Эмомали Рахмон на открытие швейных и обувных цехов на Государственном сельскохозяйственном предприятии Палос

Раҳмон аз коргоҳе дидан кард, ки барои низомиён либос медӯзад

125
(Таҷдидшуда 17:15 03.02.2021)
Коргоҳи мазкур 6 ноябри соли 2017 ифтитоҳ шудаву асосан ба дӯхтани либос барои низомиёни тоҷик ва пойафзол ба онҳо машғул аст

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон дар ҷамоати "Палос" аз коргоҳи "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ" дидан кард, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.

Коргоҳи мазкурро 6 ноябри соли 2016 Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба дӯхтани либос ва пойафзол барои низомиёни кишвар машғул мебошад.

Гуфта мешавад, дар коргоҳи истеҳсоли пойафзол 50 нафар фаъолият менамоянд ва дар коргоҳи дӯзандагӣ 150 нафар бонувони маҳаллӣ ба дӯхти сару либоси низомӣ машғул мебошанд.

Дар баробари бонувон ба дӯхти либоси низомӣ ва пойафзолбарорӣ сарбозон низ ҷалб гардидаанд.

Ба иттилои масъулон, иқтидори истеҳсолии коргоҳи пойафзол 15 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, дар ин коргоҳ ашёи хом асосан аз Федератсияи Русия дастрас гардида, пойафзоли босифати чармӣ истеҳсол карда мешавад. 

Соли 2020 аз рӯйи нақша қариб 20 ҳазор маҷмӯи сару либоси низомӣ дар корхона истеҳсол карда шуда, ашёи хом аз хориҷ ворид карда мешавад. Феълан нақша доранд, ки аз ҳисоби маҳсулоти ватанӣ ашёи хомро таъмин кунанд.

Маврид ба зикр аст, дар шаҳри Бӯстон Корхонаи давлатии кишоварзии "Палос"-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки масоҳати умумии он 14 ҳазору 86 гектарро дар бар мегирад.

Раҳмон: боғдориро зиёд намоед то ҷои кор шавад

Дар заминҳои корхона сабзавот, донагӣ, ғалла, пахта ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш ва ҷамъоварӣ шуда, ба ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дастрас карда мешавад.

Ҳамчунин дар корхона парвариши чорвои калону майда низ ба роҳ монда шудааст. Корхона дорои техникаи гуногуни кишоварзӣ буда, дар он 130 нафар кор мекунанд.

125
Барчаспҳо:
низомӣ, коргоҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Флагшток в Душанбе. Архивное фото

Таъсиси Палатаи савдои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

32
(Таҷдидшуда 00:23 08.03.2021)
Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ҳамчун Палатаи савдои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст. 

Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд. 

Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард. 

Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам    муттаҳид мекунад.

Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст. 

Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.

32
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, Осиёи Марказӣ, палата, савдо, Палатаи савдои Тоҷикистон, Тоҷикистон
Душанбе плаза

Бонки миллӣ ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолият иҷозатнома дод

59
(Таҷдидшуда 00:11 08.03.2021)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои 5 соли оянда иҷозатномаи фаъолият дода шуд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки қарори раёсат дар ин бора санаи 4 марти соли равон ба имзо расидааст.

Тибқи иттили манбаъ, қарори навбатии Раёсати Бонк таҳти №42, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро доранд, сабти дахлдор ворид намояд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи БДА "Амонатбонк" ва "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток"-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати панҷ сол тамдид кард.

59
Барчаспҳо:
фаъолият, Тоҷикистон, ширкат, иҷозатнома, Бонки миллӣ