Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума,

Модарам ҳар як "лампа"-ро назорат мекунад: вазир гуфт, чи гуна барқро сарфа мекунад

1523
(Таҷдидшуда 15:10 02.02.2021)
Вазири энергентика ва захираҳои обӣ тавзеҳ дод, ки чигуна барқро дар хонаводааш сарфа мекунад. Ӯ гуфт, ки масрафкори асосии оилаи вай дар мавриди барқ модараш аст, ки ҳар як "лампа" ва ё фурӯзонакро назорат мекунад

ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ роҳҳои сарфаи барқро аз рӯйи таҷрибаи худаш нишон дод.

Далер Ҷумъа ба хабарнигорон тавзеҳ дод, ки чигуна нерӯи барқро дар хонаводааш сарфа мекунад.

"Ман чун истифодабаранда барқро кам масраф мекунам, ҳамчун вазир бошад, зиёд", - гуфт вай.

Ба гуфтаи вазир, кам сарф кардани барқ ба кисаи соҳаи энергетика манфиатовар нест.

Вазорат бошад, афзуд ӯ, барқро зиёд истифода мебарад.

"Философияи ҳирфаии шахсии ман ба мо имконият медиҳад, ки аз ҳисоби самаранокӣ интиқоли барқро ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиш диҳем", - изҳор дошт Ҷумъа.

Дар хонаводаи ман, сарфаи нерӯи барқ назорат мешавад ва назоратчии асосӣ модарам мебошанд. Ба наздикӣ  ба Душанбе кӯчидам ва агар хато накунам, қувваи барқро ҳудуди 500-600 кВт сарф мекунам. Пештар вақте дар Хоруғ кор ва зиндагӣ мекардам, масрафи барқи ман зиёдтар буд, зеро митақа сард аст, афзуд ӯ.

Вазири тоҷик: таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқии обӣ идома доранд

Ёдрас мешавем, мақомоти Ширкати “Барқи Тоҷик” аз рӯзи 6 январи имсол ба далели камбуди об дар нерӯгоҳи барқи обии Норак интиқоли барқро маҳдуд кардаанд.

Ҳамчунин аз 10 декабр дар кишвар штаби махсусӣ ҷумҳуриявӣ ташкил шудааст, ки истифодаи барқро дар тамоми кишвар назорат мекунад ва аз мардум даъват менамояд, ки сарфакор бошанд.

1523
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

23
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 28-уми феврал, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа дар роҳи самти Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав дар ҳудуди дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашина, Нормуъминов Камолиддин Ураловичи 34-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар болояш, Мадуллоев Аслами 76- сола, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур нишаста буд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, Мадуллоев А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки

Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак зери чархи 

“Лексус-450”-и Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралии 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳалок шуд.

23
Барчаспҳо:
мошин, ҳалокат, пирамард, садама, Тоҷикистон

Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад

144
(Таҷдидшуда 11:18 02.03.2021)
Интизор меравад моҳи ҷорӣ Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX дасти кам 732 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca - ро дастрас кунад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба таъкиди Ҷафаров, ваксини мазкур моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

"Тоҷикистон ваксинаи коронавирусро тасдиқ кард, ва онро бояд тибқи механизми COVAX гирем. Ин AstraZeneca аст, ва моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад. Феълан ҷониби Тоҷикистон шартнома имзо карда, ба истеҳсолкунанда фиристодааст", - гуфт Ҷаъфаров.

Вай гуфт, ки истеҳсолкунандаи асосии ваксинаи AstraZeneca дар Британияи Кабир ҷойгир аст, аммо онро дар корхонаҳои Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки созишномаи имзошудаи ҷониби Тоҷикистон ба он ҷо фиристода мешавад, низ истеҳсол мекунанд. 

Наврӯз Ҷафоров мегӯяд дар мавриди интиқол ва нигоҳдории ваксин мушкилӣ пеш намеояд, зеро воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он аллакай омода шудааст.

Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Тоҷикистон рӯйхатҳои шахсоне тартиб дода мешаванд, ки аввалин шуда бар зидди коронавирус эм карда мешаванд.

Сардори Вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Нахуст гурӯҳҳои осебпазир, ки ба онҳо шаҳрвандони аз 70-сола боло, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони гумрук ва нерӯҳои марзӣ шомиланд, эм мегиранд.

Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи дуввум афроди аз 60-сола боло, баъд аз он - синнашон аз 50 боло эм карда мешаванд. Боқимондаи 42,5% аҳолӣ бо дигар доруҳое, Тоҷикистон онро дастрас мекунад, эм хоҳанд шуд.

Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллоев зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар масъалаи дастрас кардани ваксинаи сохти Русия, "Спутник V" ҳоло намояндагони ҳар ду кишвар машваратҳо баргузор мекунанд ва ба эҳтимоли зиёд ин ваксина низ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

144
Барчаспҳо:
Тоҷикистон