Сомони в конверте, архивное фото

Дар Хатлон наздик ба 800 зиндонии собиқ кумакпулӣ гирифтанд

273
(Таҷдидшуда 13:59 31.01.2021)
Мақомоти вилояти Хатлон эълон кардаанд, ки беш аз 770 нафар маҳбуси собиқ кумакпулӣ гирифтанд

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Дар соли 2020-ум 778 нафар сокини вилояти Хатлон, ки аз маҳбас озод шуданд, наздики ним миллион сомонӣ  кумакпулӣ гирифтанд.

Тавре Қобилҷон Файзалзод, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” гуфтааст, соли гузашта ба Раёсат ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 778 нафар, ки аз маҳбас озод шуда буданд, барои гирифтани кумакпулӣ муроҷиат карданд.

“Аз 778 нафар маҳбусе, ки муроҷиат карданд, 91 нафарашонро занон ташкил медиҳанд ва ба онҳо 493 ҳазор ёрии пулӣ расонида шудаст”, - таъкид доштааст Қобилҷон Файзалзод.

Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки бештар маҳбусоне, ки кумакпулӣ гирифтанд аз шаҳри Бохтар (69 нафар), Панҷ (50 нафар) Норак (46 нафар), Ёвон (38 нафар), Кӯлоб (83 нафар), Ҳамадонӣ (51 нафар) ва Фархор (55 нафар) мебошанд.

273
Барчаспҳо:
кумакпулӣ, маҳбус, Хатлон, Тоҷикистон
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ иҷозатномаи "Вестерн Юнион ДП Восток" ва "Амонатбонк"-ро тамдид кард

62
(Таҷдидшуда 20:26 02.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи БДА "Амонатбонк" ва "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток"-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати панҷ сол тамдид кард

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, тамдиди иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" санаи аз 26 феврали соли равон тасдиқ ёфтааст.

"Бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии миллии "Корти миллӣ" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд", - таъкид доштааст Бонки милӣ.

Гуфта шудааст, ки мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шуда буд, беэътибор дониста шудааст.

Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ Идораи низоми пардохтро вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти зерин сабти дахлдорро ворид намояд.

Инчунин бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии "Вестерн Юнион" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳамчунин роҳбарияти Бонк, Идораи низоми пардохтро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ вазифадор намудааст.

62
Барчаспҳо:
Амонатбонк, тамдид, иҷозатнома, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Жириновский пешниҳод кард, Тоҷикистонро ба ҳайси як вилоят ба ҳайати Русия шомил кунанд

5299
(Таҷдидшуда 23:49 02.03.2021)
Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский ахиран гуфт, ки чӣ гуна кишварҳои ИДМ метавонанд ба ҳайати Русия ҳамроҳ шаванд ва ин иқдом барои онҳо чӣ паёмадҳо дорад

ДУШАНБЕ, 2 мар- Sputnik. Владимир Жириновский гуфт, ки сиёсатмадорони кишварҳои ҳамсуд метавонанд тадриҷан як чизе қудратмандтар аз ИДМ бисозанд.

Ӯ дар суҳбат бо радиои "говорит Москва" таъкид дошт, ки муносибатҳои Русия ва Беларус ҳоло дар шакли кишвари шарик нигоҳ дошта мешаванд.

Сиёсатмадор илова кард, ки ҳамин гуна шакл метавон ба Қирғизистон ва Тоҷикистон низ пешниҳод кард.

Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

"Беҳтарин роҳи ҳалли ҳама масъалаҳо, таъмини амнияти комил ва рушди иқтисод - ин дохил шудани 14 ҷумҳурии собиқи иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси  вилоят ба ҳайати Русия мебошад: вилояти Душанбе, вилояти Бишкек, вилояти Ереван, вилояти Рига, вилояти Житомир, вилояти Киев ва ғайра", - гуфт Жириновский.

Сиёсатмадор инчунин дар суҳбаташ афзуд, ки 20 сол пеш Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус ба гуфтаҳои ӯ розӣ будааст ва Лукошенко он замон гуфта будааст, ки Беларус омода аст ба ҳайати Русия шомил шавад.

5299
Барчаспҳо:
ИДМ, пайвастан, ҳайат, Владимир Жириновский, Русия, Тоҷикистон
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон