Портфель, архивное фото

Тағйироти кадрӣ дар вазорати меҳнат: Имомназар Аюб вазифаи нав гирифт

1586
(Таҷдидшуда 18:40 31.01.2021)
Бо фармони вазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Имомназар Аюб муовини сардори Хадамоти муҳоҷират таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Ахиран бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Ширин Амонзода ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳри Олимшо маҷлис доир гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Гуфта шудааст, ки дар маҷлиси мазкур, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Толиб Шарипов бо сабаби ба сини нафақа расиданаш аз вазифаи муовини сардори Хадамоти муҳоҷират озод карда, бо тантана гусел карда шуд.

Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳри Олимшо муовини навтаъини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Имомназар Аюбро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Гуфта шудааст, ки Имомназар Аюб – хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бакалавр), Донишгоҳи Хирошимаи Ҷопон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат буда, донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ мебошад.

Номбурда дар Лоиҳаи “Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ”-и Созмони Милали Муттаҳид, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намуд.

Таъкид гардидааст, ки Ширин Амонзода бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати экологӣ ва меҳнатӣ, роҳҳои гуногун ва муосири тақвият дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои машваратии пеш аз сафар, омода намудани маводҳои иттилоотию тарғиботӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

1586
Барчаспҳо:
вазорати меҳнат, тағйирот, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон
Фармацевт выбирает лекарство в аптеке, архивное фото

Қазияи доруфурӯши "Осон - фарм" то пулис рафт: маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст

20
(Таҷдидшуда 17:46 06.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии зани 58 - сола хабар медиҳад, ки дар муддати 6 моҳи корӣ дар дорухона 30 ҳазор сомониро ба манфиати худ сарф кардааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-сола муроҷиат кардааст.

Қазия аз моҳи феврали соли 2020, оғоз шудааст, замоне, ки мард зани 58-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дар дорухонаи "Осон-фарм" ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул намудааст.

Дар муроҷиатномаи ин мард омадааст, ки номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 6 моҳи кориаш маводи дорувории фурӯхтаашро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба манфиати худаш сарф намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад.

Ба қавли ин мард то ҳол зан маблағро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят дорад, ки соли 2019 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Мард қарз доду чанде пас фавтид: қазияи бозпас гирифтани 200 ҳазор доллар то пулис рафт

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

20
Барчаспҳо:
қаллобӣ, маблағ, пулис, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Сел дар Даштак. Дарвоз

КҲФ аз тармафароию сел, резиши санг ва зиёд шудани сатҳи оби дарёҳо ҳушдор медиҳад

57
(Таҷдидшуда 17:35 06.03.2021)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки аз сайру гашт ба кӯҳҳо барои ҷаъоварии занбуруғ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Ожонси обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то рӯзи 9 март ҳавои Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд.

Гуфта мешуд, аз сабаби баланд шудани дамои ҳаво ва бориши эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад. 

Илова бар ин сатҳи оби рӯдхонаву дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ ва Ёхсӯ мерезанд, боло меравад.

Дар ин робита, КҲФ аз ҳарвандон ва меҳмонон даъват  мекунад, ки аз сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар зироатҳои дар минтақаҳои кӯҳӣ парваришёфта худдорӣ кунанд.

Кумита ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки дар селроҳаву нишебиҳо ва минтақаҳои тармарезу сангрез молчаронӣ накунанд. 

Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода инчунин аз аҳолӣ ва хадамоти коммуналии кишвар хоҳиш мекунад, ки бори дигар тамоми ҷӯйбору каналҳои минтақа ва назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Ҳамчунин кумита аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳое, ки эҳтимоли хатар зиёд аст, ба минтақаҳои тармахез нараванд ва агар сафари зарурӣ доранд, пас хеле эҳтиёткор бошанд.

57