Ребенок в воде на закате, архивное фото

Кӯдаки 4 - сола дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуд: рӯйи яхи дарё бозӣ кардааст

113
(Таҷдидшуда 14:38 02.02.2021)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ноболиғ аз ҳисоби беназоратии волидон дар рӯди Кофарниҳон яхбозӣ карда, ғарқ шуд

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон аз як ҳодисаи нохуш дар деҳаи Зайнолободи ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, наҷотбахшон рӯзи 30 январ, тақрибан соати 14:07 дақиқа хабари дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудани кӯдакро дарёфт намуданд.

Ҷасади Исмоил баъди 77 рӯз ёфт шуд: падаре, ки ҳамроҳи се узви оилааш дар Айнӣ ғарқ шуд

Зимнан, дастаи наҷотбахшон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷисми беҷони кӯдаки 4 - соларо аз дарё бурен оварданд.

Манбаъ меафзояд, иллати ғарқ шудани кӯдак беаҳамиятӣ ва беназоратии волидони ӯ мебошад. Зеро марҳум, дар болои яхи тунук, дар рӯди Кофарниҳон бозӣ карда, ногоҳ зери об рафтааст.

Гуфта мешавад, ҷасади кӯдак ба мақомотҳои марбута супорида шуд.

Зимна, КҲФ аз тамоми падарону модарон даъват мекунад, ки фарзандони худро беназор намонанд.

113
Барчаспҳо:
ғарқ, кӯдак, рӯди Кофарниҳон
Раджаббой Ахмадзода посетил с рабочей группой поля с плодовыми деревьями

Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд

10
(Таҷдидшуда 12:31 27.02.2021)
Дар Суғд низ деҳқонон бо ин роҳ кӯшиш намуданд, ки ҳосилро аз сармозанӣ нигоҳ доранд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд.

Бо омадани ҳавои сард ва аз талаф нигоҳ доштани ҳосили дарахтони гулкунанда дар хоҷагиҳои боғпарварии "Зарнисори Шаҳринав", "ИИАС – Шаҳринав"  ва хоҷагии "Ниҳолпарварӣ"-и ноҳияи Шаҳринав ғарамҳои пахол ва каҳро оташ зада, ба воситаи гармии он ҳосили боғҳоро эмин нигоҳ медоранд.

Кишоварзони ноҳия бо маслиҳати мутахассисони соҳа дар зери дарахтони олу, зардолу, шафтолу ва токзор корҳои дудмониро ба роҳ мондаад.

Бо супориши роҳбарияти ноҳия доир ба  сардиҳои охири моҳ, ки истифодаи дудмонӣ барои дарахтони пешпазак ҳамчун воситаи пешгирии талафи ҳосил ва гулу муғчаҳо ба маврид аст, имрӯзҳо дар ҳамаи боғҳои ноҳия аз ин усул  истифода намуда истодаанд.

Пештар дар Суғд низ бо ҳамин роҳ кӯшиш карда буданд, ки ҳосилро аз талафот нигоҳ доранд. Имсол охирҳои моҳи феврал дар Тоҷикистон ҳаво якбора гарм ва то 27 дараҷа шуд, ки дар натиҷа дарахтон гул карданд. Аммо чанде пеш обуҳавошиносон хабар доданд, ки ҳавои кишвар якбора сард мешавад.

Пештар директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров  гуфта буд, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор  бетаъсир намемонад.

Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.

Боз хунукӣ меояд: КҲФ аз боронгариҳо ва резиши барф ҳушдор медиҳад

 Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.

“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.

 Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.

“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров. 

Бино ба гуфтаи донишманд дар  ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.

Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф  зиён намебинанд.

Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонад

Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.

“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.

10
Дудмонии дарахтон дар Тоҷикистон барои ҳифз аз сармо, акс аз бойгонӣ

То -21 дараҷа хунук ва бебориш: ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

463
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 16-21 ва рӯзона  4-9 дараҷа хунук мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  4-6  дараҷа хунук ва рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.

463
Барчаспҳо:
борон, ҳаво, Тоҷикистон