ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Зувайдзода Маҳмадсаид, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ба наздикӣ аз чаҳор биное, ки ширкати "Комил - 2010" месозад, се бино мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ширкати сохтмонии "Комил - 2010" ба Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон марбут аст.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамзамон зикр кард, ки иҷозатномаи ширкати "Комил-2010" танҳо пас аз анҷоми биноҳои сохташуда бозпас хонда мешавад.
Муовини Бег Сабур ваъда дод: барои баланд бардоштани суръати интернет чораҳо меандешем
"Мардум пул додаанд. Мо иҷозатномаро мегирем, аммо мардум пас чи кор кунанд. Хонаҳоро супоридан даркор", - гуфт Зувайдзода Маҳмадсаид.
Вай илова кард, ки дар биное, ки Бег Сабур дар назди Зарафшон сохтааст ҳашт сол аст, ки мардум санад надоранд.
Зувайдзода зикр кард, ки пас аз ба истифода додани се биное, ки аз ҷониби ширкати “Комил-2010” сохта шудааст, ҳамаги як иншооти нотамоми ин ширкат, ки дар назди бемористони инфексионӣ қарор дорад, боқӣ мемонад. Вай афзуд, ки мушкили ин бинои чаҳорум ҳам ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзноманигорон хоҳиш кард, Бег Сабурро бисёр ҷанг накунанд.
“Бисёр ҷангаш накунед, бисёр фаъол шудаст Бег Сабур. Ҳамин се бинои сохтаашро супорад, сипас аз паси бинои охираш мешавем, ки камбудиҳои зиёде дорад”, - гуфт Зувайдзода.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи меъморӣ қайд кард, ҳамин ки Ширкати "Комил-2010" сохтмони биноҳоро комилан тамом кард, иҷозатномаи ширкат бозхонд мешавад.
Инчунин вай афзуд, ки дар шаҳри Душанбе Ширкати "Комил-2010" ва "Ниагара", ки ба Бег Сабур тааллуқ доранд ба рӯйхати сиёҳ дохил шудаанд. Вай зикр кард, ки дигар дар шаҳри Душанбе ба ширкатҳои Бек Сабур барои сохтмони иншоот иҷозат нахоҳанд дод.
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-сола муроҷиат кардааст.
Қазия аз моҳи феврали соли 2020, оғоз шудааст, замоне, ки мард зани 58-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дар дорухонаи "Осон-фарм" ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул намудааст.
Дар муроҷиатномаи ин мард омадааст, ки номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 6 моҳи кориаш маводи дорувории фурӯхтаашро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба манфиати худаш сарф намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад.
Ба қавли ин мард то ҳол зан маблағро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят дорад, ки соли 2019 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Мард қарз доду чанде пас фавтид: қазияи бозпас гирифтани 200 ҳазор доллар то пулис рафт
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Ожонси обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то рӯзи 9 март ҳавои Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд.
Гуфта мешуд, аз сабаби баланд шудани дамои ҳаво ва бориши эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад.
Илова бар ин сатҳи оби рӯдхонаву дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ ва Ёхсӯ мерезанд, боло меравад.
Дар ин робита, КҲФ аз ҳарвандон ва меҳмонон даъват мекунад, ки аз сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар зироатҳои дар минтақаҳои кӯҳӣ парваришёфта худдорӣ кунанд.
Кумита ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки дар селроҳаву нишебиҳо ва минтақаҳои тармарезу сангрез молчаронӣ накунанд.
Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода инчунин аз аҳолӣ ва хадамоти коммуналии кишвар хоҳиш мекунад, ки бори дигар тамоми ҷӯйбору каналҳои минтақа ва назди хонаҳояшонро тоза кунанд.
Ҳамчунин кумита аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳое, ки эҳтимоли хатар зиёд аст, ба минтақаҳои тармахез нараванд ва агар сафари зарурӣ доранд, пас хеле эҳтиёткор бошанд.
Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.
Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.
Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.
Соли 2013 маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.
Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри Коломбо дастаи футболи ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.
Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.
Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.
Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.
Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.
Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.
Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.
Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).
Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.