аз сари муаллимро буридан дар коммунаи Конфланс-Сен-Онорин дар моҳи октябри соли 2020 суҳбат мекардааст.

Пеш аз он, ки полис Анзоровро безарар гардонд, ӯ паёмҳои охиринашро дар Instagram ба корбари Dnevnik_71 навишт, ки зодаи Тоҷикистон Фарук Шомӣ будааст.

Дар сомоани худ ин мард худро ҳамчун як рӯзноманигори мустақил муаррифӣ мекунад. Ӯ фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Сурияро таблиғ мекунад.

Аммо, тавре ки нашрияи фаронсавӣ қайд кардааст, дар асл ӯ узви фаъоли гурӯҳи террористии дар боло зикршуда мебошад.

Маълум шуд, ки номбурда бо Анзоров дар мавзӯи динӣ суҳбат мекардааст. Дар навбати худ ҷавон бо ӯ дар бораи хоҳиши ба Сурия рафтан ва баъдтар - дар Фаронса "ҷиҳод кардан"-ро машварат мекардааст.

"Агар тафтишот дар ин марҳила имкон надиҳад, ки ӯро кӣ назорат мекард, Аммо тамосҳои сершумори қотил бо тунгароёни исломӣ дар Сурия боиси  нигаронӣ шудааст. Ҳамзамон суоле матраҳ аст, ки чаро тунгароии ӯро пештар натавонистанд муайян кунанд",-  навиштааст рӯзномаи Le Парисиен.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ФБР-и Амрико, ки аз муфаттишони фаронсавӣ дастрас карданд, Шомӣ суҳбатҳояшро  ҳангоми дар вилояти Идлиби Сурия қарор доштанаш, мекардааст.

Ёдрас мешавем, ки шоми 16 октябри соли 2020 дар коммунаи Конфланс-Сен-Ононари Фаронса, як нафар дар назди як мактаб ба муаллими таърих ва ҷуғрофия Самуэл Пати ҳамла кард.

Ҷинояткор ҳангоми ҳамла сари муаллимро аз танаш ҷудо кард ва сипас ба кормандони пулис, ки ба ҷои ҷиноят ҳозир шудаанд, таҳдид карданӣ шуд аммо онҳо ӯро парронданд.

Раисҷумҳури Фаронса Эммануил Макрон ин амалро ҳамлаи террористӣ хонд.

0
Барчаспҳо:
Фаронса, муфаттишон, Париж, муаллим, Сурия, тоҷикистонӣ, Тоҷикистон