Девушка пишет сообщение на телефоне

Таҳқиқ мешавад: Хадамоти алоқа паёмакҳои бадномкунандаи зидди мухолифинро “спам” номид

334
(Таҷдидшуда 14:46 01.02.2021)
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон кардааст, ки масъалаи роҳи фиристодани паёмакҳо бар зидди як фаъоли мухолифинро таҳқиқ доранд

ДУШАНБЕ, 1 феврал - Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, таъкид доштааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ин масъаларо таҳқиқ доранд.

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ ин гуна паёмакҳоро "спам" номид ва ёдрас шуд, ки дар гузашта низ чунин ҳолатҳо низ ба қайд гирфта шуда буд.

"Ин дар кишвар бори аввал нест. Агар дар ёдатон бошад, бо ду-се паёмак мутаассифона тамоми мардуми Тоҷикистонро ба берун бароварданд, ки заминларзаи пуршиддат мешавад. Бори дувум оид ба дорупошӣ қабл аз пандемия буд. Дар ҷараёни кор ба Шумо иттилоъ медиҳем",-афзуд ӯ.

Ёдарс мешавем, ки тақрибан моҳи декабри соли гузашта барои садҳо нафар муштариёни бархе аз ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон паёмаки бадномкунанда дар бораи фаъоли мухолифин Муҳаммадиқболи Садриддин ирсол шуда буд.

Ирсоли пайванди наворе аз як саҳифаи Ютуб ба садҳо муштарии ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон, ки дар он Муҳаммадиқболи Садриддин танқид мешуд, вокунишҳои гуногунро ба бор овард.

Бархе аз муштариён онро роҳи нави бадномкунӣ бо истифода аз паёмрасонҳои мобилӣ номиданд, ки бори аввал дар Тоҷикистон таҷриба мешавад.

334
Барчаспҳо:
мухолифин, паёмак, нишаст, алоқа, Тоҷикистон, занги телефонӣ
Книга, архивное фото

“Қонуни тиб”- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд

0
(Таҷдидшуда 16:31 02.03.2021)
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.

“Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад”, таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. 

Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд,  шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.

Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 

Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои “Китоб - уш – шифо”,  “Ҷадал”, “Хитоба”, “Суфастоӣ” ва “Фанни шеър” - и  Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.

Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.

0
Барчаспҳо:
китоб, қонун, Ибни Сино, Сино, Тоҷикистон
Растительное масло. Архивное фото

Нархи равғани растанӣ дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо воридоти он меафзояд

2
Бо вуҷуди афзоиши воридоти равғани растанӣ, асосан аз Русия, нархи ин маҳсулот дар Тоҷикистон афзоиш меёбад

ДУШАНБЕ, 2 мар - Sputnik. Тибқи омори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон содироти равғани растанӣ дар тӯли сол афзоиш ёфт.

Маълум аст, ки дар соли 2020 ба ҷумҳурӣ тақрибан 102 ҳазор тонна тонна равғани растанӣ ба маблағи умумии беш аз 89,4 миллион доллар ворид карда шудааст.

Ин 6,6 миллион, ё нисбат ба соли 2019 1,3 ҳазор тонна зиёд аст.

Дар айни замон, маълум аст, ки воридоти шакар дар ин давра, баръакс, кам шудааст.

Ҳамин тавр, соли гузашта беш аз 114,2 ҳазор тонна шакар ба маблағи беш аз 57 миллион доллар харидорӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба як соли қаблӣ тақрибан 15,5 миллион доллар ё 18,3 ҳазор тонна камтар аст.

Бо вуҷуди ин, арзиши равғани растанӣ ва шакар боло рафт.

Масалан, панҷ литр равғани офтобпарасти Русия ба ҷои 62 сомонии қаблӣ (5,5 доллар) 95 сомонӣ (8,3 доллар) арзиш дорад, бо овардани нархҳо хабар медиҳад "Авеста".

Аммо як кило шакар - ба ҷои 6,5 сомонии қаблӣ (0,5 доллар) 9 сомонӣ (0,7 доллар) арзиш дорад.

Содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли 2020

Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ин афзоишро ба он рабт дод, ки нархи маҳсулоти дар боло зикршуда дар кишварҳои истеҳсолкунанда боло рафтанд ва дар давраи пандемия мушки воридот ба миён омаданд.

2