Пресс-конференция Уполномоченного по правам ребенка в Таджикистане

Ҳабибуллозода мегӯяд, дар Тоҷикистон кӯдакфурӯшӣ нест

166
(Таҷдидшуда 14:45 04.02.2021)
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мегӯяд, дар мамлакат харидуфурӯши кӯдак ба мақсади истисмори ӯ мавҷуд нест

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозод амегӯяд, иштибоҳи асосии нафароне, ки мехоҳанд фарзанд гиранд, ин надоштани маълумоти муфассал ва ҳамчунин муроҷиат накардани онҳо ба мақомоти марбута аст.

Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳолатҳое, ки кӯдакфурӯшӣ ба хотири истисмори онҳо анҷом шавад, комилан мавҷуд нест.

Дар аксар мавридҳо, оилаҳои бефарзанд аз пайвандон ё ҳамсояҳои худ кӯдаконро мегиранд. Вале ба иштибоҳе, ки дар ин самт роҳ медиҳанд, ки пешакӣ муроҷиат накардан ба додгоҳ ва ҳамчунин ба намояндагони Раёсати ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон аст.

Зане дар Узбакистон мехоста фарзандашро ба ҳазор дулор бифурӯшад

Ӯ иқрор шуд, ки ҳастанд ҳолатҳое, ки кӯдакро бинобар бад будани шароити зиндагӣ бар ивази пул ба нафари дигар мефурӯшанд, вале "ин амалро ҳеҷ гоҳ бояд ҳамчун кӯдакфурӯшӣ ба хотири истисмори ӯ қабул накунем".

Омбудсмени кӯдак мегӯяд, ба онҳо оилаҳои зиёд муроҷиат мекунанд, ки фарзанди хоҳар ё бародари худро гирифта, дар омода намудани ҳқҷҷати ӯ танқисӣ мекашанд.

Дар даст силоҳ: Омбудсмен гуфт, соли 2020 ноболиғон чӣ қадар ҷиноят содир кардаанд

"Дар ин сурат мо ба онҳо маслиҳат медиҳем, ки қабл аз гирифтани кӯдак бояд нахуст тамоми расмиётро ба ҷо овард ва сипас фарзандро гирифт".

Ҳабибулозода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аксар шаҳрвандон аз рӯи надоштани маълумот ва ҳамзамон муроҷиат накардан ба мақомотҳои марбута, ба кӯдакфурӯшӣ муттаҳам ва дар натиҷа зиндонӣ ё ҷаримабандӣ мешаванд.

"Дар ҳоле, ки ин масъала имкони аз роҳи қонунӣ ҳалли худро пайдо кардан ҳам дорад", - мегӯяд ваколатдори ҳуқуқи кӯдак.

166
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, кӯдакфурӯшӣ, омбудсмен
Тасвири офаридаи Азимов Сарваршоҳ, ки дар Маскав соҳиби ҷойи аввал шуд

Тоҷикона: тасвири либосу хони тоҷикии рассоми наврас ғолиби фестивале дар Маскав шуд

1
Дар шаҳри Маскав тариқи фазои маҷозӣ Фестивали байналмилалии истеъдодҳои наврас ҷамъбаст гардид, ки навраси тоҷик соҳиби мақоми аввал шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нуҳумин фестивали байналмиллалии истеъдодҳои наврас таҳти унвони "Волшебная сила голубого потока — МОСГАЗ зажигает звезды" дар шаҳри Маскав ҷамъбаст шуд.

Ин озмун дар фазои маҷозӣ баргузор шуд. Дар озмуни мазкур иштирокчиёни беш 70 манотиқи Русия ва ҳамчунин аз 4 давлат бо шумули Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар фестивали мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов" намояндагӣ карданд.

Сомонаи "МОСГАЗ зажигает звезды" исми ғолибони фестивалро нашр намудааст, ки миёни ғолибон Азимов Сарваршоҳ Ҳамзалиевич низ зикр гардидааст. Сарваршоҳ дар бахши "Сулҳи хонадони ман" тасвири сирф тоҷиконаро кашидааст, ки ба эҳтимоли зиёд фазои зебои тоҷикона доваронро тасхир намудааст.

Рассоми навраси тоҷик суратеро офаридааст, ки дар он зану марди солхӯрда бо либоси шинами тоҷикӣ сари хон нишастаанд. Ин тасвири Сарваршоҳ ба гирифтани мақом аввал даст ёфт.

Ҷамъан 55 нафар иштирокчиёни фестивал ба гирифтани ҷоиза мушарраф шуданд.

1
Барчаспҳо:
ғолиб, тоҷик, рассом, Маскав, фестивал
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

59
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 28-уми феврал, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа дар роҳи самти Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав дар ҳудуди дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашина, Нормуъминов Камолиддин Ураловичи 34-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар болояш, Мадуллоев Аслами 76- сола, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур нишаста буд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, Мадуллоев А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки

Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак зери чархи 

“Лексус-450”-и Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралии 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳалок шуд.

59
Барчаспҳо:
мошин, ҳалокат, пирамард, садама, Тоҷикистон