Верующие на входе в  Центральную мечеть Душанбе

Омори нави COVID - 19 дар Тоҷикистон: Вазорати тандурустӣ чӣ мегӯяд?

248
(Таҷдидшуда 19:20 03.02.2021)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави коронавирус дар кишварро нашр намуда, мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ҳам бидуни беморӣ гузашт

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13 ҳазору 308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13 ҳазору 218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ёдрас мешавем, вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода фаъолияти фурудгоҳро оид ба ташхиси коронавирус, алахусус барои муайян кардани навъи "бритониёӣ" -и COVID-19 тафтиш кард.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ аз интиқоли ин навъи сироят ба мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Дар Ӯзбекистон нахустин гирифтори навъи "бритониёӣ"-и COVID-19 ошкор шуд - видео

Гуфта мешавад, дар нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷиҳати муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, "штамми бритониёӣ"-и коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки табибон дар он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда истодаанд.

248
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (978)
Фармацевт выбирает лекарство в аптеке, архивное фото

Қазияи доруфурӯши "Осон - фарм" то пулис рафт: маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст

131
(Таҷдидшуда 17:46 06.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии зани 58 - сола хабар медиҳад, ки дар муддати 6 моҳи корӣ дар дорухона 30 ҳазор сомониро ба манфиати худ сарф кардааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-сола муроҷиат кардааст.

Қазия аз моҳи феврали соли 2020, оғоз шудааст, замоне, ки мард зани 58-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дар дорухонаи "Осон-фарм" ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул намудааст.

Дар муроҷиатномаи ин мард омадааст, ки номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 6 моҳи кориаш маводи дорувории фурӯхтаашро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба манфиати худаш сарф намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад.

Ба қавли ин мард то ҳол зан маблағро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят дорад, ки соли 2019 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Мард қарз доду чанде пас фавтид: қазияи бозпас гирифтани 200 ҳазор доллар то пулис рафт

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

131
Барчаспҳо:
қаллобӣ, маблағ, пулис, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Сел дар Даштак. Дарвоз

КҲФ аз тармафароию сел, резиши санг ва зиёд шудани сатҳи оби дарёҳо ҳушдор медиҳад

130
(Таҷдидшуда 17:35 06.03.2021)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки аз сайру гашт ба кӯҳҳо барои ҷаъоварии занбуруғ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Ожонси обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то рӯзи 9 март ҳавои Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд.

Гуфта мешуд, аз сабаби баланд шудани дамои ҳаво ва бориши эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад. 

Илова бар ин сатҳи оби рӯдхонаву дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ ва Ёхсӯ мерезанд, боло меравад.

Дар ин робита, КҲФ аз ҳарвандон ва меҳмонон даъват  мекунад, ки аз сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар зироатҳои дар минтақаҳои кӯҳӣ парваришёфта худдорӣ кунанд.

Кумита ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки дар селроҳаву нишебиҳо ва минтақаҳои тармарезу сангрез молчаронӣ накунанд. 

Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода инчунин аз аҳолӣ ва хадамоти коммуналии кишвар хоҳиш мекунад, ки бори дигар тамоми ҷӯйбору каналҳои минтақа ва назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Ҳамчунин кумита аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳое, ки эҳтимоли хатар зиёд аст, ба минтақаҳои тармахез нараванд ва агар сафари зарурӣ доранд, пас хеле эҳтиёткор бошанд.

130

COVAX даҳҳо кишварро бо ваксин таъмин кард: Тоҷикистон дар навбат аст

0
(Таҷдидшуда 18:41 06.03.2021)
Интизор меравад, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар дар доираи механизми COVAX бо ваксин алайҳи коронавирус таъмин шаванд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби ваксин алайҳи маризии коронавирус шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин барнома аз ҷумла кишварҳои африқоӣ ба мисли Нигария, Судон, Гана, Руандо,Лесота ваксинро дастрас карданд.

Илова бар ин, COVAX, Ҳиндустону Комбоҷа, Молдова ва Колумбияро низ бо ваксин таъмин кардааст.

Дар ҳамин ҳол, СҶБ мегӯяд, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби ваксин алайҳи вируси COVID - 19 мегарданд. Ҷамъан 14,4 миллион воя ваксин миёни 31 давлат таҳсимбандӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон расман ваксини AstraZeneca-ро тасдиқ кард. Чанде пеш, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон барои қаблуи ваксини мазкур тамоми шароит дорад ва ҳоло воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он омода шудааст.

Таъкид мегардад, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (978)