Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото

Роҳи Душанбе-Чаноқ таҷдид мешавад

618
Соли 2021 5 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳсозӣ ба анҷом расонида мешаванд, ки яке аз он сохтани долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мебошад

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар ин бора Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.

Соли 2021 5 лоиҳаи сармоягузорӣ  дар соҳаи роҳсозӣ ба анҷом расонида мешаванд, ки инҳо  марҳилаи 1-ум ва 2-юми роҳи Душанбе – Бохтар, Кӯлоб – Қалъаихумб, қисмати A-F, «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи  Душанбе-Чанок ва «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмину устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» аз ҳамин зумраанд.

Ба иттилои Вазири нақлиёт, “имсол татбиқи 10 лоиҳаи нави  сармоягузорӣ  ба маблағи умумии  8 млрд. сомонӣ  оғоз меёбад, ки барои иқтисодиёти мо хеле хуб буда, дар ин росто садҳо нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ин лоиҳаҳо Обигарм – Нуробод, Қалъаихумб –Ванҷ, Қизилқалъа-Бохтар, идомаи корҳои сохтмони нақби Анзоб, таҷдиди роҳи Ҳулбук – Темурмалик – Канкурт, Бохтар – Данғара ва дигарон мебошанд, ки корҳо дар қисме аз онҳо оғоз ёфтаанд.

Дар робита ба суоли он ки оё роҳи мошингарди Душанбе–Бохтар пулакӣ мешавад, Вазири нақлиёт гуфт: “Ин гуна нақша нест ва дар ин бора то кунан ягон тасмиме гирифта нашудааст, зеро роҳ дар ҳолати сохтмон қарор дорад”.

Созишномаи қарзӣ: БАТР барои таҷдиди роҳи Обигарм-Нуробод 150 млн доллар ҷудо мекунад

Ёдрас мешавем, ки лоиҳаи  таҷдид ва навсозии сохтмони роҳи мошингард аз шаҳри  Душанбе то шаҳри Бохтар  ба масоҳати 82 километр ва бо арзиши лоиҳавии беш аз 2,3 миллиард сомонӣ идома дошта, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 8 адад пул, 14 адад  чорсӯ ва гардишҳо, 18 адад истгоҳҳо ва павилйонҳо,  8 гузаргоҳи чорвогузар, се гузаргоҳ барои пиёдагардон, ки аз он як адад рӯизаминӣ ва ду адад зеризаминӣ аст, сохта мешаванд.

Роҳи мазкур дорои чор хати ҳаракат буда,  паҳноии қисмати роҳ  аз 23 то  36  метрро ташкил медиҳад. 

Ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани самаранокӣ  ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути  минтақаҳои интихобшудаи роҳрави долонҳои 2, 5, 6 мебошад, ки пойтахти  кишвар- шаҳри Душанберо бо вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва кишварҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон,  назири  Афғонистон, Ӯзбекистон ва Чин мепайвандад.

618
Дудмонии дарахтон дар Тоҷикистон барои ҳифз аз сармо, акс аз бойгонӣ

То -21 дараҷа хунук ва бебориш: ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

285
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 16-21 ва рӯзона  4-9 дараҷа хунук мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  4-6  дараҷа хунук ва рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.

285
Барчаспҳо:
борон, ҳаво, Тоҷикистон

Фармони Раҳимзода барои қадрдонии раиси суд бо медал “Барои мусоидат” - акс

907
(Таҷдидшуда 09:10 27.02.2021)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо имзои як фармон Гиёзода Мирзоисмон Қурбонро бо медал қадрдонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Мирзоисмон Гиёзода, раиси додгоҳи шаҳри Душанбе бо медали “Барои мусоидат” қадрдонӣ гардидааст.

Тибқи иттилои додгоҳи Душанбе, фармон дар бораи қадрдонии Гиёзодаро генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 20 феврали соли равон имзо кардааст.

Манбаъ афзуд, медалро муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат дар вазъияти тантанавӣ ба Гиёзода тақдим намуд. Дар итттилоияи додгоҳ сабабҳои қадрдонии Гиёзода бо медал “Барои мусоидат” шарҳ дода нашудааст.

Лутфуллозода Шавкат, муовини аввали раиси Суди Олӣ ва Гиёзода Мирзоисмон, раиси додгоҳи Душанбе
сомонаи суди Душанбе
Лутфуллозода Шавкат, муовини аввали раиси Суди Олӣ ва Гиёзода Мирзоисмон, раиси додгоҳи Душанбе

Раҳимзода қаблан низ бархе аз мақомдорони давлатиро бо медал “Барои мусоидат” қадрдонӣ карда буд.

Аз ҷумла ин медалро Шамсиддин Орумбекзода, вазири вақти фарҳанг ва муовини якумаш  Маҳмадсаид Пирзода гирифта буданд.

Он замон далели тақдими медал, ҳамкориҳои судманду самаранок, дастгирии маънавӣ ва таҳияи чорабиниву маъракаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ шуда буд.

907
Барчаспҳо:
медал, суд, Тоҷикистон
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

214
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

214
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон