Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Дастури Рустами Эмомалӣ барои тоҷикӣ кардани номгузориҳо дар пойтахт

3775
(Таҷдидшуда 18:53 04.02.2021)
Номи корхонаву иншооте, ки дар Душанбе бунёду ифтитоҳ мешаванд ва ҳамчунин номи иншооти бахши тиҷорату хидматрасонӣ, фарҳанг, маориф ба таври ҳатмӣ бояд бо шаҳрдорӣ мувофиқа шаванд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар ин бора ахиран қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз шаҳрдорӣ. 

Ин тадбирро шаҳрдорӣ бар асоси иҷрои Барномаи давлатии  рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 рӯйи даст гирифтааст, ки чанде пеш аз сӯйи ҳукумат тасдиқ шудааст.

Аз ин ба баъд номгузории кӯчаву хиёбон, шаҳраку маҳаллаву боғу ҳавзу дарёҳо бояд ҳатман бо шаҳрдорӣ мувофиқа шаванд. 

"Номҳои  шаҳраку маҳалҳои аҳолӣ нишин, кӯчаҳо хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, кӯлҳо, дарёҳо, иншооти соҳаи тиҷорат, маориф, фарҳанг, инчунин номгузории шахсони ҳуқуқӣ, корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дигар новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва шакли моликият бояд ба кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон пеш аз тасдиқи қарори маҷлиси вакилон халқ барои мувофиқа пешниҳод гардаданд”

Шаҳрдори Душанбе  ҳамчунин дастур додааст, ки барои аққалиятҳои миллие, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, давраҳои омӯзишии забони давлатӣ ташкил шавад.

Маблағгузории ин давраҳои омӯзишӣ аз ҳисоби будиҷаи шаҳр сурат мегирад.

3775
Барчаспҳо:
мувофиқа, Душанбе, тоҷикӣ, номгузорӣ, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон
Кохир Расулзода, архивное фото

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 60 сола шуд: таҷлили зодрӯз дар рӯзи модар

86
(Таҷдидшуда 11:13 08.03.2021)
Имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазир ва яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар сиёсати Тоҷикистон зодрӯз дорад. Ӯ ба синни 61 солагӣ қадам гузошт

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Имрӯз 8-уми март нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зодрӯз дорад.

Қоҳир Расулзода 8 марти соли соли 1961, дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Ӯ, соли 1982 Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) ро бо ихтисоси “муҳандис-гидротехник” хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро ба сифати техник дар санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст.

Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шуъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст. Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 27 феврали соли 2007 то 2013 – Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Назиров Абдуқоҳир Абдурасулович аз аввалин мансабдороне шумурда мешавад, ки дар пайравӣ ба Президент Эмомали Раҳмон, соли 2007 ном ва насабшаро тоҷикӣ-миллӣ Қоҳир Расулзода кард.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дорои унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” буда, бо медали ҷашни “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон” сарфароз гардидааст.

Қоҳир Расулзода оиладор аст. Ҳамсари Расулзода Иқболой Нозирова мебошад.  Нахуствазири Тоҷикистон соҳиби ду духтар Меҳрангез ва Фарангиз ва як писар Абдурасул аст

Меҳрангез дар озодагиву пухтупаз ҳамто надорад, ба иборае хонаи ӯро бемуболиға ҷойи ҷарроҳӣ метавон истифода кард. Фарангис бошад, забоншиносу тароҳи муд аст.

86
Барчаспҳо:
таҷлил, сарвазир, Тоҷикистон, зодрӯз, Қоҳир Расулзода
Флагшток в Душанбе. Архивное фото

Таъсиси Палатаи савдои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

74
(Таҷдидшуда 00:23 08.03.2021)
Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ҳамчун Палатаи савдои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст. 

Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд. 

Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард. 

Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам    муттаҳид мекунад.

Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст. 

Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.

74
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, Осиёи Марказӣ, палата, савдо, Палатаи савдои Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мардҳо ғамгину занҳо дар интизори гул Боку дар арафаи ҷашни 8 март

0
(Таҷдидшуда 10:04 08.03.2021)
Мардҳо дар Озарбойҷон ба занҳои худ дар ҷашни 8 март чӣ туҳфа мекунанд? Sputnik Озарбойҷон дақиқи кард, ки мардон ба занони худ чӣ гуна тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Муфассалтар дар навор тамошо кунед

Тиҷорати гул дар 8 март дар авҷ аст.

Дар ин рӯзҳо нархи гулҳо ба осмон мерасанд. Дар ин рӯз ҳар як мард мехоҳад гулдастаи беҳтаринро интихоб кунад. Ҳамин тавр, дар ин рӯзҳо арзиши як лола ба 5 (3 доллар) манат ва садбарг ба 6 (3,5 доллар)манат мерасад. Ҳамин тариқ, арзиши миёнаи як даста гули хоксорона тақрибан 25-30 манат (наздик ба 18 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, нархномаҳо танҳо табъи мардонро хира мекунанд, дар ҳоле ки занон ба иди дӯстдоштаи худ омодагӣ мегиранд. Тавре ки маълум шуд, занон дар ин рӯз интизори тӯҳфаҳо ҳастанд. Онҳо интизори як даста гул ё атр мебошанд. Дар баробари ин, худи занҳо барои оила ва дӯстон тӯҳфаҳо омода мекунанд.

Дар ин рӯзҳо мардон кушиш мекунанд занон, модарон ва хоҳарони худро бо як даста гул табрик намоянд. Мисли ҳамеша, мардон дар ин рӯз то лаҳзаи охир пушти хариди тӯҳфаҳо мераванд.

0
Барчаспҳо:
мард, тӯҳфа, занон, дақиқ, туҳфа, Озарбойҷон