Дорога проспект Рудаки в Душанбе

Ҳавои Бадахшон бебориш, вале сард: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

38
(Таҷдидшуда 13:32 03.02.2021)
Дар Тоҷикистон имрӯз ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар Бадахшон гарчӣ ҳаво соф аст, вале ҳамоно сард боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон имрӯз, 3 феврал камабр ва бебориш мешавад, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо такя ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона  20-25 ва рӯзона 5-10 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз  3  дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Шаб сарду рӯз гарм: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Ҳаво дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво шабона 0+2 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

38
Барчаспҳо:
обу ҳаво, Тоҷикистон
Ссора, архивное фото

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷудошавии оилаҳо кам шуд

10
(Таҷдидшуда 10:02 04.03.2021)
Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун ахиран эълон доштанд, ки дар ноҳия дар ду моҳи ахир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҷудашавии оилаҳо коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷайҳун давоми ду моҳи соли 2021-ум 28 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ду моҳи соли 2020-ум шаш ҳолат кам аст.

Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур Ализода Мойнисо ба рӯзномаи “Фараж” гуфтааст, ки баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 11 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.

Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун

Сабҳои ҷудошавии оилаҳоро ин шахси масъул бефарзандӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ба зиндагии навхонадорон ва ғайра арзёбӣ кард.

“Омили кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад”, — илова кард ӯ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020-ум дар ноҳияи Ҷайҳун  103 оила ақди никоҳи худро бекор карда буданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2019-уи шаш ҳолат зиёд аст.

10
Барчаспҳо:
коҳиш, оила, ҷудошавӣ, ноҳияи Ҷайҳун, Тоҷикистон
Сотрудники милиции совместно с другими силовыми структурами продолжают обеспечивать правопорядок и общественную безопасность на приграничной территории  кыргызско-таджикском участке

“Бензини қирғизӣ”: Қирғизистон ба марзҳои Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардааст

714
(Таҷдидшуда 10:01 04.03.2021)
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Қирғизистон ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи нафту маводи нафтӣ ба марзҳояш бо Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, ин нерӯҳо дар имтидоди марзи ду кишвар бо назорати гузаргоҳҳо ва роҳҳои пинҳонӣ машғул хоҳанд буд.

“Ҳадафи аслии онҳо ҷилавгирӣ аз афрод ва ё гурӯҳҳоест, ки ба Тоҷикистон маводи нафтии Русияро дубора (реэкспорт) ва ғайриқонунӣ содир мекунанд. Ин қабил авомил то кунун бензин ва дигар фаровардаҳои нафтиро ба Тоҷикистон қочоқ мекарданд ва аз ин тиҷорати худ фоидаҳои ҳангуфт медиданд" - гуфтанд ин манобеъ.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки акнун ҳукумати Қирғизистон ҷиддан тасмим гирифтааст, ки аз фаъолиятҳои ғайриқонунии қочоқчиён ҷилавгирӣ кунад. 

3 марти соли равон сарвазири Қирғизистон Улукбек Марипов ба як қароре имзо гузошт, ки бино ба он, содироти нафту фаровардаҳои нафтӣ аз Қирғизистон ба ҳудудҳои берун аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ шуд.

Расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки ин қарор ба хотири ҷилавгирӣ аз коҳиши бесобиқаи ин навъи мавод дар бозори дохилӣ содир шудааст ва ин мамнуъият содироти нафту фаровардаҳои нафтӣ аз тариқи роҳҳои мошингард ва оҳанро дарбар гирифтааст, ки то пур шудани бозори дохилӣ ё ташкили бозорҳои муштараки нафту фаровардаҳои нафтии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо идома хоҳад дошт.

Бино ба иттилои ин манобеъ, ин мамнуъият ба маҳсулоти нафтие, ки тавассути афроди алоҳида аз хоки Қирғизистон барои истифодаи шахсӣ харидорӣ мешаванд, рабт надорад, аммо як шахс метавонад хазинаи сӯхт (бак) - и мошинашро пур кунад ва ҳам дар як зарфи ҷудогона бо ҳаҷми на беш аз 20 литр ин навъи маводро харидорӣ намояд.

Бино ба қарори сарвазири Қирғизистон, мақомоти зидахли ин кишвар – шуруъ аз Хадамоти гумруку марзбонӣ то вазорати нақлиёту Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар дастури қатъӣ гирифтаанд, ки аз ҳар гуна талош барои содироти ғайриқонунии нафту фаровардаҳои нафтӣ ҷилавгирӣ намоянд. 

Ин қарор аз рӯзи имзо шуданаш, яъне 3 марти соли равон, ба иҷро даромадааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Қирғизистон бо саҳми 2,02% сеюмин кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ пас аз Русия (78,43%) ва Қазиқистон (15,24%) ба бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин кишвар дар соли 2020 дар ҳаҷми 11 ҳазору 780, 93 тон маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 5 миллиону 333 ҳазору 248 доллар ворид кардааст.

Ин ҳам омори расмӣ аст, аммо дар асл бештарин маводи нафтии Қирғизистон ба Тоҷикистон дубора ва ғайриқонунӣ содирот мешавад. Ин маводи нафтиро Қирғизистон аз Русия ба даст меорад. Аммо дар ин тиҷорати ғайриқонунӣ чӣ қадар маблағ гардиш мекунад, омори расмӣ хомӯш аст.

714
Барчаспҳо:
эъзом, қочоқчиён, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон