Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад

959
(Таҷдидшуда 13:08 02.02.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар имрӯз бо сафари корӣ озими вилояти Суғд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Тибқи иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати Суғд, раисҷумҳур қарор аст то 7 феврал дар шимоли кишвар бимонад.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафари президент ошноӣ пайдо кардан ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят мебошад.

Дар доираи ин сафар, қарор аст президент корхонаву биноҳои навсохтро ба муносибати 30-солагии истиқлолияти кишвар ифтитоҳ намояд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар бо аҳолии маҳаллӣ ва фаъолони вилоят дидору мулоқот кунад.

Манбаъ мегӯяд, қарор аст раисиҷумҳур корхонаву биноҳои навро дар шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода диҳад.

Раҳмон 2021-ро соли вазнину душвор хонда, ба истеҳсоли бештари маҳсулот даъват кад

Дар робита ба ин Мақомоти БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар бораи муваққатан баста шудани роҳу кӯчаҳои нақлиётгарди шуморе аз шаҳру ноҳияҳо дар рӯзҳои ташрифи меҳмонони олимақом ба вилояти Суғд хабар дода буд.

959
Барчаспҳо:
Суғд, сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Кодири Косим на пресс-конференции Государственного Комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом РТ

Ванҷ обод мешавад: Қодири Қосим бо соҳибкорони ин ноҳия мулоқот кард

0
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо соҳибкорони ноҳияи Ванҷ мизи гирд доир намуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади боз ҳам ободтар намудани ноҳияи Ванҷ бо иштироки соҳибкорони муваффақи ноҳияи Ванҷ мизи мудаввар доир гардид.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим, соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷ, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо мамлакат фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳадафи гирд овардани соҳибкоронро, омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дод.

Зикр гардид, ки имрӯз бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди инфрасохтори ноҳия саҳми муносиб доранд. Ҳамзамон дар минтақаҳои дурдасти ноҳия аҳолии маҳаллӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти варзишӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ бо ҳуҷраҳои хатнаи писарбачагон ниёзи бештар доранд.

Дар ҷаласа ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим сухан карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки бо дарназардошти имконият ва ҷалби бештари соҳибкорони муваффақ ва сокинони саховатпешаи ин минтақа дар татбиқи ҳадафи олии кишвар – баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ тамоми нерӯи мавҷударо сафарбар карда, саҳми муносиб гузоранд.

Барои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва бунёди 86 иншооти гуногуни таъйиноти иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад.

Дар ин давра 31 иншоот дар соли 2018, 26 иншоот дар соли 2019,  22 иншоот дар соли 2020 мавриди истифода қарордода шуданд. Дар соли равон 6 иншоот ба нақша гирифта шуда, 4-тои он аллакай ба истифода дода шуд. Дар иншооти дигари ҷашнӣ корҳо бо маром идома дошта, то муҳлати муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода мешаванд.

 

0
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд

Фирдавс Шарифзода ба аёдати Бибифайзӣ Қодироваи 95-сола рафт

21
(Таҷдидшуда 15:24 06.03.2021)
Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Хуҷанд чанд бонуи собиқадори арсаи сиёсат, маориф, саноат ва иҷтимоиёт аз ҷониби масъулини ҳукумати шаҳр аёдат карда шудан

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба манзили чанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат рафтанд, хабар медиҳад мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Мақомдорон аз ҷумла заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҶБВ, дорандаи Медали ҷашнӣ ба муносибати Иди Ғалаба Бибифайзӣ Қодироваи 95-соларо аёдат карданд.

Ахмадзода посетил бедных семей в Исфаре
Исполнительный орган государственной власти Согдийской области

Ҳамчунин сиёсатмадорон собиқадори меҳнат, ки тӯли 20 сол раиси Шӯрои занони маҳаллаи Сайҳун буд, Қутфинисо Раҳмоноваи 90-сола,  собиқадори меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳи ҶБВ, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Манзура Бобоҷоноваи 80-сола,  собиқадори меҳнат, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Муҳаррам Азимоваи 77-сола  ва чанд нафари дигар рафта, онҳоро аёдат намуду, бо иди  модарон табрик намуданд.

Дар навбати худ аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар гашта, миннатдории худро баён намуданд.

Модарон шукронаи нозу неъмат ва амну осиштагии мамлакат намуда, баҳри оромиву осоиштагии ҷумҳурӣ ва шукуфоиву пешравии он даст ба дуо бардоштанд.

Ёдрас мешавем, ки раиси вилояти Хатлон аз номи кишвардори Тоҷикистон сокини Бохтарро ба муносибати Рӯзи модарон табрик намуду ба ӯ калиди хона тақдим кард.

21
Барчаспҳо:
Рӯзи модарон, аёдати собиқадор, Хуҷанд