Праздник Сада в Душанбе 2021

Шикамбадамҳо: интиқоди тунди рӯзноманигор аз шеваи таҷлили Сада дар Тоҷикистон

1010
Рӯзноманигор ва шоири тоҷик Орзу Исо шеваи таҷлили ҷашни бостонии Садаро дар Тоҷикистон интиқод кардааст: ӯ мегӯяд, тамоми идҳо дар кишвар бо дегу табақ ба итмом мерасанд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Шоири тоҷик дар як посташ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз шеваи таҷлили ҷашни Сада дар Тоҷикистон сахт интиқод кардаву онро дилгиркунанда унвон кардааст.

"Ҷашни Сада низ бо ҳамон косаву табақу сабзавоту меваву атласу чакану дафу дойра истиқбол мешавад! Аз ин якнавохтӣ, аз ин якрангӣ дилам мешӯрад! Тақрибан ҳамаи ҷашну сур ва намоишҳои суннативу мардумии мо бо соири шикамбадамҳо ва анвои кулчаву фатиру шакаробу оталаву ошу шӯрбову дегу табақу наску биринҷу каду мегузарад", - таъкид намудааст вай.

Орзу пешниҳод кардааст, ки ин ҷо бояд навгонӣ ворид намуд ва маҳаки ҷашни мазкурро дарк бояд кард: "Сада рамз дорад. Оташ, нур, ҳарорат намоди ҷашни Сада маҳсуб мешаванд. Рӯшноро алайҳи торикиву зулмат тасниф мекунад ин ҷашн".

Рӯзноманигор афзудааст, ки қадимҳо гулхан меафрӯхтанд, аммо имрӯзҳо сад анвоъи нурсозиву нурбозиҳо рӯи кор аст, ки тавассуташон беҳтарин шоу аз нуру озин метавон дар шаҳрҳо орост.

"Агар Сада масдари фалсафаи нуру гармиву рӯшноист, пас чаро “идея”-ҳои ҷолибро бо “фейерверк” базми оташ, базми нуру озин, нурафшониҳои осмонӣ ва шоу-барномаҳои муосир бо текнолоҷии нурафканӣ амалӣ намекунед?", - таъкид мекунад ӯ.

Ҳамчунин, ҷаноби Исо изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар ин ҷашн духтарон тани курта дар хиёбонҳо мегаштанд. "Зимнан, бо атласҳои ҳарир ба хиёбонҳо кашидани духтарон ҳамон торикии афкорест, ки дар қолаби ҷашни Сада намеғунҷад" , - хитоб намудааст вай ва гуфтааст, ки як ҷашни миллӣ бояд аз ҷашни дигар фарқ дошта бошад.

Имсол ҷашни мазкур дар Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Фирдавсӣ таҷлил карда шуд. Дар макон ярмаркаи васеъ ташкил шуд, ки дар он тухмӣ, сабзавот, мева, ҳайвонот, техникаи кишоварзӣ ва бисёр чизҳои дигарро харидан мумкин аст.

Мусиқӣ ва асал: чӣ гуна дар Душанбе ҷашни Садаро таҷлил карданд - акс

Чун қоида, ин қабил чорабиниҳо тӯли якчанд рӯз баргузор мешаванд ва он на танҳо дар байни деҳқонону боғдорон, балки сокинони одӣ низ онро хуб ҷашн мегиранд.

Дар доираи ин ҷашн семинарҳо ва тренингҳо оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав, тухмиҳо, навъҳои серҳосили дарахтони мевадиҳанда ва буридани онҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар саҳро ва боғҳо гузаронида мешаванд.

1010
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

457
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

457
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон

Дар Исфара яхдони "гармӣ" пайдо шуд - навор

365
"Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!" , навишта шудааст дар шишаи он, ки Яхдони меҳрубонӣ ном дорад

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Дар Исфара яхдоне пайдо шуд, ки дилҳоро нарму гарм мекунад, хабар медиҳанд шоирона расонаҳои маҳаллӣ.

Бино бар иттилои манобеъ, гап дар бораи "Яхдони меҳрубонӣ" меравад, ки барои ниёзмандон ташкил шудааст.

"Яхдони меҳрубонӣ" дар маркази шаҳри Исфара ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат  гузошта шудааст.

Аз он ҳамарӯза нафарони ниёзманд метавонанд ба таври ройгон маводи озуқа дастрас намоянд.

Ин амали нек аз ҷониби кормандони филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара роҳандозӣ гардидаву яхдони мазкур маҳз дар пешорӯи ҳамин ташкилот гузошта шудааст.

Дар рӯи яхдони меҳрубонӣ, ки дохилаш пур аз анвои гуногуни маводи озуқа мебошад, навишта шудааст, ки "Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!"

Сарвари филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара Абдуваққос Фаёзов мегӯяд, ки яхдон  аз ҳисоби ташкилот ва кормандони он бо маводи хӯрока пур карда мешавад.

Лекин нафарони дигари хайрхоҳу саховатманд низ метавонанд дар доираи қудрат ва тавон бидуни ҳеҷ як мушкилӣ тавассути ин яхдон ба ашхоси ниёзманд кумаки амалӣ расонанд.

Нони бепул ба ниёзмандон: иқдоми рамазонии "Амид" дар Хуҷанд

Дар "ИМОН Интернешнл", умед бар он доранд, ки "Яхдони меҳрубонӣ" дили афроди дороро нисбат ба мушкилоти ниёзмандон нарму қалби нафарони камбизоатро ба зиндагӣ гарм месозад.

365