Строительство аквапарка в Варзобе

Ба сокинони деҳаҳои Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки хонаҳои 2 ва 3-ошёна созанд

818
(Таҷдидшуда 13:46 07.02.2021)
Ба сокинони деҳоти Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки хонаҳои 2 ва 3 ошёна бисозанд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Зубайдзода зимни як нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, дар ин бора фармони ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2018 мавҷуд аст, ки дар он ба сокинон тавсия дода мешавад, хонаҳои ду ё сеошёна бисозанд.

Ба иттилои манбаъ, чунин тавсия бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва норасоии замин дар кишвар дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин тавсия нисбати шахсоне татбиқ хоҳад шуд, ки биноҳои нави истиқоматӣ месозанд. Лоиҳаи чунин хонаҳо таҳия ва ба ноҳияҳо ройгон дода шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, аз 65 шаҳру ноҳия нақшаи генералии 64-тои онро тасдиқ кардаанд. Бар асоси ин нақшаҳои генералӣ, дар марказҳои вилоятӣ ва шаҳрҳо сохтани биноҳои истиқоматӣ ва дигар объектҳои камтар аз 5 ошёна манъ аст. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия таҳия ва тарҳрезӣ шудаанд.

"Ба анҷом расонидани таҳияи нақшаи генералии минтақаи Данғара боқӣ мондааст. Ин кор дар ояндаи наздик ба итмом мерасад ва барои омӯзиш ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад", - қайд кард Зубайдзода.

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ: Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷо ба ҷо кард

Қаблан хабар дода мешуд, ки тақрибан 70% аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Соли 2020 дар кишвар 1 миллиону 383,9 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

818
Барчаспҳо:
сохтмон, сокинон, тавсия, Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон

Боздошти силоҳфурӯш дар Душанбе: муштариёни ӯ ноболиғон ҳастанд

0
Эмомов иқрор шудаст, ки ашёи мазкурро ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯш мегузорад ва муштариёни ӯ асосан ноболиғон ҳастанд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Кормандони РВУД дар шаҳри Душанбе ҷавонеро боздошт намуданд, ки ғайриқонунӣ ба фурӯши силоҳи сард машғул будааст.

Ба иттилои котиботи раёсати мазкур, боздоштшуда Эмомов Алиакбари 26 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад ва зимни баргузор кардан амалиёти "Корд" аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.

Номбурда, дар кӯчаи Убайди Зоконии пойтахт бар хилофи талаботи қонунгузорӣ фурӯши ашёи таркибан силоҳмонандро ба роҳ мондааст.

Манбаъ меафзояд, зимни азназаргузаронии фурӯшгоҳи Эмомов, зиёда аз 30 адад чунин ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан, Алиакбар иқрор шудаст, ки  силоҳро танҳо ба хотири ба даст овардани даромад ба фурӯш гузоштааст. Ӯ таъйид намуд, ки харидорони асосии ӯ ноболиғон ҳастанд.

"Ҷовонону ноболиғон ин қабил ашёро на ба хотири истифодаи хоҷагӣ, балки бо мақсади бо худ нигоҳ доштану тарс додани рақибони худ мехаранд, ки оқибати фалокатбори он ба ҳамагон маълум аст", - таъкид мешавад дар хабар.

Мусодираи силоҳи оташфишон аз сокини Турсунзода: "барои ҳимояи оилаам харидам"- навор

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд,нисбати Эмомов санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуд.

0
Барчаспҳо:
силоҳ, фурӯшанда, боздошт, Душанбе
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон имзо кард: стипендия донишҷӯ, магистр ва аспиранту докторантҳо 30% зиёд мешавад

4
(Таҷдидшуда 10:39 25.02.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар фармони боло бурдани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии кишварро имзо гузошт

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён чунин фармон судур шуда, ҳамзамон бар асоси он стипендияи магистр, аспиранту докторантҳо низ боло хоҳад рафт.

Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Бар асоси фармони раисиҷумҳур, аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Аммо гуфта мешавад, ки ин ба стипендияи президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД дахл надорад.

Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул гаштааст, ки ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

4
Барчаспҳо:
донишҷӯ, стипендия, фармон, Раҳмон