ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон зимни нишасти хабарӣ гуфт, идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар назди Ширкати "Барқи Тоҷик" 287,2 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.
Аз ин миён, 77,2 млн сомонии онро қарзи соли 2020 ташкил медиҳад.
Ҷазои қариб 300 мансабдор: мақомдорони кадом ниҳодҳо заминфурӯшӣ кардаанд?
Сабабҳои асосии пайдоиш ва болоравии қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар назди Ширкати "Барқи Тоҷик"-ро мавсуф ба паст будани тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ ва пайваста баланд гардидани тарифҳои неруи барқ рабт дод.
"Ҳоло Агентии беҳдошти замин ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба танзим ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати устувор намудани фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда истодааст",- гуфт Холмурод Раҳмон.
Ба зикри ӯ, имрӯз дар кишвар 339 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият намуда, ба 379 ҳазор гектар ё ин ки тақрибан 50 фоизи заминҳои обёрии ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, тамдиди иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" санаи аз 26 феврали соли равон тасдиқ ёфтааст.
"Бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии миллии "Корти миллӣ" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд", - таъкид доштааст Бонки милӣ.
Гуфта шудааст, ки мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шуда буд, беэътибор дониста шудааст.
Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ Идораи низоми пардохтро вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти зерин сабти дахлдорро ворид намояд.
Инчунин бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии "Вестерн Юнион" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҳамчунин роҳбарияти Бонк, Идораи низоми пардохтро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ вазифадор намудааст.
ДУШАНБЕ, 2 мар- Sputnik. Владимир Жириновский гуфт, ки сиёсатмадорони кишварҳои ҳамсуд метавонанд тадриҷан як чизе қудратмандтар аз ИДМ бисозанд.
Ӯ дар суҳбат бо радиои "говорит Москва" таъкид дошт, ки муносибатҳои Русия ва Беларус ҳоло дар шакли кишвари шарик нигоҳ дошта мешаванд.
Сиёсатмадор илова кард, ки ҳамин гуна шакл метавон ба Қирғизистон ва Тоҷикистон низ пешниҳод кард.
Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд
"Беҳтарин роҳи ҳалли ҳама масъалаҳо, таъмини амнияти комил ва рушди иқтисод - ин дохил шудани 14 ҷумҳурии собиқи иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси вилоят ба ҳайати Русия мебошад: вилояти Душанбе, вилояти Бишкек, вилояти Ереван, вилояти Рига, вилояти Житомир, вилояти Киев ва ғайра", - гуфт Жириновский.
Сиёсатмадор инчунин дар суҳбаташ афзуд, ки 20 сол пеш Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус ба гуфтаҳои ӯ розӣ будааст ва Лукошенко он замон гуфта будааст, ки Беларус омода аст ба ҳайати Русия шомил шавад.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".
Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.
Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.
“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021
Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.