Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ

Вазири кишоварзӣ: мардуми Тоҷикистон захираи беш аз дусола доранд

1477
(Таҷдидшуда 17:23 09.02.2021)
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода мегӯяд, тамоми мардуми Тоҷикистон захираи дусола ва бархеҳо аз он бештарро доранд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сулаймон Зиёзода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии коронавирус тавонист бозори дохилии худро фаровон нигоҳ дорад.

Ба гуфти вазир, дар давраи ҳамагирии коронавирус, ки ҳамаи давлатҳо марзҳои худро бастанд, бозори Тоҷикистон бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин буду ҳаст. Зиёзода мегӯяд, ба вазниниҳои соли 2020 нигоҳ накарда, кишоварзони кишавр меҳнати пурсамар доштанд ва фаровонии бозорҳо имрӯз аз он шаҳодат медиҳад.

"Ғайр аз апелсину мандарину банан, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, дигар ҳамааш аз ангур сар карда то себу нок - истеҳсоли худи Тоҷикистон аст", - гуфт вазир.

Ӯ афзуд, ки дирӯз аз бозорҳо ва мағозаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боздид кардааст ва он ҷо ҳам фаровонии маҳсулотро мушоҳида кардааст.

"Картошка, сабзӣ, пиёз - ҳамааш тал задагӣ ҳаст. Ман фикр мекунам, ки имрӯз тамоми мардуми кишавр аз ҷумла 70 дарсади тоҷикистониҳо, ки дар деҳотҷойҳо ба сар мебаранд, захираи кофӣ, баъзе оилаҳо ҳатто аз ду сол бештар захира доранд", - гуфт вазир.

Ба гуфти вазир танҳо мардуми шаҳр захира камтар доранд, вале онҳо ҳам то се моҳ чор моҳ захираи картошка, пиёз ва сабзиро доранд.

Вазир мегӯяд барои захираи маҳсулоти донагӣ дар Тоҷикистон имконот бештар аст.

Аз 255 то 260 сомонӣ: арзиши орд дар Тоҷикистон боз қимат шуд

"Мо 60 ноҳияҳои кишоварзӣ дорем ва ҳамин ноҳияҳо имкони захираи донагӣ аз ҷумла - шолӣ ва гандумро доранд", - гуфт вазир.

Бино ба иттилои вазир соли 2020 дар Тоҷикистон 1 миллиону 517 ҳазор тонна ғаллагӣ ҳосил шудааст.  Аз ин ҳисоб 864 тонна гандум истеҳсол шудааст, ки воридоти онро дар қиёс бо соли 2019 - 92 ҳазор тонна камтар кард.

Ин дар ҳолест, ки масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон ба андозаи 19,1% ва орд - 4,8% зиёд шуд.

1477
Барчаспҳо:
Сулаймон Зиёзода, Вазорати кишоварзӣ, соҳаи кишоварзӣ, кишоварзӣ, вазир
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

340
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

340
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон

Дар Исфара яхдони "гармӣ" пайдо шуд - навор

350
"Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!" , навишта шудааст дар шишаи он, ки Яхдони меҳрубонӣ ном дорад

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Дар Исфара яхдоне пайдо шуд, ки дилҳоро нарму гарм мекунад, хабар медиҳанд шоирона расонаҳои маҳаллӣ.

Бино бар иттилои манобеъ, гап дар бораи "Яхдони меҳрубонӣ" меравад, ки барои ниёзмандон ташкил шудааст.

"Яхдони меҳрубонӣ" дар маркази шаҳри Исфара ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат  гузошта шудааст.

Аз он ҳамарӯза нафарони ниёзманд метавонанд ба таври ройгон маводи озуқа дастрас намоянд.

Ин амали нек аз ҷониби кормандони филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара роҳандозӣ гардидаву яхдони мазкур маҳз дар пешорӯи ҳамин ташкилот гузошта шудааст.

Дар рӯи яхдони меҳрубонӣ, ки дохилаш пур аз анвои гуногуни маводи озуқа мебошад, навишта шудааст, ки "Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!"

Сарвари филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди "ИМОН Интернешнл" дар шаҳри Исфара Абдуваққос Фаёзов мегӯяд, ки яхдон  аз ҳисоби ташкилот ва кормандони он бо маводи хӯрока пур карда мешавад.

Лекин нафарони дигари хайрхоҳу саховатманд низ метавонанд дар доираи қудрат ва тавон бидуни ҳеҷ як мушкилӣ тавассути ин яхдон ба ашхоси ниёзманд кумаки амалӣ расонанд.

Нони бепул ба ниёзмандон: иқдоми рамазонии "Амид" дар Хуҷанд

Дар "ИМОН Интернешнл", умед бар он доранд, ки "Яхдони меҳрубонӣ" дили афроди дороро нисбат ба мушкилоти ниёзмандон нарму қалби нафарони камбизоатро ба зиндагӣ гарм месозад.

350