Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон

Даргузашти 11 нафар аз илтиҳоби шуш дар зиндонҳо - шарҳи вазир

711
(Таҷдидшуда 13:58 02.02.2021)
Вазорати адлияи Тоҷикистон ба суоли вазъ дар муассисаҳои ислоҳӣ дар давраи пандемияро шарҳ дод: ба гуфтаи Ашӯриён зиндонҳо дар ин давра тамоми чораҷӯиҳои беҳдоштиро риоя мекарданд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки дар зидонҳои кишвар чанд нафар ба коронавирус гирифтор шуданд, изҳори бехабарӣ кард, танҳо гуфт, "дар ин бора дар дастам маълумоте нест".

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазир дар соли сипаригашта аз илтиҳоби шуш 11 нафар гузаштанд.

Вазири адлия афзуд, муассисаҳои ислоҳӣ тамоми қоидаҳои беҳдоштии тавсиядодаи Вазорати тандурустиро вобаста ба пешгирии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ риоя мекард.

Вазорат гуфт 41 693 шаҳрванди Тоҷикистон соли гузашта фавтиданд: аз кадом маризиҳо?

"Маҳлулҳои зиддиуфунӣ истифода мешуданд, дидорбинӣ бо маҳбусон маҳз бо ҳамин сабаб манъ гардид. Шумо медонед, ки нигоҳдории зиндониён ҳоло ба дараҷаи стандартҳои баланд расонида нашудааст, лекин ба ин нигоҳ накарда, мо ва Сарраёсати иҷрои ҷазо кӯшиш кардем, ки сироятшавӣ камтар бошад, дар оянда низ ин чораҳоро мо амалӣ мекунем", - таъкид кард Ашӯриён.

Ба гуфтаи вазир, маҳбусон аз ташхиси сартосарии коронавирус гузаронида нашуданд, вале дар ҳолатҳои пайдо шудани шубҳа ташхис мегирифтанд.

711
Барчаспҳо:
зиндон, Тоҷикистон
Строители, архивное фото

Таъсиси беш аз 1,6 миллион ҷойи нави корӣ: чаро муҳоҷирати меҳнатӣ кам намешавад?

1
(Таҷдидшуда 13:11 02.03.2021)
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид доштааст, ки дар ҳашт соли ахир дар ҷумҳурӣ 1,6 миллион ҷойи кории нав таъсис ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.  Ширин Амонзода, дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”  таъкид доштааст, ки дар  муддати татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020” давоми ҳашт соли охир дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Бино ба гуфти вазир, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд.

Ҳамзамон Ширин Амонзода зикр доштааст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба таври ройгон 156,9 ҳазор шаҳрванди бекор ба тайёрии касбӣ ҷалб шуда, ба 36,4 ҳазор нафар барои роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми зиёда аз 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт гардид.

Қайд карда шудааст, ки дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт.

“Танҳо соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020 нисбат ба соли 2019-ум 3,7 фоиз афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид”, - гуфт Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар сохторҳои давлатӣ ва корхонаҳои кишвар намехоҳанд кор кунанд. Сабаб ҳам маълум аст  -  моҳонаи кам.

Барои мисол моҳонаи миёна дар шаҳри Душанбе 1357 сомониро ташкил медиҳад, ки муодили 118 доллар аст.

Бояд қайд кард бо ин маблағ шаҳрванд бояд ғизову либос бихарад ва пардохтҳои комуналӣ кунад. Агар шаҳрванд оиладор бошад ин маблағ барои таъмини оила дар як моҳ кифоя намекунад. Ба ҳамин хотир тақрибан аз ҳар як хонаводаи тоҷик як нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки тибци иттилои мацомоти Русия дар ин кишвар аз 700 то як миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кор мекунанд. Соли гузашта ба сабаби паҳншавии вируси корона шумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон то 80 дарсад коҳиш ёфт. Ҳамчунин интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ низ дар соли гузашта 40 дарсад кам шудааст.   

 

1
Барчаспҳо:
таъсис, вазир, кор, муҳоҷират, Тоҷикистон
Тасвири офаридаи Азимов Сарваршоҳ, ки дар Маскав соҳиби ҷойи аввал шуд

Тоҷикона: тасвири либосу хони тоҷикии рассоми наврас ғолиби фестивале дар Маскав шуд

13
(Таҷдидшуда 13:07 02.03.2021)
Дар шаҳри Маскав тариқи фазои маҷозӣ Фестивали байналмилалии истеъдодҳои наврас ҷамъбаст гардид, ки навраси тоҷик соҳиби мақоми аввал шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нуҳумин фестивали байналмиллалии истеъдодҳои наврас таҳти унвони "Волшебная сила голубого потока — МОСГАЗ зажигает звезды" дар шаҳри Маскав ҷамъбаст шуд.

Ин озмун дар фазои маҷозӣ баргузор шуд. Дар озмуни мазкур иштирокчиёни беш 70 манотиқи Русия ва 4 давлат бо шумули Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар фестивали мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов" намояндагӣ карданд.

Сомонаи "МОСГАЗ зажигает звезды" исми ғолибони фестивалро нашр намудааст, ки миёни ғолибон Азимов Сарваршоҳ Ҳамзалиевич низ зикр гардидааст. Сарваршоҳ дар бахши "Сулҳи хонадони ман" тасвири сирф тоҷиконаро кашидааст, ки ба эҳтимоли зиёд фазои зебои тоҷикона доваронро тасхир намудааст.

Рассоми навраси тоҷик суратеро офаридааст, ки дар он зану марди солхӯрда бо либоси шинами тоҷикӣ сари хон нишастаанд. Ин тасвири Сарваршоҳ ба гирифтани мақом аввал даст ёфт.

Ҷамъан 55 нафар иштирокчиёни фестивал ба гирифтани ҷоиза мушарраф шуданд.

13
Барчаспҳо:
ғолиб, тоҷик, рассом, Маскав, фестивал