Дворец нации в городе Душанбе

Дар Бадахшон хунукиву дар Душанбе гармӣ: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

1137
(Таҷдидшуда 12:45 29.01.2021)
Ожонси ҳавошиносӣ мегӯяд, дар шарқи ВМКБ ҳаво то 31 дараҷа хунук мешавад. Дар шаҳри Душанбе бошад то 15 дараҷа гамр шудани ҳаво дар назар аст

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 26-31 ва рӯзона 12-17 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Шаб сарду рӯз гарм: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  3-5 дараҷа хунук ва  рӯзона  13+15 дараҷа гарм  мешавад.

1137
Барчаспҳо:
Оҷонсии обуҳавосанҷӣ, Душанбе, Бадахшон
Ливень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года

Барфу борон ва меғу жола: ҳавои Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ чӣ гуна мешавад

495
(Таҷдидшуда 19:54 05.03.2021)
Охири ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда хоҳад шуд. Борону жола ва барф иваз мешавад, аммо дар рӯзи Модарон манзара тағйир хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст ва рӯзҳои 6 ва 7 март дар саросари кишвар борон ва жола меборад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои атрофи он борон меборад. Вазиши бод амол метавонад дар як сония то 10-15 метр расад.

Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ° C ва рӯзона аз + 14 ° C гарм мешавад.

Ҳамзамон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ жола борида ва шамоли сахт аз имкон дур нест. Бориш метавонад дар шакли барф бошад ва ҳарорат дар кӯҳҳо шабона -2 ... + 3 ° C ва рӯзона 6-11 ° C шавад.

Дар Душанбе дар рӯзи Модарон ҳаво абрӣ хоҳад буд, аммо аксаран офтобӣ ва аз ҳама муҳимаш, бориш намешавад. Ҳарорати рӯзона тақрибан 17 ° C гарм мешавад. Ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд, вале бидуни боришот.

Дар вилояти Суғд, дар Хуҷанд, 7 март борон меборад, дар кӯҳҳо барф меборад, аммо 8 март ҳаво камабри бебориш мешавад.

Дар баъзе ҷойҳо дар шимоли кишвар туман мефарояд, ҳаврорати ҳаво рӯзона 13-15 ° C ва шабона + 3-8 ° C хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ° C сард ва рӯзона то 4 ° C гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои истироҳат баъзан боришот мешавад - борон ва барф меборад. Ҳарорат шабона то -2 ° C, рӯзона тақрибан 6 ° C гарм пешбинӣ шудааст.

Рӯзи душанбе - 8 март дар Хоруғ бориш дар назар нест, рӯзона 4-6 гарм мешавад. Дар Мурғоб шабона то 18-21 ° С сард пешгӯӣ мешавад.

Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар саросари вилояти Хатлон, борони шадид меборад, аммо то + 11-13 ° С гарм ва дар рӯзҳои истироҳат ҳарорат боз 10 дараҷа боло хоҳад рафт.

495
Барчаспҳо:
бориши барфу борон, ҳушдори ҳавошиносон, боду ҳаво, Тоҷикистон
Вскрытие двери, архивное фото

Наҷоти се кӯдак дар Душанбе аз паси дари баста

103
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз наҷот додани се кӯдак, ки дар паси дари баста монда буданд, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодиса субҳи, 5-март рух додааст.

Аз ин ҳодиса сокини кӯчаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.

Cпасательная группа помогает жителю Душанбе открыть дверь
Cпасательная группа помогает жителю Душанбе открыть дверь

Тибқи иттилои КҲФ, дари манзили истиқоматиаш  аз дарун маҳкам шудаву се тифли ноболиғаш дар хона мондаанд.

Шуғнон: Сарбозон духтари 20-соларо, ки худро ба дарёи Панҷ андохт, наҷот доданд

Баъди дарёфти хабар, Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса расид ва дари шаҳрвандро бо истифода аз воситаҳои техникӣ боз кард.

"Кӯдакони дар хонамонда беосебу саломат ба модарашон супурда шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш низ дар Душанбе ҳодисаи ба ҳамин монанд рух дода буд. Он замон, ду ноболиғ дар манзили сокини пойтахт дар паси дари баста монда буданд ва низ аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ наҷот ёфтанд.

103
Барчаспҳо:
кӯдак, наҷотдиҳӣ, КҲФ ҶТ, Душанбе
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол