Пресс-конференция Антимонопольной службы Таджикистана

Шарҳи Мӯъминзод дар бораи ҷаҳиши нархи шакару равған ва шикояти сокинон

1114
(Таҷдидшуда 12:59 03.02.2021)
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон афзоиши нархи маҳсулоти озуқавориро дар кишвар шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории кишвар, Абдулмаҷид Мӯъминзод зимни нишасти хабарии ин ниҳод афзоиши нархҳо дар бозорҳои кишварро тасдиқ карда, онро ба давлатҳое рабт дод, ки аз онҳо мол ворид мешавад.

Абдулмаҷид Мӯъминзод гуфт, танҳо нархи равғани растанӣ дар давлати истеҳсолкунанда то 42 фисад боло рафтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар Покистон ва Русия, ки аз таъминкунандагони бештари давлатҳо бо шакар мебошанд, ин маҳсулот имрӯз аз 32 то 37 фисад боло рафтааст.

"Дар худи давлати истеҳсолкунандаи Покистон имрӯз як кило шакар 1 доллар арзиш дорад",-афзуд, Мӯъминзод.

Ӯ гуфт, дар бораи афзоиши нархи равған дар шабакаҳои иҷтимоии кишвар шикоятҳо карданд, ки баланд шуд.

"Дар ҳақиқат баланд шуд. Истеҳсоли равғани мо бештар аз пунбадона аст, ки нархи он низ 1 сомонӣ боло рафтааст. Қурби асъори миллӣ миёни як сол то 16 фисад боло рафт. Ин ҳама омилҳое ҳастанд, ки ба тамоми соҳаҳо таъсир мерасонанд, зеро дар хориҷ ҳама маҳсулот бо доллар харидориву дар дохил бо асъори миллӣ фурӯхта мешавад", - тавзеҳ дод сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ. 

Номбурда гуфт, агар дар мо нархи тухм то 16 фисад боло рафта бошад, дар Ӯзбекистон 38%, дар Қирғизистон 21%, Қазоқистон 20% ва дар Русия 25 фоиз боло рафт.

"Ҳатто Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз мо хоҳиш карданд, ки онҳоро бо тухм таъмин намоем. Хӯроки парранда гарчанде аз пардохти гумрукӣ озод бошад ҳам, аммо нархаш гарон шудааст. Тақрибан 10 фисади хӯроки парранда дар дохил истеҳсол мешавад", - иттилоъ дод Мӯъминзод.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳамзамон болоравии нарҳоро ба пандемия ва маҳдудиятҳои вобаста ба он рабт дод

1114
Барчаспҳо:
равған, шакар, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, маҳсулот
Кохир Расулзода, архивное фото

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 60 сола шуд: таҷлили зодрӯз дар рӯзи модар

54
(Таҷдидшуда 11:13 08.03.2021)
Имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазир ва яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар сиёсати Тоҷикистон зодрӯз дорад. Ӯ ба синни 61 солагӣ қадам гузошт

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Имрӯз 8-уми март нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зодрӯз дорад.

Қоҳир Расулзода 8 марти соли соли 1961, дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Ӯ, соли 1982 Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) ро бо ихтисоси “муҳандис-гидротехник” хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро ба сифати техник дар санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст.

Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шуъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст. Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 27 феврали соли 2007 то 2013 – Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Назиров Абдуқоҳир Абдурасулович аз аввалин мансабдороне шумурда мешавад, ки дар пайравӣ ба Президент Эмомали Раҳмон, соли 2007 ном ва насабшаро тоҷикӣ-миллӣ Қоҳир Расулзода кард.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дорои унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” буда, бо медали ҷашни “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон” сарфароз гардидааст.

Қоҳир Расулзода оиладор аст. Ҳамсари Расулзода Иқболой Нозирова мебошад.  Нахуствазири Тоҷикистон соҳиби ду духтар Меҳрангез ва Фарангиз ва як писар Абдурасул аст

Меҳрангез дар озодагиву пухтупаз ҳамто надорад, ба иборае хонаи ӯро бемуболиға ҷойи ҷарроҳӣ метавон истифода кард. Фарангис бошад, забоншиносу тароҳи муд аст.

54
Барчаспҳо:
таҷлил, сарвазир, Тоҷикистон, зодрӯз, Қоҳир Расулзода
Флагшток в Душанбе. Архивное фото

Таъсиси Палатаи савдои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

56
(Таҷдидшуда 00:23 08.03.2021)
Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ҳамчун Палатаи савдои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст. 

Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд. 

Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард. 

Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам    муттаҳид мекунад.

Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст. 

Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.

56
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, Осиёи Марказӣ, палата, савдо, Палатаи савдои Тоҷикистон, Тоҷикистон