Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев

Собиқ шаҳрдор ва раиси Маҷлиси миллӣ: Маҳмадсаид Убайдуллоев 69-сола шуд

689
(Таҷдидшуда 13:56 02.02.2021)
Маҳмадсаид Убайдуллоев сиёсатмадори шинохта, собиқ раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон имрӯз 69-сола шуд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Sputnik Тоҷикистон дар рӯзи мавлуди Маҳмадсаид Убайдуллоев зиндагинома ва фаъолияти сиёсатмадорро барои хонандагон пешкаш намояд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев яке аз чеҳраҳои шинохта дар саҳнаи сиёсии даврони истиқлоли Тоҷикистон мебошад ва наздики 20 сол дар мақоми раиси шаҳри Душанбе кор кард ва дар моҳи январи соли 2017 аз ин симат барканор шуд.

Зиндагиномаи Маҳмадсаид Убайдуллоев

Шаҳрдори пешини пойтахти Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдуллоев Маҳмадсаид Убайдуллоевич 1 феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.

Ӯ соли 1968 ба донишкадаи Политехникии Тоҷикистон дохил шуда, сипас таҳсилро дар Донишкадаи Политехникии ба номи Ленини Харков идома додааст.

Зиндагиномаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон

Убайдуллоев фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1974 ҳамчун сармуҳандис сар карда, дар соли 1986 аллакай Мудири шӯъбаи саноат, нақлиёт ва маҳсулоти ниёзи мардуми Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб буд.

Убайдуллоев дар соли 1992 муовини раиси Шурои вазирони ҶТ таъин шуд ва дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ то соли 1994 дар ин вазифаро иҷро кард.
Ӯ аз соли 1996 то 2017 вазифаи шаҳрдории пойтахтро бар ӯҳда дошт.

12 январи соли 2017 бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз симати шаҳрдории пойтахт барканор шуд.

Убайдуллоев дар бораи марги додараш: Парвардигор ин ваборо нобуд созад

Ҳамчунин дар соли 1996 Маҳмасаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд, ки то ҳол ин вазифаро иҷро мекунад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиладор соҳиби се фарзанд-ду писар ва як духтар мебошад.

Ҷояшон холист: Убайдуллоев дар бораи мусибати оилавӣ ва дуояш дар ҳаққи ҳамсари марҳум

Ёдрас мешавем, рӯзи 13 январи соли 2018 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон писари вай-Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса таъин шуд.

Дар соли 2017 пас аз барканорӣ аз мақоми шаҳрдорӣ бо қарори Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳузури роҳбарону фаъолони пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба ордени "Зарринтоҷ" дараҷаи 1 қадрдонӣ кард.

Убайдуллоев яке аз камшумортарин сиёсатмадорони тоҷик аст, ки дар шабакаҳои иҷтимӣ бо номи худ фаъол аст.

Қаблан рӯзноманигор Раҷаби Мирзо зери унвони "Шпаргалка" барои шинохти Убайдуллоев гуфтаҳои мондагори сиёсатмадорро нашр карда буд,  ки чанде онро меорем:

Даркор шавад, аз мансаб меравам, аммо имону виҷдони худро намефурӯшам.
Бовар дорам, маро онҳое ҷонибдорӣ мекунанд, ки фаросату савод доранд, ҳақиқат мехоҳанд.
Шиори асосии ман:"Аввал Худо, баъд қонун!".

Ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ имрӯз осон нест. Барои ин ақлҳои бузург лозим, то одамонро мутмаин сохта тавонанд.

Биёед ошкор гӯем, рақамҳое, ки дар ҳисоботатон медиҳед, воқеӣ нестанд. Бадбахтии мо дар дуруғгӯист.
Виҷдонам азоб медиҳад, ки нисбати бархе лафзи қабеҳро истифода мекунам. Чӣ, магар мо бе сухани қабеҳ имкони шаҳрдорӣ надорем?

Ҳангоми сафари хидматиам ба Аврупо таи 12-15 соат Қуръон хондам. Ана роҳат!
Дар Фаронса бо сенат дар бораи пайдоиши инсон баҳс кардем. Ӯ фаҳмиши худро мегуфт, ман аз нигоҳи ислом. Ба бисёре андешаҳоям розӣ шуд.

Президентро на ман Президент кардам, на шумо. Ӯро Худованд Президент кардааст.

Фаъолшавии нерӯҳои сиёсии расмии мухолиф ба манфиати мост. Онҳо моро барои беҳтар кор кардан бояд таҳрик диҳанд.

Ба Худо қасам, ба писари амакам аз ҳисоби шаҳр хона надодам. Худораҳматӣ дар хонаи иҷора сафари охират кард.

Биёед имсолро соли мубориза бо дуруғгӯӣ эьлон кунем.
Имонро аз рӯи либос муайян намекунанд.

Ҳаромхӯриро бас кунед! Ман бо чашмони худ дидам, ки одамон бо чӣ азобҳо ҷон медоданд. Оқибати коратонро фикр кунед...

Ман аз ҳисоби маоши худам маблағ ҷамъ меоварам, то ба Ҳаҷ равам, ё Худованд рӯзе амонаташро гирифт, аз пули ҳалоли меҳнатиам масраф кунанд.

689
День 26 февраля нац

Истеҳсоли "Волксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:47 25.02.2021)
Рӯзи бисту шашуми феврал, Рӯзи байналмилалии фориғболӣ мебошад. Дар ин рӯз раҳбари ансамбли фолклории "Помир", фалаксарои маъруф Соҳиба Давлатшоева ба дунё омадааст

Рӯзи 26 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1936 дар Олмон нахустин автомобили "халқӣ"- "Волксваген" истеҳсол карда шуд.

Соли 2017 дар намоишгоҳи техникӣ-коммуникатсионӣ дар Барселона тамғаи навкардашудаи телефони Nokia 3310 ба  тамошо гузошта шуд.

Рӯзи 26 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.

Соли 1992 Тоҷикистон ба САҲА ҳамроҳ шуд.

Соли 2010 дар Душанбе маросими ботантанаи мукофотонидани барандагони стипендияи ба номи Дмитрий Менделеев баргузор гардид.

Соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ карда шуд

Соли 2016 ташаббусҳои муштараки Тоҷикистону Нидерландия муҳокима карда шуданд.

Соли 2016 дар Ню-Йорк ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи рӯзномаи ҷаҳонии оби тоза муҳокима карда шуд.

Соли 2009 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Соли 2016 Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи марҳум генерал-майор Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.

Ҷашнҳои рӯзи 26 феврал

  • Рӯзи байналмилалии фориғболӣ.

Рӯзи 26 феврал кӣ ба дунё омадааст

Меҳрӣ Абдуллоева (1931) – раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Карим Абдулов (1939-2011) – доктори илми таърих, профессор, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зебо Давлатшоева (1969) – рассом.

Соҳиба Давлатшоева (1970)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Наргиси Карим (1975)- шоира.

Усмон Раҷабов (1950)- меъмор.

Раиса Савина (1925) – доктори илми тиб, профессор.

Нозим Сафаров (1939) – доктори илми таърих.

Ҷамшеди Саъдулло (1961)- публисист.

Абдувадуд Файзиев (1942)- актёри театр.

Аҳмад Юсуфов (1928 – 1987) – доктори илми тиб, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Замерзшие яблоки, архивное фото

Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонад

154
(Таҷдидшуда 20:52 25.02.2021)
Паст шудани ҳарорати ҳаво дар мамлакат барои кишоварзон номусоид арзёбӣ мешавад. Бо сабаби якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар минтацащои Тоыикистоон эҳтимоли зиён дидани зироати хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров  дар сӯхбат бо “Ховар” иброз дошт, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор  бетаъсир намемонад.

Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.

 Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.

“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.

 Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.

“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров. 

акс аз саҳифаи корбари Facebook Ҳаётҷон Одил

Бино ба гуфтаи донишманд дар  ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.

Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф  зиён намебинанд.

Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.

“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.

154
Барчаспҳо:
зироат, сармо, дарахтон, ҳосил, Тоҷикистон