Судшаванда, акс аз бойгонӣ

Танҳо имзои Президент монд: кори адвокатҳо дар Тоҷикистон осонтар мешавад

280
(Таҷдидшуда 13:15 29.01.2021)
Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ тағйиот ба қонун “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” - ро қабул кард, ки баъди имзои раисиҷумҳур ва нашри расмӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дилшод Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният тағйироти ҷадид дар қонунро шарҳ дод.

“Мақсади қонун аз мутобиқ намудани он ба қонунҳои амалкунанда, ки барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ доштани иҷозатномаро хориҷ намудааст, иборат буда, дар сархати якуми қисми 2 моддаи 18, тағйир ворид карда шудааст”, - хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Раҳмон.

Ӯ дар мавриди мазмуни тағйирот таъкид намуд, ки минбаъд мулоқоти адвокат бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар парвандае, ки ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, дар асоси пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ ба роҳ монда мешавад.

Ин тағйирот дар ҳолест, ки қаблан аз камбуди адвокатҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ карда шуд. Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки дар бархе аз навоҳии кишвар ягон адвокат фаъолият надорад ва баъзан дар сурати зарурат вакилони дифоъ аз навоҳии дигар ҷалб карда мешаванд.

280
Барчаспҳо:
адвокат, тағйирот, қонун, Тоҷикистон
Площадь Сомони в Душанбе

Обуҳавошиносон: дар кишвар боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

7
(Таҷдидшуда 10:07 04.03.2021)
Обуҳавошиносони Тоҷикистон хабар доданд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоиҷикистон, имрӯз пойтахти кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши сусти борон дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона  4+6  ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо бориши сусти борон пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук  то 2 дараҷа гарм ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 12-17 ва рӯзона  1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок ва тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

7
Барчаспҳо:
борон, абрнок, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Денежные купюры: евро, доллары и российские рубли.

Ҷаҳиши қурби Евро ва рубли русӣ дар Тоҷикистон

164
(Таҷдидшуда 09:44 04.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Дар Тоҷикистон қурби Евро ва рубли русӣ боло рафт

ДУШАНБЕ, 4 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1530 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.6377 то 13.8500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1530 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1530 - 0,1550 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1460 то 0.1560 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1520 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

164
Барчаспҳо:
рубл, евро, асъор, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон