ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Масъулини хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе эълон карданд, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон шумори умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ба 7 милллиону 286 ҳазору 516 адад расидааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин давра дар Тоҷикистон 5 миллиону 433 ҳҳазору 988 адад муштариёни фаъол ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон Хадамоти алоқа зикр кардааст, ки шумори истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 3,34 миллион нафарро дар бар гирифтааст.
Ҳаммзамон зимни нишасти матбуотӣ таъкид шудааст, ки корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерҳои хусусӣ дар солди 2020 ба маблағи 2 миллиарду 730 миллиону 276 ҳазору 532 сомони даромад гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2019 (2 миллиарду 613 миллиону 441 ҳазору 229 сомонӣ), 104,5 фоиз зиёд будааст.
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.
Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй ба маъраз гузошта шуд.
Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.
Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир мегардад.
Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад
Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар бо собиқ раиси амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамир Зоҳуров дар манзили зисташ мулоқоти дӯстона анҷом дод, хабар медиҳад Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон.
"Мақсади ташриф арҷгузорӣ ба ҷаноби Зоҳуров, вазири собиқи тоҷик ва эҳтиром ба муносибати Рӯзи Артиш ва Қувваҳои Амнияти Тоҷикистон буд", - менависад манбаъ.
Манбаъ меафзояд, "бешак, ҷаноби Зуҳуров яке аз шахсиятҳои миллӣ ва фаъоли амниятии Тоҷикистон ва дӯсти деринаи мардуми Афғонистон аст, ки дар замони муқовимат бо мардуми Афғонистон робитаи мустақим дошт ва дар ҳамкорӣ дар ироаи кумак дареғ надошт".
Дафтари матбуотӣ меафзояд, ки далели хотираҳои неки ҷаноби генерал, аксе бо қаҳрамони миллии Афғонистон аст, ки дар девори хонааш овезон аст.
Зуҳуров гуфтааст, ки сафири Афғонистон барои ташрифаш миннатдор аст ва аз мардуми афғон хотираҳои хубе дорад.
Ёдрас мешавем, дирӯз Сайдамир Зуҳуров, ки мардуми Тоҷикистон унвони генерали халқиаш додаанд, 70-солагиашро ҷашн гирифт.
Ӯ аз мутахассисони ҳирфаӣ ва саршиноси кишвар аст, ки дар сулҳу ваҳдати миллӣ ҳам саҳми босазое гузоштааст. Генерал, феълан пас аз сарнишинӣ дар чанд ниҳодҳои кишвар, аз ҷамла КДАМ бознишаста аст. Худаш, баъди чанд ҷарроҳии ҷиддӣ, "зинда монданашро мӯъҷиза медонад".